• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

 

14-уми январи соли 2021 бо ибтикори бахши назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи ин созмон маҳфили илмиву адабии «Шеър ва зиндагӣ» баргузор гардид. Нишасти аввали ин маҳфил ба мавзўи «Пайванди суннат ва навоварӣ дар шеъри имрўз» ихтисос дошт ва дар он шоирону адабиётшиносон ва алоқамандони шеър ширкат варзиданд.

Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа дар оғоз изҳор дошт, ки ба роҳ мондани чунин маҳфил муҳиму саривақтӣ буда, боиси гуфтугузори судманд ва ба миён омадани матлабҳои ҷолиб мегардад. Номбурда ба маҳфил ҳусни оғоз бахшида, ба кори минбаъдаи он барор хост.

Гардонандаи маҳфил, Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким дар атрофи мавзўи мавриди баррасӣ ба таври мухтасар мулоҳиза ронда, онро аз ҷумлаи муҳимтарин масъалаҳои шеър ба шумор овард.

Дар қисмати аввали маҳфил, ки шеърхонист, ровии хушлаҳну хушсадо Муҳаббат Мирзораҳимова ғазали дилошўберо аз Мавлоно бо маҳорати хос қироат кард ва табъи ҷамъомадагонро болида намуд. Шоирони ҷавон Бобаки Суғдӣ ва Рустами Аҷамӣ намунае аз ашъори худро манзури ҳозирин намуданд ва пазироии хуб ёфтанд.

Дар қисмати асосии маҳфил Шоири халқии Тоҷикистон, пажўҳишгари маъруф Рустам Ваҳҳобзода дар атрофи мавзўи «Пайванди суннат ва навоварӣ дар шеъри имрўз» суҳбати пурмуҳтаво кард. Номбурда бо таваҷҷуҳ ба манзараи умумии шеъри имрўзамон, махсусан шеъри ҷавонон, аз ҷумла изҳор дошт, ки шеъри суннативу нав бо ҳам пайванди ногусастанӣ доранд ва якеро бе дигаре наметавон тасаввур кард. Бисёр қолабҳои суннатии мо, ки дар қарни гузашта аз сўи баъзе гурўҳҳо мавриди ситезу инкор қарор мегирифтанд, имрўз аз навъҳои мутадовили шеъри мо мебошанд ва иқтидору зарфияташон исбот шудааст.

Номбурда бо овардани мисолҳо изҳор дошт, ки шоири неруманд қодир аст, ки тозатарин мазмуну тасвирҳоро дар қолаби жанрҳои суннатӣ, аз ҷумла ғазал ва қасида бигунҷонад ва бо шеъри нави мудерн онҳоро пайванд бидиҳад.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки навтарин навъи ашъор низ, ба монанди шеъри сапед, бо анъана ва суннати шеъри шоирони пешинамон беалоқа нестанд, реша дар замини шеъри куҳан доранд ва ҳамин пайванд боиси шукуфоиву боландии шеъри нав мегардад.

Шоирон Гулрухсор, Аскар Ҳаким ва Абдуллоҳи Раҳнамо перомуни масъалаи мазкур назарҳои судманд баён намуданд ва изҳори умедворӣ карданд, ки дар нишастҳои минбаъдаи маҳфил низ доираи маҳфил густариши бештар меёбад.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved