Як рӯз номи ёди ту мемонад
Дидам, ки моҳ дар гузари бод
Хуноби ашки равшани худро
Як қатра мемакид, ки медонист,
Фардо раҳини миннати хуршед аст.
* * *
Дар ман ҳузури туст, ки ҷорист,
Эй кош, ҳамчунон
Дар чашмҳои хуби ту боре
Ман низ моҳи охири шаб будам.
Copyright © 2017. All rights Reserved