ДАР БОТЛОҚИ ИШҚ
Мегуфтамат, ки охирам аз роҳ мекашӣ,
Аз роҳ мекашӣ, ба лаби чоҳ мекашӣ.
Дар ботлоқи ишқ маро парт мекунӣ,
Дар ботлоқ то ба гулӯгоҳ мекашӣ.
Як лаҳза ҷонкании маро ханда мекунӣ,
Як лаҳза низ марги маро оҳ мекашӣ.
Як шаб ба хоб низ, ки дидам, маро ба об,
Сӯи даҳони гушнаи тимсоҳ мекашӣ.
Copyright © 2017. All rights Reserved