• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ...” ДАР В. СУҒД ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Озмуни вилоятии «Фурӯғи субҳи доноӣ…», ки аз 20 то 23 ноябр дар шаҳри бостонии Хуҷанд  баргузор гардид, ҷамъбаст шуд. Дар ин бора ходими адабии АМИТ «Ховар», Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, ки узви ҳакамони ин озмун буд,  хабар медиҳад.

Идомаи: ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ...” ДАР В. СУҒД ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

СИЛСИЛАКИТОБҲОИ «30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ”

Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии силсилакитобҳо таҳти унвони “30-солагии Истиқлолият”, ки иборат аз 30 номгӯй адабиёти тозанашр буд, баргузор гардид.

Идомаи: СИЛСИЛАКИТОБҲОИ «30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ”

ЭЪЛОН

Эълон        

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати тарҷумаи осори адибони тоҷик ба забонҳои хориҷӣ ва тарѓиби фаъолонаи дастовардҳои адабиёти тоҷикии даврони нав барои ба кор қабул кардани тарҷумонҳои осори бадеӣ аз забони тоҷикӣ ба забонҳои русӣ, ўзбекӣ, англисӣ, арабӣ озмун эълон мекунад.

Дар озмун тарҷумонҳое иштирок карда метавонанд, ки таҷрибаи кор дар соҳаи тарҷумаи бадеӣ ва тарҷумаҳои чопшуда аз адабиёти тоҷик бо яке аз забонҳои хориҷии номбурда дошта бошанд.

Барои иштирок дар озмун пешниҳоди маводи зерин зарур аст:

1. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ

2. Нусхаи диплом оид ба таҳсилот

3. Нусхаи шиноснома

4. Рўйхат бо нусхаи осори нашршудаи тарҷума аз адабиётҳои тоҷик ва забонҳои хориҷии номбурда

5. Маълумотномаи тиббӣ оид ба вазъи саломатӣ

6. Сурати 3 х 4 (4 дона)

Музди моҳонаи тарҷумонҳо то 1700 сомонӣ аст.

Қабули ҳуҷҷатҳо аз рўзи интишори ҳамин эълон то 12 декабри соли 2019 дар Маркази тарҷумаи бадеӣ дар назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 8, ошёнаи якум) дар рўзҳои кор аз соати 15 то 17, инчунин тавассути сомонаи www.navisandagan.tj.

Телефонҳо барои тамос: 224-14-71; 907-75-53-23, 915-48-03-31.

ДАРГУЗАШТИ ДОНИШМАНДИ ТОҶИК ВАЛӢ САМАД

 

Валӣ Самад - донишманди нуктасанҷ, пухтакор, ҷўянда ва заҳматкашу фидокор, пайвандгари риштаҳои фарҳангӣ, аз барҷастатарин муҳаққиқони ҷўянда ва ёбандаи гавҳарҳои ноёби тамаддуни миллӣ, фирдавсишинос ва шоҳномапажўҳ,  адабиётшиноси маъруфи тоҷик, муаллифи даҳҳо монография ва мақолаҳои илмӣ, 24 октябри соли 2019 пас аз беморӣ дар синни 83-солагӣ дунёро падруд гуфт.

Идомаи: ДАРГУЗАШТИ ДОНИШМАНДИ ТОҶИК ВАЛӢ САМАД

РӮЗИ НООБОДИЯШ ТОҶИК ЗАБОН ОБОД КАРД

Барои ҳар миллат забони модариаш азизу муқаддас аст, зеро он муарриф, ойинаи рўзгор ва фарҳанг, хулоса, ҳастию бақои вай мебошад. Барои мо, мардуми тоҷик, забони модариамон дучанд азизу муътабар аст. Чунки дар давоми садсолаҳо мо соҳиби давлати миллӣ набудем, маҳз забони модариамон, ки дар тўли дарози таърих забони илму фарҳанг ва муоширати байни қавмҳои муқими Хуросону Мовароуннаҳр буд, моро зинда нигоҳ дошт. Адибону олимонамон ба ин забони шевою пурғановат асарҳои ҷовидона офариданд, ки то имрўз ба ҷаҳониён ғизои маънавӣ мебахшанд. Мардуми тоҷик дар гузашта ба бисёр маҳрумиятҳо мувосо кард, тахту тоҷ, давлатдорӣ, дин, шаҳру марказҳои бузурги илмию фарҳангиашро аз даст дод, аммо забони модариашро, ба қавле ба дандон газида, ҳифз кард, нигоҳ дошт. Устод Бозор Собир барҳақ фармудааст:

Идомаи: РӮЗИ НООБОДИЯШ ТОҶИК ЗАБОН ОБОД КАРД

ДИДОР БО ШОИРИ ЯК ШЕЪР

10 октябр дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҷмўаи тозанашри "Шоири як шеър", ки фарогири  эҷоди 37 шоири ҷавони тоҷик аст, рўнамоӣ шуд. Дар маҳфили бошукўҳ адибони маъруфи кишвар, адабиётшиносон, муаллифони маҷмўа ва дўстдорони шеър иштирок карданд.

Идомаи: ДИДОР БО ШОИРИ ЯК ШЕЪР

ТАҶЛИЛ АЗ 400-УМИН СОЛГАРДИ ТАВАЛЛУДИ САЙИДОИ НАСАФӢ

Шеъри Сайидои Насафӣ  монанди сурудаҳои беҳамтову оламшумули дигар классикони адабиёти форсу тоҷик, як навъ гимни бузургдошти инсони заҳматқарину ҳунарвар, Яшти меҳани созандаву фарозанда, мадеҳаи фазлу ҷавонмардиву солорӣ, таронаи ишқу муҳаббати пок ва бадеҳаи муҳассаноти бани башар аст, ки лузумаш ҳеҷ аз миён нахоҳад рафт.

Идомаи: ТАҶЛИЛ АЗ 400-УМИН СОЛГАРДИ ТАВАЛЛУДИ САЙИДОИ НАСАФӢ

МАКТАБИ БА НОМИ АСАДУЛЛО САЪДУЛЛОЕВ

21-уми сентябр муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 148-и шаҳри Ваҳдат номи олим, омўзгор ва рўзноманигор, доктори илмҳои филология, профессор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Асадулло Саъдуллоевро гирифт. Ба ин муносибат дар саҳни мактаб ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд, ки адибону рўзноманигорон, олимону омўзгорон ва дўстону шогирдони марҳум гирд омаданд.

Идомаи: МАКТАБИ БА НОМИ АСАДУЛЛО САЪДУЛЛОЕВ

УФУҚҲОИ ҲАМКОРӢ


Рўзи 19 сентябр дар шаҳри Маскав маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Иттиҳодияи байналмилалии ташкилотҳои ҷамъиятии "Созмони байналмилалии иттифоқҳои нависандагон" баргузор гардид. Дар маҷлис масоили ҳисоботи молиявию хазинадории он, комиссия тафтишотӣ, интихоби раис ва роҳбарияти он баррасӣ шуд.

Идомаи: УФУҚҲОИ ҲАМКОРӢ

МАВЛОНО ДАР АРСАИ ЗАМОН

Таҷрибаи инсонӣ борҳо собит намудааст, ки ҳар мероси дорои арзиши илмиву маънавӣ ва тарбиявию ахлоқӣ бо гузашти замон таваҷҷуҳи инсониятро ба худ бештар ҷалб менамояд. Осори гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки то имрӯз ба мо расидааст, бе муболиға  намунаи олии чунин арзишҳост.  Ин нуктаро декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Сироҷиддин Эмомалӣ зимни конфронси илмӣ- амалӣ, ки имрӯз дар шаҳраки донишҷӯёни ДМТ бахшида ба зодрӯзи мутафаккири барҷастаи тоҷик  Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид, баён дошт.

Идомаи: МАВЛОНО ДАР АРСАИ ЗАМОН

РӮЗУ РОЗИ РӮДАКӢ

Дар  Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати Рўзи Рўдакӣ маҳфили бошукўҳи адабӣ баргузор гардид. Дар маҳфил адибон, адабиётшиносон, донишҷўён ва дигар ҳаводорони шеър иштирок намуданд. Гардонандаи маҳфил мудири бахши назми ИНТ, шоир ва муҳаққиқи шинохта Муҳаммадалии Аҷамӣ нахуст аз паҳлуҳои гуногуни эҷодиёт ва зиндагии устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ сухан кард. Ў зикр намуд, ки «Рўдакӣ» як вожа аст, аммо ин як вожа дар паҳнои таърих он қадар бузург аст, ки мо вақте ба он назар мекунем, фарозу фуруди адабиёти худро мебинем.

Идомаи: РӮЗУ РОЗИ РӮДАКӢ

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved