• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

АНДАРЗИ БУЗУРГОН

Нашриёти давлатии «Адиб» китоби «Андарзи бузургон»-ро дар тарҷумаи нависанда Юнус Юсуфӣ ба нашр расонд, ки фарогири андарзҳои бузургони олам мебошад. Ба андешаи тарҷумон, «Андарзи бузургон» китобест, ки мешавад дар дабистону донишгоҳ истифода кард, дар ҳалқаи фарзандон хонд, ҳамроҳ ба сафар бурд, ба дўстон ҳадя намуд.

Идомаи: АНДАРЗИ БУЗУРГОН

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО АҲЛИ ЭҶОД ВА КОРМАНДОНИ ИЛМУ МАОРИФ

 

 

 

18 март дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ чун анъанаи накуи баҳорӣ бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат мулоқоти самимию судманд анҷом доданд.

Идомаи: МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО АҲЛИ ЭҶОД ВА КОРМАНДОНИ ИЛМУ МАОРИФ

ШУЪЛАИ ИШҚИ ВАТАН

Дар чанд моҳи охир ду маротиба аз телевизиони «Сафина» барномаи консертии ниҳоят дилкашу гуворо ва дар ҳақиқат, шуниданию диданиеро бо ширкати Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саидқули Билол, ки «Шуълаи ишқ» ном дорад ва дар заминаи эҷодиёти Бозор Собир таҳия гардидааст, бо шавқу ҳаваси беандоза тамошо кардам.

Идомаи: ШУЪЛАИ ИШҚИ ВАТАН

СУҲБАТ БО САФИР

28 январи соли равон Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  Низом Қосим Сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ ҷаноби  Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодиро ба ҳузур пазируфт.

Идомаи: СУҲБАТ БО САФИР

БА НОМИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН ИСНОД НАОРЕД!

То дирӯз касони тасодуфие, ки бо ҳар роҳ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуда буданд, бо билетҳои худ ба ҳукумати ин ё он ноҳия рафта, даъвии шаби эҷодӣ ва дигар ниёзҳои худ мекарданд. Яке аз иқдомоте, ки ИНТ гирифт, аз сафҳои худ хориҷ намудани ҳамингуна касони пурдаъвои бебор буд.

Идомаи: БА НОМИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН ИСНОД НАОРЕД!

БИЁ ЭЙ ДЎСТАМ

Бо Шоҳмузаффар Ёдгорӣ хеле дер, ба хаёлам моҳҳои охири пеш аз хатми Донишкадаи давлатии омўзгории пойтахт тасодуфан ҳамсуҳбат шудам. Аз як деҳа будем, шогирди як мактаб, дар Душанбе мезистем , вале чунин ҳолат бори аввал рух дод. Вақти ғуруби хуршед сари тан ҳо аз гулгашти назди бинои муҳташами КМ (хиёбони он давраи ба номи Ленин) мегузаштам, ки аз рў ба рўям Шоҳ баромад. Росташ, ки вай он айём дар назари бисёриҳо ва банда низ шоири ҳавобаланд мутаккабир менамуд. Гўё ҳар касро намеписандид ва ба ҳар кас ёри суҳбату ҳамнишин намешуд. Ба қавли бобои Раҳмати тундзабони кадучигӣ (равонаш шод бод!) “ Назараш абри осмону шоҳаншоҳи оламро намегирифт”. Ҷавонмарди ҷингиламўйи хушсимову озодапўш, дар чашм айнаки сабзфом дар банди андешаву хаёле танҳо қадам мезад. Аслан ман ба ў худро ноошно воменамудам ва мепиндоштам, ба ў зарурати ошноӣ надорад. Аммо Ғоиб Сафарзода, ки бо Шоҳмузаффар ҳамсин, ҳамкор ва дастпарвари як синфи мактаби рақами шаши деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ буданд, гоҳ-гоҳ бо ҷавоншоир ё рўзноманигоре ба хобгоҳи мо донишҷўён ташриф оварда, сари як  пиёла чой суҳбати пурсафое меоростанд: аз таҳсилу орзу ва мақсадҳои оянда пурсида, маслиҳатҳои муфиде ҳам медоданд. Росташ, ки бо ҳамқаламон ба хобгоҳ омадану гирди хони донишҷўён нишастани Ғоиб Сафарзода, аз армонҳои милливу зиёии бедордил ва ҳақталош шудани донишҷўён ҳарф задани онҳо ба мо ҷаҳон-ҷаҳон шодиву таасурот мебахшид. Онҳо ҷавонадибони овозадори   он замон буданд.

Идомаи: БИЁ ЭЙ ДЎСТАМ

ДАР МОСКВА НИМПАЙКАРАИ АБУАБДУЛЛО РӯДАКӣ ГУЗОШТА ШУД

Дар Москва, дар Институти кишварҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов маросими ифтитоҳи нимпайкараи асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс, шоири барҷастаи асри миёнаи Шарқ Абӯабдулло Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ баргузор гардид.

Идомаи: ДАР МОСКВА НИМПАЙКАРАИ АБУАБДУЛЛО РӯДАКӣ ГУЗОШТА ШУД

РАВЗАНАИ КАЛОМИ ТОҶИКӢ

"Памир" - маҷаллаи адабии русӣ -  нашрияи бадеӣ ва ҷамъиятӣ - сиёсии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Шумораи якуми он соли 1949 бо номи  "Литературный Сталинабад" ва шумораи дуюмаш бо унвони "Литературный Таджикистан" нашр шудааст. Аз соли 1959 то 1962 "Гулистон" ном гирифт.

Идомаи: РАВЗАНАИ КАЛОМИ ТОҶИКӢ

ШОҲҶОИЗА БА БУНЁД РАҲНАМО ТАҚДИМ ГАРДИД


14 декабр дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» аз рӯйи чор номинатсия ва рақобат барои Шоҳҷоиза  ҷамъбаст гардид.  Ғолиби  Шоҳҷоиза бо гирифтани 253, 5 хол хонандаи Муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо» Бунёд Раҳнамо дониста шуда,  ба ӯ Шоҳҷоиза  ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 50000 сомонӣ  тақдим гардид.

Идомаи: ШОҲҶОИЗА БА БУНЁД РАҲНАМО ТАҚДИМ ГАРДИД

СИТОИШИ БАРОДАРӢ

Дар арафаи рўзи Президент интишороти "Ношир"  маҷмўаи очерку лавҳа, мақолот ва шеърҳоро бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расонд.

Идомаи: СИТОИШИ БАРОДАРӢ

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved