• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

БАРДОШТИ ТОЗА АЗ РОҲИ АБРЕШИМ

 

Соли 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Намоиши байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи Абрешим» бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида буд.

Идомаи: БАРДОШТИ ТОЗА АЗ РОҲИ АБРЕШИМ

ҲАМОВОИ «ГУЛШАН»

 

 

Хуш омадед ба меҳмонхонаи «Адабиёт ва Санъат», хонандагон муштоқи суҳбати самимонаи шумоанд. Иҷозат диҳед, суҳбатамонро бо ин суол шурўъ кунем: Дар ҳамбастагӣ бо овозхонӣ аз даврони кўдакиатон чӣ хотираҳо доред?

-Падарам бештар сурудҳои Маъруфхўҷа Баҳодуровро дўст медоштанд ва дар хатнасури ману бародарам ўро даъват намуда буданд. Бародарам Музаффар Неъматов низ аз наврасӣ бо рубобу тор суруд мехонд. Ҳангоми дар Донишкадаи политехникӣ таҳсил карданаш дар ҷашнҳо месароид ва ман аккордиону мандалина менавохтам. Устоди аввалини ман ў мебошад. Модарам аз китобҳои ниёгонамон панду насиҳатҳо мехонданду мо гўш мекардем.

Овози форам доштанд. Оҳиста-оҳиста ман ба маҳфили  рубобнавозӣ мерафтагӣ шудам. Муҳаммадалӣ Холиқов, устоди мо сохтан ва навохтани асбобҳои мусиқии миллиро меомўзониданд. Ансамбл ҳам ташкил карда буданд. То дохилшавӣ ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон курси яксолаи аккордионнавозиро хатм кардам. Зиёда аз ду сол бо устод Абдулло Назрӣ, фарзандашон Исмоил Назрӣ ва Маҳкам Зубайдуллоев дар тўйҳо ва дар сабтҳои радиоӣ ҳамовоз мешудам. Дар имтиҳони қабули донишкада бо аккордион оҳанги худро навохта,  суруди «Ҷавонӣ»-ро, ки матнаш аз зиндаёд Ғоиб Сафарзода аст, хондам.

Баъдтар ин суруд, суруди «Дар куҷоӣ, дилбарам» ва чанд суруди дигарро дар радиостансияи «Ҷавонӣ», ки дар телевизиони Тоҷикистон воқеъ гардида буд, сабт кардам. Сурудҳо ба зудӣ машҳур шуданд.

 

Яке аз шахсиятҳое, ки барои рушди санъати мусиқиву овозхонии эстрадии мо саҳми беандоза доранд, устод Орифшоҳ Орифов ҳастанд. Дар рушди ҳунари шумо ҳам он кас оё нақш доранд? 

- Пас аз хатми донишкада ба ансамбли «Гулшан» роҳхат гирифтам. Ҳар моҳ сурудҳоеро, ки ба тозагӣ сабт мешуданд, 10-15 нафар узви шўрои бадеӣ - оҳангсозон, муҳаррирон, роҳбарони дастаҳои ҳунарӣ, дирижёрон ҷамъ шуда, гўш мекарданд. Сурудҳое, ки аз шўрои бадеӣ мегузаштанд, дар телевизион пахш мегардиданд. Орифшоҳ Орифов гуфтанд, ки баъди шўрои бадеии навбатӣ сурудҳои туро шунида, баҳо медиҳем. Он вақт аллакай бо навозандагони беҳтарини донишкада ансамбл ташкил карда будам. Онҳоро овардам. Дар як толори калон ду-се суруд хондам. Пагоҳ омада, хабари аз имтиҳон гузаштанамро фаҳмидам, ки дар ин комёбӣ аввалин дастгирии устод Орифшоҳ Орифов буд. Он вақт Орифшоҳ Орифов ҳам роҳбари «Гулшан» буданд, ҳам директори дастаҳои ҳунарӣ. Ба ман вобаста ба сурудҳо ҳаракатҳои саҳнавиро омўзонданд. Баъд Зокир Нишонов аввалин сурудамро дар оркестри «Гулшан» аранжировка кард, ки дар мавзўи Ватан буду матнаш аз Шоири халқии Тоҷикистон Раҳмат Назрӣ:

 

Бе ту ман бе ошёнам, эй Ватан,

Бе ту ман бе ҷисму ҷонам, эй

Ватан.

Шукри он, ки бо маниву дар туам,

Бо ту бошам, як ҷаҳонам, эй Ватан.

 

Баҳодур Неъматовро бе «Гулшан» ва «Гулшан»-ро бе Баҳодур Неъматов тасаввур кардан имконнопазир аст. Дар оркестри эстрадии «Гулшан» дар солҳое, ки шумо фаъолият мекардед, бештар ҳунарпешаҳои ҳирфаӣ буданд. Баҳодур Неъматов барои «Гулшан» чӣ дод ва «Гулшан» барои Баҳодур Неъматов чӣ дод?

- «Гулшан» ба ман, пеш аз ҳама, заҳматкаширо дар ҷодаи эҷод омўхт. Аз устодони дигар низ ба монанди Юрий Лядов, Юрий Пулатов, Ҳамза Ахмеров, Аҳмад Бақоев, Владимир Берзиния, режисёри овоз Владимир Шликов ва дигарон дастгирии бисёр дидам. Дар сафарҳои ҳунарӣ, дар назди мардум зиёд ҳунарнамоӣ кардем. Дар Даҳаи адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар Ўзбекистон иштирок доштем. Даврони шўравӣ, ки буд, ба Маскав, ба телевизиони марказӣ зуд - зуд моро даъват мекарданд. Ба барномаҳои «Шире круг», «Спойте, друзья» даъват шуда будам. Дар студияи консертии Останкино барномаи консертии оркестри «Гулшан»-ро нишон додем. Чор маротиба ба Афғонистон сафар кардем. Бо ансамбли рақсии «Зебо» ба Ҷопон сафари ҳунарӣ доштем. Дар фестивали «Гулҳо»-и Кореяи Шимолӣ ширкат варзидам. Дар «Гулшан» бо роҳбарии Орифшоҳ Орифов ва роҳбари мусиқӣ Юрий Пулатов беҳтарин навозандаҳо ҷамъ шуда буданд. Ҳар моҳ консерти нави оркестри «Гулшан»-ро дар телевизион сабт мекарданд, ки як барнома танҳо як бор такроран пахш мешуд.

Мо - Тоҷиддин Муҳиддинов, Муқаддас Набиева, Раҳима Шалоер, Мағфират Ҳамроқулова, Умар Зиёев, Хурмо Ширинова ва дигарон аз ҳам меомўхтем, аммо ҳар яки мо равияи хоси худро доштему якдигарро пурра мекардем. Кароматуллоҳи Қурбон, Исматулло Холиқов, Кимиё Ҷўраева ва Дилором Қурбонова баъдтар ба оркестри эстрадии «Гулшан» омаданд. Баъд аз истиқлолият ба оркестр Ҳотами Равшан, Зиёда Қадамова ва дигарон пайвастанд.

 

Яке аз сурудҳое, ки аз ҳама бештар садо додааст, «Шаб ба хайр» мебошад ва шиносномаи Баҳодур Неъматов асосан ин суруд  ба шумор меравад. Чӣ водор кард, ки ба ҳамин шеъри устод Лоиқ рў оваред?

Дар оғози фаъолияти эҷодӣ аз маҷмўаи ашъори «Хоки Ватан»-и устод Лоиқ шеърҳои «Шаб ба хайр», «То дил накунад дард, надонӣ, ки дилат ҳаст», «Боз ошиқ шаваму зиндагӣ аз сар гирам», «Падарам, рафтӣ чу ту бар дили хок», «Дастҳое, ки фишурдам, ёд бод» ва ғайраҳоро барои оҳанг интихоб кардам. «Шаб ба хайр», ки аз ҳар ҷиҳат ба оҳанг мувофиқ омад ва барои ҳар шаб даркор аст, ба ҳукми суруди анъанавӣ даромад. Оҳанги ин суруд соли 1975 эҷод гардид ва имсол 45-сола шуд. Барои санги мазори падарам низ аз ҳамон китоб шеър интихоб кардам:

 

Падарам, рафтӣ чу ту бар дили хок,

Дар дили ман ғаму андўҳи ту монд.

Чашмат аз гўр ба сўям нигарон,

Дар сурудам шабаҳи рўҳи ту монд…

 

Устод Лоиқ аз сурудҳои шумо чӣ гуна истиқбол карданд?

- Дар тўйи яке аз фарзандони нависандаи маҳбуб Фазлиддин Муҳаммадиев иштирок доштем. Бештари шоирону нависандагон он ҷо буданд. Дар охири тўй вақте аз назди мо мегузаштанд, баъд аз аҳволпурсӣ устод Лоиқ гуфтанд:

- Офарин, нағз! Ҳеҷ вақт шеърҳои сустро нахон, доимо шеърҳои баландро хон!

 

Дар ҷараёни чунин вохўриҳо устод Лоиқ ин ё он шеърашонро барои ба оҳанг даровардан ба шумо пешниҳод мекарданд?

- Не! Тамоми шеърҳояшонро аз китобҳояшон худам интихоб кардаам.

 

Шумо ба ҳайси роҳбар дар оркестри «Гулшан» кор кардед. Барои чӣ имрўз фаъолияти ин оркестр ба таври бояду шояд нест?

- Сурудҳои дастаҷамъона, дуэтҳо бо аъзои оркестр кам ба роҳ монда мешавад. Матнҳои сустро интихоб мекунанд. Чӣ қадар овозхонҳову навозандагони касбӣ ба оркестр омада, имкони кор кардан наёфта, рафтанд. Оркестри эстрадии «Гулшан» имрўз фақат ба номи пешинааш вуҷуд дораду халос. Дар «Гулшан» бо дастгирии Иттиҳодияи давлатии гурўҳҳои эҷодию консертии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама шароит барои машқ, сабти оҳангу суруд муҳайё карда шудааст. Аммо ҳунарпешаҳои ансамбл дар дигар студияҳо сурудҳои худро монанди овозхонҳои ҳаваскор сабт мекунанд. Дар он ҷо шароит ҳаст, ки аввал танзимгар оҳангро танзим карда, ба нота дарорад, оркестр машқ карда, онро сабт кунад ва баъди сабти мусиқӣ овози овозхон сабт гардад. Аммо чунин низом вайрон шудааст. Дилҳои мо, ки собиқадорони «Гулшан» ҳастем, барои ҳолати ҳозираи ин оркестр месўзад. Ҳатто мардум мепурсанд, ки имрўз оркестри «Гулшан» фаъолият дорад ё не. Мо ҳамин қадар медонем, ки мавҷуд аст. 

 

Аз устод Маъруфхўҷа Баҳодуров чӣ хотира доред?

 - Соли 1993 вақте фарзандонам  Муҳаммадҷон ва Баҳоваддинро хатнасур кардам, Маъруфхўҷа Баҳодуровро аз Хуҷанд даъват карда овардам, ки дар хатнасури худам хизмат карда буданд. Аз ҳамон сол робитаи мо бо устод оғоз ёфт. Аз он кас нозукиҳои шашмақом хондан ва навохтани танбўрро бештар омўхтам. Мавсуф ҳам дар деҳаи Рўмон ва ҳам дар маркази шаҳри Хуҷанд манзил доштанд. Шабҳои дароз суҳбат мекардему суруд мехондем. Устод ҳам пайваста ба хонаи мо меомаданд.

 

Хонаи эҷодиатон осорхонаи созҳои мусиқиро мемонад. Ин асбобҳои нодирро аз куҷоҳо дастрас кардаед?

- Аз аввал аккордиону тор, мандалину рубоб доштам. Ду танбўр ҳадяи устод Маъруфхўҷа Баҳодуров аст, ки худашон сохта буданд. Солҳои 80 аз Авнир Аминов, додари Нериё Аминов, танбўреро, ки Нериё Аминов дар вақташ менавохтааст, арзон харидам. Вақте ў аз Тоҷикистон рафтанӣ шуд, хост, ки бо қимати бештар бозпас гирад, лекин розӣ нашудам. Ин ҷо боз таблҳои ҳиндӣ, доира, таблак, дутор, ғижжак, уд, рубобҳову сетори тоҷикӣ - бадахшонӣ, афғонӣ, соз, гитор, думбра, най, сурнай, сози туркӣ, роял ва дигар асбобҳо ҳастанд. Маро устод Орифшоҳ Орифов ба хонаи падарарўсашон Абдулҳақ Қаҳҳоров гоҳ-гоҳ мебурданд. Ҳамсари Абдулҳақ Қаҳҳоров, ки Наима Қаҳҳорова духтари онҳост, танбўри шавҳарашонро ба ман туҳфа карданд. 

Дар давраи Тоҷикистони шўравӣ Бобоҷон Ғафуров аз Бухоро усто Тоҳирро даъват мекунанд. Ў ҳам асбоби мусиқӣ месохт, ҳам дар ин кор шогирд тарбия мекард. Яке аз шогирдонаш падари Малика Собирова буд. Назди бозори Шоҳмансур устохона дошт. Шогирди дигараш Муҳаммадалӣ Холиқов буд, ки тавре зикр кардам, дар назди ў навохтани асбобҳои мусиқиро машқ мекардем. Ҳозир  шогирдони ин ду нафар дар Душанбе кор карда истодаанд. Танбўри Нериё Аминов ва Абдулҳақ Қаҳҳоровро ҳам усто Тоҳир сохтааст. Ин ду танбўр, ки ҳоло дар дасти мананд, нодир мебошанд.

 

Дар бораи сурудхонӣ бо бародаронатон ва фарзандон чӣ мегўед?

- Бо бародарам Музаффар Неъматов, ки меъмор буданд ва бародари хурдиам, овозхон ва мутриб – Бурҳон Неъматов, равонашон шод бод, се суруд сабт намудем, ду суруд ба ашъори устод Рўдакӣ ва як суруд ба ғазали ҷалолиддини Балхӣ.  Хусусан, суруди «Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт» дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бисёр таъсирбахш буд. Баъд суруди «Бўйи ҷўйи Мўлиён ояд ҳаме»-ро сабт намудем, ки ин ҳам бисёр суруди форам баромад. 

Бо фарзандон – Муҳаммадҷон ва Баҳоваддин чандин суруди сегона сароидем, ки аранжировкаи ин сурудҳоро Баҳоваддин кардааст. Ва умуман сурудҳои маро ў ҳамеша танзим мекунад.

 

 Барои чунин суҳбати гарму хотирмон аз шумо сипосгузорем ва дар корҳои эҷодиатон комёбиҳои нав ба нав орзумандем!

- Саломат бошед!

Бузургмеҳри Тоҷиддин

 

 

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАФАККУРИ МИЛЛӢ

 

Таҳти ин унвон дар нашриёти «Аврангпринт» бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияи Масчоҳ ва рўзномаи «Нигоҳи халқ» ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоби нав ба табъ расид.

«Пешвои миллат ва тафаккури миллӣ» маҷмўаи мақолаҳои олимони ҷавон, номзади илмҳои филологӣ Шариф Шарифов, номзади илмҳои кишоварзӣ Абдуаҳад Шарифов ва номзади илмҳои филологӣ Маҳина Калонова буда, дар он муҳимтарин масоили марбут ба нақши беназиру пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлатдории миллӣ, аз ҷумла омилҳои эътимоди Пешвои миллат ба ҷавонон дар рушди ҷомеа ва идоракунии давлатӣ, Пешвои миллат ва рушди забони тоҷикӣ, нақши асари «Чеҳраҳои мондагор» дар ташаккули фарҳанги худшиносии ҷавонон, таҷассуми симои Пешвои миллат ҳамчун таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ дар эҷодиёти адибони ҷавон, хусусиятҳои хоси суханрониҳои Пешвои миллат дар созмонҳои байналмилалӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд.

Раиси ноҳияи Масчоҳ Тоҳир Азиззода дар пешгуфтори китоб таълифу чопи онро далели ҳамеша дар атрофи сиёсати оқилонаву дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид будани ҷавонон дониста, менигорад, ки рисолаи мазкур навъе ҷавобнома ба пиндорҳои ғаразноки гурўҳе аз нотавонбинонест, ки бо ҳар роҳу баҳона комёбиҳои бузурги давлати ҷавони моро нодида мегиранд.

Нависандаи мутафаккир

 

 

Ба адабиёт ворид шудани устод Саттор Турсун қиссаест шигифтангезу ғайримаъмулӣ. Он вақт донишҷў буду хонандаи одии асарҳои бадеӣ ва ҳанўз касе ўро чун нависанда намешинохт. Рўзе чашмаш иттифоқан ба ҳикояе афтод, ки дар рўзномаи девории донишгоҳ ҷой гирифта буд ва ба қалами донишҷўи навмашқе тааллуқ дошт.

 

Ҳикояро ба диққати тамом хонд ва беибо, бо овози баланд таассуроташро ба забон овард: "Ҳамин ҳам ҳикоя шуд?! Ман агар хоҳам, дар як шаб ба ин монанд чанд ҳикоя менависам". Ў намедонист, ки муаллифи ҳикоя ин лаҳза дар канораш истода ва ҳарфашро шунида буд. - Агар ҳикоянависӣ ба ту ин қадар осон бошад, бинавис, ку бубинем чӣ хел менависӣ,- бо димоғи сўхта ба Саттор Турсун рў овард соҳиби ҳикоя.

Ҳарду ба баҳсу бигўмагў пардохтанд ва Саттор Турсун бо қатъият ваъда дод, ки худи пагоҳ ҳикояро навишта меорад. Дар давоми як шаб Саттор Турсуни бетаҷриба ва комилан навкор барои он ки назди он нависандаи ҷавон мулзаму забонкўтоҳ нашавад, ҳама зарфияту қобилияташро ба харҷ дода, ҳикояе навишт. Бо ҳамин ҳикояи нахустини навқаламона аз майдони баҳс пирўз берун омад ва аз ҳама аҷибаш ин ки ҳикоя ба дасти устодони наср расиду баъди муддате дар саҳифаи матбуот нашр шуд ва қисмати Саттор Турсунро абадан ба адабиёт пайваст.

Дақиқтар аст, агар бигўем, ки он рухдоди ғайричашмдошт омили таконбахше буд барои забона задани шуълаи истеъдоди нуҳуфта дар сиришти нависанда. Ва ин шуъла рўз аз рўз бештар аланга мезад ва ба атроф гармиву равшанӣ мебахшид. 

Ҳамон ҳикояи кўчаки нахустин боис шуд, ки устод ба доираҳои адабӣ роҳ ёбад ва бо нухбагони адаб иртибот пайдо намояд. Ў аз ҷавонтарин касоне буд, ки дар маҷаллаи "Садои Шарқ" дастбакор буданд ва дар оғози роҳ бо устодону дўстоне рў ба рў шуд, ки дар ҳама ҳолат пуштибонияш мекарданд.

Дар ин мактаби бузург устод Саттор Турсун аз дунболи бузургон роҳ мепўид ва аз онҳо сабақи инсониву эҷодӣ мегирифт. Тавре худи адиб дар суҳбатҳо иброз медошт, дар оғози роҳи пурпечу хами эҷод се шахсияти номвари замон - устодон Мирзо Турсунзода, Фазлиддин Муҳаммадиев ва Убайд Раҷаб, ки он солҳо сардабири "Садои Шарқ" буд, падаронаву муршидона сўи ў дасти инояту меҳрубонӣ дароз мекарданд ва дарси садоқату одамият медоданд. 

Ҳамин мактаби бузурги адабиву инсонӣ ба шахсият ва осори устод Саттор Турсун таъсири зиёд гузошт ва ўро ба асолати ҳунару рисолати эҷодгарӣ ошно намуд…

Имрўзҳо вақте ки устод Саттор Турсунро бо ҳамон шаҳомату сару либоси ҳамеша мураттабу фохир, бо ҳамон ҷиддияту тамкини барозанда дар хиёбонҳои Душанбе мебинам, беихтиёр пеши назарам симои устодони бузурги адабиёт, ҳамонҳое, ки дар боло зикр шуданд, муҷассам мешаванд. Ба хаёлам, аз ниҳоду бунёди Саттор Турсун ҳамон рўшноиву гармии устодони адабиёт буруз мекунад ва ҳама атрофро фаро мегирад.

Ҳузури гарми ў муҳиту фазоро комилан тағйир медиҳад, ҷиддият дар як они воҳид дар ҳама ҷо ҳукмрон мегардад, чашмҳо ғайриихтиёр ба сўяш хира мешаванд ва ҳама ба суханони ҳамеша таҳдору пурбори ў гўш фаро медиҳанд.  Суҳбати адиб ҳамеша ғайриқолабиву ғайричашмдошт, муассир ва хеле ҷиддӣ буд ва дар толор оҳанги ҳазлу шўхӣ шунида намешуд ва кас намеёрист, ки ин оромишу тамкин ва ҷиддиятро халалдор созад.

Ба назарам чунин менамуд, ки устод муаллими сахтгиру басиёсат асту аҳли толор донишомўзону таҷрибаандўзон. Ва агар ба дидаи таҳқиқ бингарем, ин ҷиддияту тамкини солоронаро дар асарҳои устод, дар насри бисёр орому батааннии ў ба вузўҳи тамом дармеёбем. Аз рўи мушоҳидаи банда, ҳам дар асарҳо ва  ҳам дар суҳбату мусоҳибаҳояш устод Саттор Турсун ҳамеша дар атрофи сарнавишт, тинату хислати инсон ва расми одамигариву башардўстӣ ҳарф мезанад ва аз хомиву нокомилии фарзанди одам ҳамеша азият мекашад. Ба қуллаи камоли рўҳониву маънавӣ расидани инсоният ормони меҳвариву ҳамешагии ўст. Ман шахсияти устод Саттор Турсунро ҳангоме амиқтар шинохтам, ки рўзе барои анҷом додани мусоҳиба ба хонааш меҳмон шудам. Рўзе буд дилкушову илҳомбахш ва барои суҳбат муносибу хушоянд.

Ман лабараторияи эҷодӣ ё худ устохонаи нависандаи дўстдоштаамро ба диққат мушоҳида кардам. Баргузидатарин осори нависандагони ҷаҳонӣ давродаври ҳуҷраи нимаравшанро фаро гирифта буданд. Ва мо рў ба рўи ҳам нишастему хостем суҳбатро шурўъ кунем. Дар ин асно дари хонаро касе нарм кўфт. Устод бархосту дарро кушод ва овози зану мард ба гўшам расид: -Салом, устод. Мо бо мушкиле наздатон омадем. Устод меҳмононро бо рўи кушод ба хона таклиф карду сари миз нишонд. Зани андаке солхўрдаву наҳифандом ба ў арзи муддао кард: - Устод, ин ҷавон писари ман, дар канори шаҳр дўконе дорад. Ду бародари дигараш маъюбанд. Падарашон ҳам бистарист, аз ҷояш хеста наметавонад. Ҳама бори рўзгорамон танҳо ба дўши худаш. Додситони ноҳия мехоҳад ба баҳонаи нодуруст будани ҳуҷҷатҳо аз дўкон ўро маҳрум кунад. Ҳол он ки сохторҳои масъул пеш аз ин ҳуҷҷатҳояшро дуруст медонистанд. Дасту поямон аз замину осмон канда. Намедонем додамонро ба кӣ гўем. Шунидем, ки шумо мушкили чандин корафтодаро ҳал кардаед. Бо умед наздатон омадем.

Устод ба суханони ҳасратомези зан бо диққат ва таҳаммул гўш дода, дилсўзона гуфт: -Ғам нахўред. Агар ҳуҷҷатҳои дўкон дуруст бошанд, илоҷи корро меёбем. Сипас бо нафаре телефонӣ суҳбат карду ба меҳмонон гуфт: - Ман бо як масъули ин сохтор суҳбат кардам. Ваъда дод, ки ёрӣ мерасонад.

Чеҳраи тирафоми пиразан аз ин суханони устод равшан шуд ва миннатдорона гуфт: -Илоҳо барака ёбед, устод, дарду ғама набинед. Меҳмонон рафтанду пеши худ андешидам: "Аҷабо! Чаро ин корафтодагон барои ҳал шудани мушкилашон на ба шахси мансабдору дастдароз, балки ба нависанда муроҷиат карданд? Онҳо ба яқин огоҳанд, ки сухани устод Саттор Турсун вазну таъсири дигар дорад, обрўву мавқеи ў ҳам дар назди давлатмардон ва ҳам мардуми одӣ дигар аст, суханашро касе ба замин намегузорад".

Мо сарриштаи суҳбатамонро ба даст гирифтем ва устод аввал аз ойини футуввату ҷавонмардӣ суханро шурўъ кард ва устод Фазлиддин Муҳаммидиевро ба ёд овард: "Ман шоҳид будам, ки устоди зиндаёд Ф. Муҳаммидиев боре ба як пиру кампири бекасу бенаво аз дилу ҷон дасти ёрӣ дароз карда буд. Вай борҳо пеши одамони ҳукумат рафта, вақташро бисёр сарф карда, гоҳо асабӣ шуда, ба он пиру кампири бекас, тамоман бегона, ки навбаташон расида бошад ҳам, ду-се ҳаромхўр аз вуҷуди адолат чашм мепўшидаанд, хона гирифта дод. Баъди чанд сол, ҳангоме пирамард аз олам гузашт, ҷома пўшидаву миён баста, чун писари баномус маросими дафни ўро муносиб ба ҷо овард. Ҳатто чилашу солашро ҳам гузаронд. Билкул аз ҳисоби худаш. Агарчи марҳум аз зани аввалааш фарзанди дастрас дошт... Саъдии бузургвор беҳуда нагуфтааст:

Дареғаш махур бар ҳалоку талаф,

Ки пеш аз падар мурда беҳ нохалаф!

Аз суханони пурҳарорати устод дарёфтам, ки ў мекўшад дар ҳама ҳол ба ҳамон оини некуву писандидаи устоди хеш содиқ бошад ва барои пирўзии адолат ва таҳаққуқ ёфтани ормонҳои кўтаҳдастон ба қадри тавони хеш ёрмандӣ намояд ва рисолати инсониву эҷодияшро ба ҷой орад. Ў ба қавли худаш "максималист" аст, мехоҳад инсонҳо ҳама нек, олам гулистон ва рўи замин аз олудагиҳо пок бошад. Аз ин рў, виҷдони бедораш ҳамеша дар азоб аст ва мо нидои виҷдони ўро аз асарҳояш мешунавем.

Суҳбати мо вақте ки ба адабиёт вобаста мешуд, устод оҳи амиқе кашида, лаҳзае андешамандона сукут меварзид ва ман аз паси дуди сигори дасташ чашмони маҳзуни ўро медидам: "Асарҳои бақуввати бадеӣ акнун натанҳо дар диёри мо, балки дар дигар кишварҳо низ кам пайдо мешаванд. Барои он ки мардуми олам аксар рў ба чизҳои сабук овардаанд, яқин ҳар навъ созу наво, рақсу бозӣ ва зўр озмуданҳои баҳангомаро авло медонанд. Имрўз марде, масалан, майдон гирифта, каси дигарро зада нимҷон мекунад, ҳатто мекўшад. Ҳазорон нафар ба ҳунари он гарданкаш офарин хонда, ба шўру мағал кафкўбиҳо мекунанд. Ва масъулони сабқат ба вай як миллиону ду миллион доллар ё аз ин ҳам зиёдтар мукофот дода, худ аз ҳисоби мардум ва шартномаҳо ба васоити ахбори омма маблағи ҳангуфт ба даст меоранд. Андеша намекунанд, ки чунин варзиш ба садҳо миллион наврасу ҷавонони ҳанўз нопухта чӣ таъсири бадфарҷом дорад. Муҳиммаш, сарвати бедардимиён ёбанд… Чанд сол қабл дар кадом рўзномаи Русия суҳбати як журналистро бо ҳунарпешаи машҳури амрикоӣ Арнолд Швартсеннегер хонда будам. Вай мегўяд «аз филмҳое, ки ман нақш офаридаам, касе одамигарӣ намеомўзад, баръакс - ҳар қадар тамошо кунад, ҳамон қадар бераҳм мешавад. Намондаам, ки аз онҳо ягонтаашро писаронам бинанд. Вале азбаски ҳаққи заҳмати ман дар ҳар филм якуним-ду миллион доллар аст, ба хотири таъмини зиндагӣ таҳиягар ҳар чӣ фармояд, ба сомон мерасонам. Дар айни замон ҳамеша омодаам ҳатто бе подоши заҳмат нақш офарам, ки ҳақиқатан муассир бошад; дунёи пур аз муҳаббати инсониро тараннум карда, ибратомўзи ҷавонон гардад. Аммо филмбардорони бақувват маро қабул надоранд.

Мегўянд, ту аз ҳунари актёрӣ фарсахҳо дурӣ, ту ҳамагӣ як муштзанӣ»... Устод, дар ҳоле, ки бо дастони андаке ларзонаш сигорро ба хокистардон пахш мекард, лахте хомўш истоду ба нуқтае чашм дўхт ва андешаҳояшро дар ин бобат чунин хулоса кард: "Дар замони муосир ба бинои одамият, ба ташаккули ахлоқи шоистаи ҷавонон, хоса ба рафтору кирдори безарари наврасон се чиз таҳдиди сахт дорад: рақсу сурудҳои ба ном эстрадии фаҳш, филмҳои ҳадафашон зўроварии омехта ба алоқаҳои ҷинсии ваҳшиёна, ниҳоят ҷангҳои беқоида, ки хоҳ-нохоҳ дар вуҷуди кас ғаризаи бераҳмӣ меангезанд".

Масъалаи дигаре, ки нависандаро ҳамеша ба изтироб меораду нигарон мекунад, муҳтоҷӣ ва дасткўтоҳии адибон мебошад, ки дар замони мо зиёд мушоҳида мешавад.

Ў бо ҳасрат гузаштаро ба ёд оварда, аз ҷавонмардони саховатпешае гап мезанад, ки бузургони адабиётро сарпарастиву пуштибонӣ мекарданд: "Ҳоло ба ёдам омад, ки дар Русияи подшоҳӣ Маркс ном як ношир буд.

Охири асри нуздаҳ, ҳангоме бемории Чехов авҷ мегирад ва обу ҳавои канори Баҳри Сиёҳро ягона даво медонад, ин Маркс ба вай дар Ялта хонае харида медиҳад, монанди қаср. Бо боғи калону кулли дигар шароиташ. Ба шарте ки пас аз марг ҳуқуқи чопи осори Чехов ба ихтиёри ношир мегузарад... Адиб гирифтори сили шуш буд. Давои ин дард танҳо солҳои сиюми асри мозӣ, баъд аз ихтирои пенсилин пайдо шуд.

Биное, ки Маркс барои наҷот додани нависанда харид, дар аҳди шўравӣ ҳам яке аз хонаҳои эҷодии адибони мамлакат буд, ҳам манзили истироҳат. Устод Саттор Турсун дар мавриди кори ҳунарӣ ҳамназари Пушкин аст, ки гуфта буд: "Шоир бояд ҳамёни пур дошта бошад ва хотири ҷамъ".

Ба назарам, ҳақталабӣ, ҷўёиву пўёиву кўшоӣ ва муносибати хеле ҷиддии устод Саттор Турсун ба кори ҳунарӣ олитарин намунаи ибрат аст, ба вижа барои адибони ҷавоне, ки ин корро саҳлу сода мепиндоранд. Вақте ки дар суҳбати мо дар бораи чигунагии осори бадеӣ ва ҳунари нависандагӣ сухан мерафт, устод воқеаеро нақл кард, ки ҳаргиз наметавонам фаромўш кунам: "Рўзе ба як дўстам занг задам. Гўширо писари хурдсолаш бардошту гуфт: -Шумо кӣ? Шўхиомез ҷавоб додам: - Ман дев. Вай дарҳол гуфт: -Дурўғ мегўед, дев ба забони тоҷикӣ гап намезанад".  Устод баъди нақли ин воқеаи зоҳиран беаҳаммият гуфт: "Агар жарфтар биандешем, мефаҳмем, ки "Дев ба забони тоҷикӣ гап намезанад", ҳарфи хеле таҳтониву пурмаънист. Яъне забони мо забони фариштагон аст, забони деву дад нест, покизагиро меписандад. Ва боз чанд маънии дигарро аз он метавон дарк кард. Ва ин ҳама ғайричашмдошт аз забони кўдаке садо дод. Асари бадеӣ бояд ҳамин гуна гардишҳои ногаҳониву ғайриинтизор дошта бошад". 

Толиби Луқмон

«ВАҲДАТ, ДАВЛАТ, ПРЕЗИДЕНТ»

Дар арафаи ҷашни 23-солагии Ваҳдати миллӣ ҷилди 32-юми китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» дар нашриёти «Истеъдод» ба табъ расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Асари мазкур аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ва муҳаққиқ Рамазонӣ Давлатов мураттаб гардидааст.

Муаллифи асар нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва аҳаммияти таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро барои минтақа ва ҷомеаи байналмилалӣ  маънидод намудааст.

Инчунин мақолаҳо доир ба мавзўъҳои истиқлолияти энергетикӣ, ифтитоҳи НБО-и «Роғун», Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 5500-солагии Саразми бостонӣ, дурнамои рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ташаббусҳои Сарвари давлати тоҷикон дар масъалаи аҳаммият ва арзиши бебаҳотарин сарвати табиат - об, ки дар арсаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст, аз ҷониби муаллифон мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтаанд.

ГУЛДАСТА АЗ МАЯКОВСКИЙ

 

Маълум аст, ки шоири забардасти рус Владимир Маяковский дар ҳаёти на чандон тўлонияш – 37 сол, ба ду зан дил бастааст: яке Лиля Брик, дигаре Татяна Яковлева. Шоир ба ҳардуяшон шеърҳо бахшидааст. Татяна зодаи Петербург будаасту дар синни 19-солагӣ ба шаҳри Париж кўчидааст ва то охири умр дар он ҷо зистааст. Зиндадил, суҳбаторо, дўстдори каломи бадеъ будааст.

Идомаи: ГУЛДАСТА АЗ МАЯКОВСКИЙ

Ӯ ШОИРОНА ЗИСТ

 

 

 

Хабари андуҳбори даргузашти шоиру мунаққиди номвар устод Муҳаммадалии Аҷамӣ ҷомеаи адабии кишварамонро сахт такон дод. Шоире рахт аз ҷаҳон барбаст, ки ҳамеша бо ишқи шеър ва шеъри ишқ мезист, ошиқонаву содиқона бори гарони суханро бар дўш мекашид ва дору надори худро ба пои арўси сухан рехта буд. Ноқиде моро тарк кард, ки вожа-вожа ва сатр-сатри ашъори шоиронро вошикофӣ мекард, ба жарфнои калимаҳо роҳ мебурд, ба нақд ҳам чун ба шеър бархурди ошиқона дошт.

Идомаи: Ӯ ШОИРОНА ЗИСТ

ИН ҲАМ МЕГУЗАРАД…

 

Инак, чанд моҳи охир, бемории короновируси Covid-19 ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст. Бо вуҷуди он ки дар бисёр кишварҳои олам низоми сахти карантини қариб тўли ду-се моҳ идома дошта суст карда мешавад, аммо то ҳол хурўҷи дубораи ин вируси касофатбор вуҷуд дорад.

Идомаи: ИН ҲАМ МЕГУЗАРАД…

МУЖДАИ НУСРАТУ НИШОТ

                                                     

 ШодбошӣАкбар Абдулло

 

Шумо дар ҳамин рўзҳо дар деҳаи Даштиҷуми ноҳияи Шўроободи вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадаед.  Давраи тифлии Шумо дар сояи лутфу меҳрубониҳои волидон сипарӣ шуд. Баъд, таҳсилоти миёнаро дар мактаби таҳсилоти умумии ба номи Т. Г. Шевченкои ноҳияи Восеъ касб намудед.  Дар дилатон азми парвозҳои баландтар чун чўҷаҳои шоҳини кўҳсорони баланд пайдо шуд. Солҳои 1965–1969 дар Техникуми индустриалӣ-педагогии Душанбе таҳсил карданатон Шуморо водор кард, ки ҷасорату ҷавонмардӣ ва ҳайсияти фарзандии худро ҳифз намуда, дар хидмати давлату миллати худ камари ҳиммат бандед.

Идомаи: МУЖДАИ НУСРАТУ НИШОТ

САНГАРИ ТАНДУРУСТИИ СИНО

 

Аскар ҲАКИМ

БАҲОРи УММЕД

 

Баҳор ояд, баҳор ояд дигар бор,

Ки орад аз насими фарвадин бор.

 

Парасту кунҷи айвон лона монад,

На ғам дар хонумону хона монад.

 

Гаҳе бо ҳафтрангии камонҳо

Камар бандад чу домод осмонҳо,

 

Арўсаш хиттаи сабзи замин аст,

Тариқи ҷовидони ишқ ин аст,

 

Ки гирӣ ончунон дилбар дар оғўш,

Ки худро дар барат созад фаромўш.

 

Канори сабзро бар ту кушояд,

Лабони лолааш бар ханда ояд.

 

Дамад чун пуштаҳо сарсинаи ў,

Ки сар монӣ саҳар бар синаи ў.

 

Тамоми рўз масти васл бошӣ,

Ба шаб орӣ зи рўз ин бори кошӣ.

 

Дигар бор ин баҳор ояд пур аз гул,

Зи савти гул шавад мадҳуш булбул.

 

На ёре дар фироқи ёр нолад,

Дар оғўши ҳарими ёр болад.

 

Муғаннӣ сар кунад аз нолаи най,

Шавад дашту даман то волаи вай.

 

Гули хуршед хандад аз сари кўҳ,

Шавад ҳар кас зи шодӣ ҳамсари кўҳ.

 

Дили бигрифта чун дарё кушояд,

Фараҳзо мавҷ пушти мавҷ ояд.

 

Миёни шаҳр дар анбўҳи мардум

Кунад аз шодӣ одам хешро гум,

 

Ки гаштаст ў зи пешин меҳрубонтар,

Ба додар додару хоҳар ба хоҳар.

 

Наёрад ёд аз номи куруно,

Ки шуд соф аз даруну аз буруно.

 

Зи офат то раҳонад ҷони инсон,

Табибонро фаришта сохт Яздон.

 

Дигар инсон ба сони меҳр хандад,

Ба ҳар ҷинсе чу бар худ меҳр бандад.

 

Дигар аз хорбунҳо гул бирўяд,

Зи нақши сумбҳо сунбул бирўяд.

 

Баҳоро, хокро афлок месоз,

Заминро аз кудурат пок месоз.

 

Гул афшон бар мазори рафтагон ту,

Ки гул буданду гул рафтанд он сў.

 

Ба он гулҳо заминро нармтар кун,

Дили моро ба дунё гармтар кун.

 

Дареғо, сарви озодӣ ба кишвар

Зи хоки поки маҳрумон кашад сар.

 

Баҳоро, рўдҳоро кун равонтар,

Маро ҳам ҳамраҳи онон ҷавонтар,

 

Ки бо азми дигар аз ҷо бихезам

Ва хоки бадсиголонро бибезам,

 

Ки ин ҷо сарзамини мардхез аст,

Адолат бо қасоват дар ситез аст.

 

Ба ҳам овар ту ҳар қалби шикаста,

Ки он бар ҳилми ту уммед баста.

 

Баҳоро, хорҳоро гул бигардон,

Ки ҳаст ин шеваи гардуни гардон.

 

Чу бошад зиндагонӣ, сар барорем,

Ки мо аз зодагони сарбадорем.

 

Ба ҳар ҳоле, биё, хандон бишав боз

Ва Наврўзи навоинро деҳ оғоз!

  

АТО МИРХОҶА 

ЭҲТИЁТ

Барои ризокорон – донишҷўёни мактабҳои тиббии Тоҷикистон, ки ҷасорат нишон дода, ба хонаҳои беморон рафта, ба онҳо мадад мерасонанд.

 

Рўзи бад мегузарад, номи наку мемонад,

Аз шумо, номварон, сурхии рў мемонад.

Баргрезони хазон бигзарад аз ҳиммататон,

Дар гулистони Ватан нашву нуму мемонад!

***

Мушкили моро бувад мушкилкушояш эҳтиёт,

Дард бе дармон агар бошад, давояш эҳтиёт.

Бар сари мо аз фалак омад балое, к-аз ҳарос

Худ Баҳовиддин кунад аз ин балояш эҳтиёт!

Каш ба рўи худ ниқобу дур бош аз издиҳом,

Аз ҳавояш эҳтиёту аз садояш эҳтиёт!

Ҳар қаламравро, ки бинӣ, з-ин сиёсат дур нест:

Ҷони худро мекунад шоҳу гадояш эҳтиёт.

Ҷабр аз маъшуқа оё бадтар аз ин мешавад?

Мекунад дилдода аз нозу адояш эҳтиёт!

Гўямат, эй кўҳи побарҷо, ту ҳам як зарраӣ,

Заррае омад, ки кўҳеро зи пояш эҳтиёт.

Аз гумону шубҳа чун шуд пур дили инсоният,

Омад инак, ҷони ман, рўзи ҷазояш, эҳтиёт!

Ҷон фидои синаи оинае, к-ў ин замон

Бенавоеро намояд бо сафояш эҳтиёт.

Санҷиши некиву покиву ҷавонмардӣ расид,

Эй ки худ як зарра ҷонӣ, аз баҳояш эҳтиёт!

Чун шаби торик дорад рўзи равшан дар бисот,

Хештанро боядо кардан барояш эҳтиёт. 

Рустам ВАҲҲОБЗОДА 

АЗ  ҶОВИД МЕГӮЯМ

Ту аз таҳдид мехонӣ, ман аз тавҳид мегӯям,
Ту ёдам медиҳӣ аз сӯгу ман аз ид мегӯям.

Ҷаҳон ҳар рӯз наврӯзи дигар андар канор ояд,
Марав бар ҷодаи тақлид, аз таҷдид мегӯям.

Туро сад сол дар пеш асту нофарҷом мегӯйӣ,
Нафас гар дар шумор уфтад, ман аз уммед мегӯям.

Ту нури шамъи худ дар остин аз ман ниҳон дорӣ,
Биё, ки бо ту ман аз ояти хуршед мегӯям.

Баланд уфтодааст андози ҳарфи сабз дар бустон,
Сухан андозаи гесуи маҷнунбед мегӯям.

Маҷӯ онро, ки пайдо нест, агар ҷони ту шайдо нест,
Раҳо кун домани човидан, аз Ҷовид мегӯям.

Дишаб барномае аз кору пайкори табибони Русия бар алайҳи вабои ахир пахш мешуд ва дар интиҳои ин барнома чанд тан аз гӯяндагони (сарояндагони бард)-и Русия барои ин табибон ба нишони таҳсину шукру сипос сурудҳое тозаэҷоди худро пахш карданд. Сурудҳо бисёр бетакаллуфу содаву саридастӣ буд, аммо самимиву аз таҳти дил. Лозим шумурдам дар ҳамин сабку ҳаво матни сурудеро манзур созам, то шояд идома пайдо намояд.

ТАБИБОН 

Табибон, табибон,
Азизон, ҳабибон,
Ниҳода ба каф ҷон,
Раҳонед ҷонҳо.

 

Миёни хатоҳо,
Миёни гумонҳо,
Гаҳе носипосиву
Захми забонҳо,
На дар фикри суду
На бими зиёнҳо,
Чу кӯҳ устувору
Чу дарё равонҳо

 

Табибон, табибон,
Азизон, ҳабибон,
Ниҳода ба каф ҷон,
Раҳонед ҷонҳо.

 

Дар ин ҷабҳаи нав,
Ки душман ниҳон аст
Зи чашми дигарҳо,
Шуморо аён аст,
Шумо афсаронед,
Табибон, табибон,
Ки тири шумо бехато
Бар нишон аст.

 

Зи хоки Ватан ин
Ваборо биронед.
Нишон аз балои
Замона намонед.
Ба ин қаҳрамонӣ
Шумо ҷовидонед,
Чунин то абад дар
Дили халқ монед.

 

Шумо модаронед,
Шумо хоҳаронед,
Бародар ба ҳар фард,
Давогар ба ҳар дард.
Дар ин арсаи ҳақ
Худо ёратон бод,
Дилу дасти Сино
Мададгоратон бод!

 

Табибон, табибон,
Азизон, ҳабибон,
Ниҳода ба каф ҷон,
Раҳонед ҷонҳо.

Парда ҲАБИБ

        Барои табибони ҷоннисори миллат

Гашта барпо ба ҳар шифохона

Сангари тандурустии Сино,

Сангари тандурустии Розӣ,

Сангари тандурустии барҷо,

Сангари тандурустии тоҷик,

Чобукиву дурустии тоҷик.

 

Посдории миллати тоҷик,

Сангари азми давлати тоҷик,

Сангари меҳру шафқати тоҷик,

Тозагии шарофати тоҷик -

Сангари тандурустии тоҷик,

Ҳушёриву чустии тоҷик.

Афканад ҳар ки гоҳу ногаҳ агар

Санг аз ҳар куҷо ба ин сангар,

Ў ба Сино намекунад бовар,

Нест огаҳ зи рози Розиаш,

Хасм бидҳад аз он ки бозиаш,

Мехурад санги қисматаш бар сар.

 

Сангари тандурустии миллат

Сангари иттиҳоди тоҷик аст,

Сангари адлу доди тоҷик аст,

Сангари имтидоди тоҷик аст,

Сангари устувории ҷовид,

Кўҳи нанги зиёди тоҷик аст!

Кароматулло ОЛИМЗОДА

МУНОҶОТ

Худовандо, зи вирусҳо ту халқамро нигаҳбон шав,

Зи офатҳои нав пушту паноҳи Тоҷикистон шав.

 

Дар ин дунёи ноором мардум баски беморанд,

Зи алтофат шифобахшандаи  ин дардмандон шав.

 

Гулистони умеди халқи манро аз хазон кун дур,

Зи файзат, боғбоно, файзбахши ин гулистон шав.

 

Ба онҳое, ки мағруранду аз паймони ту дуранд,

Бидеҳ инсофу роҳандозашон дар аҳду паймон шав.

 

Ба тифлоне, ки дар ҳар кишваре муҳтоҷи обу нон,

Бидеҳ ризқи фаровон, обёри абри найсон шав.

 

Дар ин дунё, ки майдони набарди ҷоҳҷўён шуд,

Ҷилавгири набарду фитнаҳои ҷоҳҷўён шав.

 

Ба онҳое, ки сарват гашта бут, к-онро парасторанд,

Шикан бутҳояшонро, ҳомии инсофу виҷдон шав.

 

Худовандо, чу додӣ ваъда «бо душворӣ осонист»*,

Ба беморону муҳтоҷон Раҳиме бошу Раҳмон шав.

_______

*Ишора ба ояте аз  сураи «Аламнашраҳ» аст, ки Худо ваъда кардааст,  албатта, пас аз душворӣ осонӣ хоҳад омад.

Салими ЗАРАФШОНФАР

Фирўзрўзи фардо

Рўзе сияҳшаби мо

субҳи сафо бигардад,

Боди самум  рўзе  боди сабо бигардад.

З-офатсамар гили мо  рўяд гули масаррат,

Накбатфизо фазомон

накҳатфизо бигардад.

 

Бар бедавоии худ ёбем мо даво боз,

Бар захмҳои худ мо ёбем мўмиё боз.

Садди сукути сарди афлокро шикаста, 

Аз ҷомҷанг созем онро пур аз садо боз.

 

Бар дил зи навсапеда нуру сафо бирезем,

В-аз он бурун зуломиранҷу ано бирезем.

Аз ҳабсхонаҳомон, яъне зи хонаҳомон,

Рақсону пойкўбон бар кўчаҳо бирезем.

 

Баҳри зиёрати ҳам бо ташнагӣ расида,

Бар дўст даст бидҳад ҳар дўсти рамида.

Дар байни мо бисайрад мурғи салом бебим,

Аз панҷаҳоямон чун аз панҷара раҳида.

 

Дилдода боз дилпур бо дилбараш нишинад,

Аз рўйи беҳиҷобаш гулбўсаҳо  бичинад.

Меҳнатзада муҳоҷир, ҳасратзада мусофир

Раҳ бар ватан бигирад, дидори мом бинад.

 

Сад гулситон шукуфад табъи фусурдаи мо,

Сад осмон биболад қалби фишурдаи мо.

Исоҳушони хушдам, синоҳушони хушдаст

Созанд зинда ҷони садзахмхўрдаи мо.

 

Фирўзрўзи фардо, оре,  ҳамебиёяд,

Наврўзи аҳли дунё, оре,  ҳамебиёяд.

Бар қасди тирарўзӣ, бар қасди ғуссаву дард

Субҳи саодати  мо, оре,  ҳамебиёяд.

 

Фирўзрўзи фардо, армонфурўзи дилҳо,

Дар куҳназиндагимон навравзане кунад во.

Он гаҳ башар, ки умре буд пош-пош, гардад

Монандаи саҳифот андар китоб якҷо.

 

Фирўзрўз ояд бо гулфишонӣ охир,

Хуш  армуғонӣ орад амну амонӣ охир.

Чанде башар ба шар буд андар набарди хунин,

Гум аз ҷаҳон бигардад шарри ҷаҳонӣ охир.

 

Аз гунагун ливои халқу милал бисозем

Як  лолагун ливои нусрат к-аз он бинозем.

Дастобадаст рўйи

Рейхистаги уфуқ пас

 Мисли шафақ варо мо он рўз барфарозем.

МӮЪМИН ҚАНОАТ — ЧЕҲРАИ МОНДАГОРИ ТАЪРИХИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

 

 

Имрӯз рӯзи таваллуди Устод Мӯъмин Қаноат, шоири ширинкалом, ҳамосасаро ва ходими барҷастаи сиёсӣ, яке аз чеҳраҳои мондагори таърихи Тоҷикистон аст. Агар умр вафо мекард, ӯ имрӯз ба синни мубораки 88 мерасид.

Идомаи: МӮЪМИН ҚАНОАТ — ЧЕҲРАИ МОНДАГОРИ ТАЪРИХИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved