• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

ИМРӮЗ-РӮЗИ РӮДАКӢ. БАРОИ ТАҲҚИҚУ ТАРҒИБИ ОСОРИ ШОИР ТАЪСИСИ МАРКАЗИ ИЛМИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РӮДАКИШИНОСӢ ЗАРУР АСТ

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Мирзо МУЛЛОАҲМАД дар бораи таҳқиқи аҳволу осори асосгузори адабиёти тоҷику форс- устоди шоирони Аҷам дар давраи Истиқлол, ҳамчунин оид ба масъалаҳои ҷамъоварӣ, таҳияи матнҳои оммавӣ ва илмиву интиқодии осори боқимондаи шоир ва нашри онҳо суҳбат намуд:

Идомаи: ИМРӮЗ-РӮЗИ РӮДАКӢ. БАРОИ ТАҲҚИҚУ ТАРҒИБИ ОСОРИ ШОИР ТАЪСИСИ МАРКАЗИ ИЛМИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ...

АВВАЛИН ФОРУМИ НАВИСАНДАГОНИ ОСИЁ

 

Дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Нурсултон аввалин Форуми нависандагони Осиё бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев баргузор шуд. 

Идомаи: АВВАЛИН ФОРУМИ НАВИСАНДАГОНИ ОСИЁ

ДАР ОСИЁ ҶОИЗАИ ШАБЕҲИ НОБЕЛ ДАР СОҲАИ АДАБИЁТ МЕБОЯД

Раиси Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Қазоқистон Улуғбек Есдаулет гуфт, дар Осиё ҷоизаи шабеҳи нобел дар соҳаи адабиёт мебояд.

Идомаи: ДАР ОСИЁ ҶОИЗАИ ШАБЕҲИ НОБЕЛ ДАР СОҲАИ АДАБИЁТ МЕБОЯД

ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ МЕҲАН

9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози кори агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии "Роғун" иштирок ва суханронӣ карданд. Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми кишвар ва иштирокчиёни тантанаи идонаро бори дигар ба муносибати солгарди 28-уми Истиқлолияти давлатӣ ва ба фаъолият оғоз кардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии "Роғун" - чароғи равшани хонадони мардуми Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон табрику таҳният гуфтанд.

Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки бистуҳашт сол муқаддам халқи куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик ба дастоварди муқаддасу таърихӣ - истиқлолияти давлатӣ ноил гардид, ки имрӯз мо ин падидаи бузурги таърихи навини халқамонро бо эҳсоси гарми ватандорӣ ва ифтихору сарафрозӣ таҷлил менамоем. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолро нишонаи озодиву ҳувияти миллӣ ва мояи ифтихори ҳар як соҳибватан, рамзи саодат ва шарти асоситарини бақои миллат ва давлати тоҷикон арзёбӣ карданд. Сарвари давлат таъкид доштанд, ки мардуми шарафманди тоҷик ва қувваҳои солими ҷомеаи мо зери парчами нангу номус ва ягонагии миллӣ сарҷамъ шуда, ҷиҳати расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ корномаи бемисл нишон доданд. Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо - тоҷикон ҳамчун арзишҳои бисёр азизу муқаддас аҳаммияти калидӣ доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҷониву имонии ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон мебошад ва ноил гаштан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор даровардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии "Роғун"-ро падидаи неки созанда ва дастоварди муҳимтарин дар самти боз ҳам афзоиш додани истеҳсоли неруи барқ, таҳкими иқтидори энергетикии мамлакат ва қадами устувори мардуми тоҷик дар ҷодаи таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ маънидод карданд. Пешвои миллат бо итминон иброз доштанд, ки бунёди ин иншооти бузурги аср солҳои наздик бо кӯшишу ғайрати ватандӯстонаи мутахассисону сохтмончиён муваффақона анҷом меёбад ва ба шарофати он баробари рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ сатҳу сифати рӯзгори мардуми мо нисбат ба имрӯз хеле беҳтар мегардад.

Дар охир бори дигар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни 28-солагии истиқлолу озодии давлати тоҷикон ва ба фаъолият оғоз кардани агрегати дуюми кохи нури Тоҷикистон - Неругоҳи барқи обии "Роғун"-ро ба мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ муборакбод гуфтанд.

Чорабинии идонаро ба муносибати 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва оғози фаъолияти агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии "Роғун" барномаи бошукӯҳи консертӣ ва мушакпаронии бардавом идома дод.

 

БОЛИ ПАРВОЗИ ҶАВОНОН

Насли ҷавони имрўз, ки он солҳо наврас ва тифлакони гуруснаву берўзӣ буданд, инак 22 сол аст, ки аз ҳавои сулҳу осоиштагии Тоҷикистони соҳибистиқлол нафас мекашанду озодона кору фаъолият менамоянд. Воқеан, 27 июни соли 1997 дар саҳифаҳои таърихи ҷомеаи навини Тоҷикистони азизамон муқаддас ва тақдирсоз маҳсуб мешавад.

Идомаи: БОЛИ ПАРВОЗИ ҶАВОНОН

ИНЪИКОСГАРИ УФУҚҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Бо дастгирии Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи суратгирони Тоҷикистон имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши инфиродии аксбардори шинохтаи Тоҷикистон Заур Дахте бо  номи  «Уфуқҳои дӯстӣ» оғоз ёфт. Намоиш бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.

Идомаи: ИНЪИКОСГАРИ УФУҚҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

ШУМОРАИ ИДОНАИ «САДОИ ШАРҚ»

     Чӣ навиде! Хабари ид муборак бошад!

Ид дар домани Хуршед муборак бошад!

 Ин матлаъи ғазали ноби Шоири халқии Тоҷикистон Ғаффор Мирзост, ки дар саҳифаи дувуми муқоваи шумораи 5-и маҷаллаи миллии адабии ИНТ "Садои Шарқ"  омадааст. Дар бахши  "Баёзи Ваҳдат" Низом Қосим, Саидалӣ Маъмур, Рустам Ваҳҳобзода, Беҳрўзи Забеҳулло, Дилором Солибой ваҳдату ҳамдилии мардумро тараннум намудаанд. Мунтахаби китоби дувуми романи "Сарои санг"-и Ато Мирхоҷа, ки бо сужети хос ва фарогирии рухдодҳои ибратомўз ҷалби таваҷҷуҳ менамояд, бахши насри нашрияро ташкил медиҳад.

Идомаи: ШУМОРАИ ИДОНАИ «САДОИ ШАРҚ»

МАНБАИ ИЛҲОМУ ДОНИШ


Дар Боғи устод Рўдакии пойтахтамон иқдоми лотереяи бурдноки молӣ таҳти унвони "Китоб - манбаи дониш", ки аз ҷониби Муассисаи нашриявии  "Адиб" роҳандозӣ шуда буд, ҷамъбаст гардид.

Идомаи: МАНБАИ ИЛҲОМУ ДОНИШ

КОРВОНИ ВАҲДАТИ МОДАРОН

ҳайати саднафараи  корвони "Модарони ваҳдатсаро" вориди вилояти Суғд гардиданд. ҳайати меҳмонон дар доираи сафари серўзаи худ аз шаҳру навоҳии Панҷакент, Шаҳристон, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Гулистон ва Хуҷанд боздид ба амал оварда, аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилоят дидан намуданд.

Идомаи: КОРВОНИ ВАҲДАТИ МОДАРОН

АЛЛОМА БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА САРНАВИШТИ ШОГИРДИ Ӯ

 

Маҷмўаи очеркҳои Саломиддин Мирзораҳматов аз таърихи пурғановати халқамон, ҳаёти рангину пурмағз ва иддае пурфоҷиаи фарзандони барўманд ва фарзонаи миллат ҳикоят менамояд. Муаллиф Саломиддин Мирзораҳматов ин очеркҳоро бо эҳсосу эҳтироси баланд, бо ҳарорати дил нигоштааст. Биноан, хонандаи соҳибдил дар сари ҳар сатри ин навиштаҳо андеша меронад, ғам мехўрад ва ҳатто сиришки дида мефишонад…

Идомаи: АЛЛОМА БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА САРНАВИШТИ ШОГИРДИ Ӯ

ВАҲДАТ _ ОМИЛИ МУҲИММИ МИЛЛАТОФАР

Қабл аз он, ки дар бораи Ваҳдати миллиамон ҳарфе гуфт, бояд аз корномаи шахсе сухан кард, ки дар таҳкими он ва дар сарнавишти миллату кишвар нақши калидӣ дорад...  

Идомаи: ВАҲДАТ _ ОМИЛИ МУҲИММИ МИЛЛАТОФАР

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved