• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

 

 Пас аз ҳазор соли бедавлатиҳо дар соли 1929 тавассути часпу талош ва ҷоннисории фарзандони ғаюраш дар ҳайати Иттиҳоди Шўравии собиқ қисматеро аз сарзаминҳои аҷдодиаш бо номи Тоҷикистон таъсис доданд, ки  давлати кунунии тоҷик дар заминаи он ташаккул ёфта, имрўз ба Истиқлолияти сиёсӣ расид. Мутаассифона, бо воридшавӣ ба фазои Истиқлолияти сиёсӣ авомили муайян сабаби бархўрд ва ба ҷанги шаҳрвандӣ кашидани кишвар гардиданд. Ин ҷо метавон чанд омилро баён дошт, вале омили асосии ҷанги шаҳрвандӣ   манфиатҳои қудратҳои минтақавӣ ва аз ин роҳ таъсир расонидан ба гуруҳҳои муайян ва тавассути онҳо ба роҳ мондани таблиғоти густурда дар шакли бовару эътиқодотро ҳисобидан мумкин аст, ки ба дасти созмони хусусияти террористдоштаи аз тарафи онҳо барномарезишудаи собиқ наҳзати исломӣ буд. Ин ташкилоти таъсисдодаи хориҷӣ дар як муддати кўтоҳ аз бовару эътиқоди мардум истифода намуда, ба  экстремизми сиёсӣ табдил ёфтани ҳаракати динӣ дар кишвар асос гузошт. Роҳбарони ин ташкилот вобастаи кишварҳои хориҷии исломӣ  буданд ва дар онон ҳеҷ мафкураи миллӣ ва андешаи ҳимояти манофеъи миллӣ вуҷуд надошт. Набуди огоҳӣ, дониши амиқи илмӣ ва худшиносии миллӣ дар ин гуруҳи худбохта сабаби он гардид, ки мутаассифона, ба дасти зодагони худи кишвар, ба хотири манофеъи бегонагон ҷанги ҳамватании фарогиру бунёдсўз ба роҳ монда шуд. Манфиатхоҳони минтақавӣ тариқи сармоягузорӣ намудани ин ҳизби дастпарвари хеш ва тавассути онҳо таблиғ намудани арзишҳои динӣ ба хотири созмон додани сохтори сиёсии исломӣ дар Тоҷикистон, ки вобастаи ин кишварҳо бошад амалиётро ба роҳ монданд. Яъне рўҳониёнро сиёсӣ намуда ва аз бовару имони мардум суистифода намуда, ин гуруҳ барои расидан ба қудрати сиёсӣ ва ғасби ҳокимият омодагӣ медиданд.  Аз бунёд ин ҳизб хусусияти экстремистиву террористӣ дошт ва тавассути дастгирии молиявӣ ва идеологии хоҷагони хориҷии хеш, пас аз эъломи Истиқлолияти давлатӣ мардумро аз минтақаҳо ба майдонҳои Душанбе кашида, гирдиҳамоиҳои бардавомро ба роҳ монданд. Сарварони ТТЭ собиқ ҲНИ, ки аз берун дастгирии молиявӣ доштанд, неруҳои дигари демократӣ ва иддае аз зиёиёни ҳамон вақтаро низ таҳти таъсири хеш гузошта, мутаассифона аз онҳо низ суистифода намуданд, то мардумро ба сардаргумиву ҷомеаро ба бебандуборӣ оварда расониданд.

Дар чунин лаҳзаҳои басо ҳассос акнун аз дасти раҳбарону шахсиятҳое, ки дар сари қудрат буданд, дигар ягон кори манфиатбахше намеомад. Баъзе аз сарварони мухолифин пеш аз интихобот ҷуръат карда, рўирост изҳор дошта буданд, ки агар намояндаи онҳо нагузарад, бо роҳи зўриву зўроварӣ, яъне тавассути яроқу аслиҳа ҳукуматро мегиранд. Ҳодисаҳои нангин, даҳшатнок ва хунини минбаъда дар ҷумҳурӣ ошкоро нишон дод, ки дар ҳақиқат мухолифони давлату ҳукумат барои ғасби он қаблан омодагии ҳамаҷониба дидаанд.

Ғасби ҳокимияти сиёсӣ кишварро ба парокандагии сиёсӣ мувоҷеҳ сохта, қонунмандӣ ва қонунсолориро дар кишвар аз байн бурд. Камондор ва дузду роҳзан ҷойи қонунро гирифт. Ғасби ҳокимият  бо роҳи ғайриқонунӣ кишварро ба буҳрони сиёсиву иҷтимоӣ кашонид ва боиси тавсеи ҷанги шаҳрвандӣ дар марказ ва ҷануби Тоҷикистон гардид. Ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум, ки ҳадафи он нобудии Истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон ба ҳайси давлат аз тарафи манфиатхоҳон ба дасти хиёнатпешагони таассубзадаи дохилӣ ба роҳ монда шуд, боиси қатли зиёда аз 150 ҳазор нафар сокинони кишвар гардида, зиёда аз миллион нафарро ба фирор ва муҳоҷират водор намуд, пойгоҳи иқтисодии кишварро хароб ва пешрафти кишварро дар таносуб ба кишварҳои собиқи Шўравӣ ба даҳсолаҳо ба ақиб афканд. 

Аввалин иқдоме, ки барои аз ҳолати вахими сиёсиву иҷтимоӣ баровардани кишвар карда шуд, ин баргузории Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Маҳз ҳамин иҷлосияи тақдирсоз ва махсусан ба ҳайси Сарвари давлат интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон як гардиши наве буд дар ҳаводиси солҳои аввали Истиқлолият. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми қудратро вақте ба даст гирифт, ки кишвар дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ месўхт. Дар чунин вазъияту ҳолати бисёр ҳассоси сарнавиштсоз давлати Тоҷикистонро  аз нав сохт, халқу ватанро аз парешониву нобудшавӣ наҷот дод. ў ба халқи худ бовар кард, халқ ҳам имондорона ба ў эътиқод намуд. Ҳамин бовари қатъӣ ва иродаи устувори сиёсии ин абармард буд, ки мо ба ваҳдати миллӣ  ва истиқлолияти давлатии воқеӣ расидем.

Қобили қайд аст, ки сарварии ҷомеаро пазируфтан дар он лаҳзаҳои бисёр ҳассосу номуайян иқдоми саҳлу сода набуд, зеро иҷлосияи қисматсози Қасри Арбоб дар мавриде мегузашт, ки ҳукумати қонунӣ воқеан вуҷуд надошт ва мамлакат дар гирдоби буҳрони нобасомониву гирудори пархош қарор дошт.

Донишу фаросати азими табииву ҷонсўзона ва мардумпарварона доштани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки баробари Сарвари давлат интихоб шудан иброз намояд: «Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти ҳамаи гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам». Шуҷоату ҷасорати нотакрор доштанаш имкон дод, то дар яке аз минтақаҳои бисёр хатарноки  Афғонистон – Хосдеҳ (10–11 декабри соли 1996) ҷиҳати мулоқот бо роҳбари собиқ мухолифини мусаллаҳ сафар намояд. Ин гуна шуҷоатмандиро ў борҳо дар лаҳзаҳои  ҳассос нишон дода, ба дили мардум роҳ ёфт. Барои истиқрори сулҳи деринтизор бо раҳнамоиву кўшишу талошҳои пайгиронаи ин марди шарифу инсони наҷиб таи се солу се моҳ,  аз соли 1994 то 1997, бо мухолифон бисту як музокироту гуфтушуниди расмӣ сурат гирифт ва Президент Эмомалӣ Раҳмон шахсан дар 7 музокирот иштирок намуда, дар 15 ҳуҷҷати таҳиягардида бевосита бо имзои шахсии худ раъйи хешро изҳор дошт.

Дар роҳи пешакардаи хеш сиёсатмадори мустақиму побарҷост, ки мардуми парешонгардидаву тарафҳои даргирро ба ҳадафи умдаву асосӣ, ки Ваҳдату ифтихори миллист, ба ҳам пайванд бидиҳад. Ин гуна тарҳандозии дурбинонаи созандагӣ боиси ба вуҷуд омадани мактаби сиёсии Эмомалӣ Раҳмон гашт. 

Халқи Тоҷикистон бо сарварии Президенти худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имтиҳони садоқат ва талоши суботу оромӣ сарбаландона гузашт. Муқовимати сиёсиро бо ризоияту таҳаммул ба анҷом расонида, мисоли камназири ҳалли мусолиҳатомези ҷанги шаҳрвандиро ба ҷаҳониён нишон дод.

Пас аз ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва истиқрори миллӣ ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат дурнамои рушди кишварро ба нақша гирифт ва зина ба зина мамлакат дар ҳамаи самтҳо ба пешравӣ ноил гардидааст.

Хулоса, амалҳое, ки дар се даҳсолаи охир бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон барои давлатдорию  миллатсозӣ эҷод шудаанд, баробар ба садсолаҳо мебошанд. Мутмаинем, ки бо пурра амалӣ шудани ҳадафҳои стратегии гузоштаи Пешвои миллат Тоҷикистон ба як кишвари пешрафта табдил хоҳад шуд. Ҳамин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар дилу дидаи мардум ҳамчун фарзанди фарзонаи миллат эътироф  гардида, маҳбубият пайдо намудаст. Эмомалӣ Раҳмон воқеан роҳбари  тавоност, кишвареро, ки сияҳкорону сияҳрўзон онро ба хоку хун оғушта намуда, пора-пора карда буданд, ҷамъ овард, сохт ва ба як кишвари амну ободу осуда табдил дод.

ҳарчанд мухолифони зикршударо бахшид, барояшон вазифа дод, вале ба қадри он нарасиданд ва аз аъмоли бадандешӣ парҳез накарданд. Дунболи ҳамон манофеъи бегонагон рафтанд ва дубора хиёнат варзиданд. Имрўз аз хориҷ кафки даҳан мепарокананд ва мехоҳанд фазоро тира созанд, лекин комёб намегарданд. Зеро мардуми шарифи кишвар хуб медонанд, кӣ барои ин миллат чӣ кард ва чӣ ҷойгоҳе дорад. Кӣ хиёнаткор аст ва кӣ қаҳрамон. Кӣ ба бунёди ин миллат оташ зад ва кӣ онро аз сўхтан наҷот дод ва ба як кишвари дар ҳоли пешрафт табдил дод.

Хайрулло Раҷабалиев,

ходими калони илмии АМИТ

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved