• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол - 2020» аз рўйи се бахш ҷамъбаст  гардида, ғолибон бо Диплом ва маблағҳои пулӣ, ки аз 10 то 20 ҳазор сомонӣ муқаррар гардида буд, қадрдонӣ шуданд.

Дар бахши назм ҷойи аввалро китоби «Таронаборон»-и Сафар Аюбзодаи Маҳзун, зинаи дувумро китоби «Баҳор овардан осон нест»-и Бузургмеҳри Баҳодур ва китоби «Пайғом»-и Сафар Амирхон, мақоми сеюмро китоби «Таронаҳои ватандорӣ»-и Шаҳрия Аҳтамзод соҳиб гардиданд.

Дар  бахши наср ҷойи аввалро «Подош» (маҷмўаи ҳикояҳо)-и Сироҷиддин Икромӣ, мақоми дувумро китоби «Ман хабаркаши модарам»-и Неъматулло Худойбахш ва ҷойи сеюмро китоби «Бе ситора нестам»-и Зулфия Атоӣ ба даст оварданд. Дар бахши асарҳои публитсистӣ ҷойи аввал ба мақолаи «НБО-и «Роғун» - кафолати рушди устувори минтақа»-и Ҳасан Асоев, ҷойи дувум ба мақолаи «Гули худрўи Бартан»-и Сабрин ва ҷойи сеюм ба мақолаи «Ҷаҳони маънавии Чингиз Айтматов»-и Абдуғаффор Абдуҷаббор дода шуданд. Дар бахши асарҳои назми бачагона ҷойи аввалро «Бо ҳам мо -Тоҷикистон»-и Гулназар Келдӣ, ҷойи дувумро «Чашмасор»-и Муродалӣ Собир соҳиб шуданд. Дар бахши асарҳои насри бачагона ҷойи аввал ба китоби «Шоҳпарак ва рангинкамон»-и Маҷид Салим, ҷойи дувум ба китоби «Яке буд, яке набуд»-и Гулчеҳра Муҳаммадиева ва ҷойи сеюро ба китоби «Шодии талх»-и Сайидо Шарафӣ сазовор донистанд.

Ҳадаф аз баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол - 2020» сазовор  пешвоз гирифтани 30-юмин солгарди Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамзамон дарёфти беҳтарин асарҳои бадеӣ ва илмӣ-тадқиқотии муосири тоҷик, ки ҷавобгўи меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ буда, мазмуну муҳтавои онҳо мавзўъҳои худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва амният, садоқат ба Ватан бахшида шудаанд,  мебошад.

Тавре сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Мирализода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт,  эълони Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол - 2020» дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат»  чоп шуда буд. Ба озмун аз тарафи муаллифон 39 унвон китобҳои тозанашри бадеии назму наср, публитсистӣ ва назму насри бачагона пешниҳод гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳайати ҳакамони озмуни мазкур – Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим (раис), муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Абдураҳимзода (муовини раис) ва  шоирону нависандагони маъруфи тоҷик шомил гардида буданд.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved