• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

 

(Суханронӣ дар маросими таҷлили 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода)

Дӯстон, вақти гули хор маро ёд кунед,

Чун гули санг зи куҳсормаро ёд кунед.

Гар бихоҳед, ки ман хуфта набошам дар хок,

Бо дилу дидаи бедор маро ёд кунед.

Ҳар гаҳе, ҷом ба каф,масту гаронҷон хонед

Шеъри Хайём батакрор, маро ёд кунед.

Ман ҳамонам, ки шумодидаву каф кӯфтаед,

Бо ҳамон нангу ҳамон ормаро ёд кунед.

Ғаму шодии ҷаҳон дар дилиман хок шудаст,

Гаҳи ҳар шодиву тимормаро ёд кунед.

Ҷоми умри мани пуршӯр агарнима шикаст,

Сари ҳар мастии саршормаро ёд кунед.

Дар ҳар мисраъу ҳар байти ин ғазал сифатҳои ҳамидаи касони худогоҳу худшинос чида шудаанд ва дар маҷмӯъ инсоне пурдилу комил пеши назарҳо муҷассам мешавад, ки шоир ба ӯ эътимод дорад ва ёдкарду гиромидошти хешро ба ӯ бовару вогузор кардааст.

 

Хушбахтона, имрӯз мебинем, ки сафи чунин инсонҳо, яъне мухотабони дилхоҳи шоир бешумор аст, чун дар маҳфилу анҷуманҳои фаровони илмиву адабиву ҳунарӣ бо ихлосу эҳтироми тамом аз ӯ ёд мешавад ва ашъори дилрасаш вирди забонҳои хурду бузурги диёри шеърдӯсту шоирпарвараш мондааст.

Сухан аз устоди назми муосири тоҷик,Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи байналмилалии «Нилуфар» Лоиқ Шералӣ ва шумо, дӯстдорони воқеии осори мондагори ӯст. Аз номи Раёсати ИНТ, тамоми адибони тоҷик, бахусус дӯстон, ҳамсафон ва шогирдони устод ин маҳфили ёдбуду гиромидоштро муборакбод ва ҳамаатонро ба ин даргоҳ, ки меодгоҳи дилхоҳу ҳамешагии шоири азизамон бо мухлисони осораш буд, хайра мақдам мегӯям.

Устод Лоиқ Шералӣ ҳамагӣ 59 сол умр дид ва инак бист сол боз дар байни мо нест. Чӣ боис аст, ки умри ӯ ҳамоно идома дорад ва мо лаҳзае бе гуфтори ӯ, ашъори ӯ, осори ӯ нестем?

Лоиқ Шералӣ чун як рӯди пуртуғёни кӯҳӣ аз баландии қуллаҳо ба паҳнои шеъри мо омад. Ин рӯди саршори маъ- навӣ батадриҷ густардаву васеътар гардид ва бо шеъри тари хеш натанҳо кишвари кӯчакаш, балки дунёи бекарони форсизабононро шодоб намуд.

Корномаи адабии Лоиқ Шералӣ аз истеъдоди фитриаш сарчашма гирифта, бо пайванди маҷроҳои азими омӯзиш, завқи баланд, заҳматписандӣ, ноқонеъӣ аз хеш ба рӯди бузурги шеъри тоҷик мубаддал гардид. Фаровон ашъори ғарро, тарҷумаҳои дилписанд, мақолаҳои ҷолиб, мусоҳибаҳои хонданиву омӯхтанӣ, ки дар ин умри кӯтоҳ аз хеш ба ёдгор гузошт, ифодаи равшани истеъдоди бузург, заҳматқаринии беназир, масъулияти беҳамто ва ҳиммати баланди инсониву шоирии ӯянд.

Нахустин қавӣ боле, ки Лоиқ Шералии навроҳро парвози баланди шоирӣ дод, эҳсоси поку беолоиши ҷавоне ошиқу содиқ ва пурсавдову пурорзу буд. Баёни ишқи мушаххаси заминӣ, лоқайдиву бетакаллуфии ошиқона, ифодаи амиқу дақиқи ҳолати қаҳрамони дилҷӯю дилдода, самимияти гуфтор боис гашт, ки он ашъор ҳамоно сухани дилу вирди забони ҳазорон ҳамсолону ҳамболони шоир бигарданд ва ба номаҳои пурмуҳаббати ошиқону содиқон табдил биёбанд. Дар ин маврид гуфтаи адиби номварамон бисёр барҷост, ки Лоиқ Шералӣ ошиқтарин шоир ва шоиртарин ошиқи тоҷик аст.

Огоҳии комил, нигоҳи мутафовит ва дили дардошно имкон доданд, ки шоир аз ҳар амиқрафташ ба баҳри бекарони назм бо дурдонаҳои наву пурдурахше берун биёяд. «Модарнома» аз ин қабил аст. Қаблан низ дар адабиёти Тоҷикистону Афғонистону Эрон дар ин мавзӯъ шеърҳо буданд, вале силсилаашъори Лоиқ Шералӣ батамом дигар аст, зоҳиру ботини маҳз модари тоҷикро ифода мекунад, муҳити ӯро пеши назар меорад, аз ҷузъиёти дилрасу муассири ҳаёти вай мегӯяд. Ин ашъор меҳрномаи фарзанди дилсӯзу сазоворест, ки пайваста вирди забони ҳазорон фарзандони арзандаи модарон буду ҳаст ва хоҳад монд.

Табиист, ки баробари ба забон гирифтани номи Лоиқ Шералӣ ба зеҳни ҳазорон хонандагон ғазалҳои пурмазмуни дилнишин, рубоиҳои амиқи ҳакимона, дубайтиҳои равону ширин мерасанд. Дар замоне, ки ин навъҳои маъмули адабӣ аз даҳанҳо афтода буданд, мункирону муқобилони зиёд доштанд ва аз нав вирди забон намуданашонафсонае беш набуд, маҳз бо қареҳаи баланд ва ҷаҳду талошҳои пайвастаи ӯ ин ҳама боз дар мулки сухан тоҷбарсару маснаднишин гардиданд. Мавриди зикр аст, ки ин навъҳо дар бозгӯи шоири тавоно танҳо шаклан суннатианд, ба маънову муҳтаво комилан сухани замон ва ифодагари дунёи ҳамзамонони моянд.

Бо вуҷуди истеъдоди комил ва шуҳрати рӯзафзун Лоиқ Шералӣ дар доираи ашъори соф лирикӣ ва ифодагари муҳити хоси худаш намонд, балки бо қудрати тамом ба паҳнои дигар қадам ниҳод. Чун як шахси огоҳу қаламкаши соҳибдил ба таърихи халқу Ватан сар фурӯ бурд ва саҳифаҳои дурахшони онро шоирона бозгӯ намуд. Бо эҷоди силсилаашъори «Хоки Ватан» ва «Илҳом аз «Шоҳнома» ӯ барҳақ яке аз парчамбардорони худогоҳиву худшиносии миллӣ ва ватандӯстии заминии самимонаест, ки солҳои шаст шурӯъ шудаву ду даҳсолаи дигар комёбона идома ёфт ва ашхоси огоҳдили чанд наслро дар ин рӯҳия тарбия кард.

Дар давраи душвори ҳаёти халқу Ватан низ Лоиқ Шералӣ ҳамон шоири дилу рӯҳ боқӣ монд. Ашъори ҷонсӯзи давраи даргириҳо, таронаҳои дилнавози тараннумгари Истиқлолияти давлатӣ, нахустин шодбошии манзуми Сарвари давлатамон баъди расидан ба сулҳу салоҳи миллӣ марҳалаҳои дигари шеъри лоиқона аст, ки дар умқи рӯзу рӯзгори ин миллату давлат реша доранд.

Эҷодиёти пурбори Лоиқ Шералӣ расман бо шеъре сар мешавад, ки «Ном» ном дорад. Шоир ҳама корро баҳри соҳибном шудан ботил медонад ва хонандаро тавассути корҳои нек ба сабти номи хеш дар дили мардум мехонад. Ин шеъри содаву самимиро метавон нахустмаромномаи шоир номид, ки худ комилан ба иҷро расондааст. Ному кори ӯ тавассути мавзӯъҳои замону ҷовидон, дилрасии ифода, забону баёни ширини тоҷикона, таъбирҳои тозаи шоирона, калимасозиву ибораороии устувори устодона ва дар маҷмӯъ аз шарофати ашъори мондагори рӯҳбахшу дилбардор дар лавҳи дили ҳазорон хушгилу соҳибдил сабт аст ва то абад вирди забони дӯстдорон хоҳад монд.

Агар, эй дӯстон, аҳли сафоед,

Ба дарди шоирон гар ошноед,

Аҷал чун чашми шоирро бипӯшад,

Шумо девони шеърашро кушоед.

Девони Лоиқ Шералӣ ҳамеша рӯёрӯи дилҳову ҷонҳои муштоқони назми воло боз асту барои онҳо лаҳзаҳои ҳамдамии гувороро бо ёди неку рӯҳи абадзиндаи абарустоди шеъри муосири Тоҷикистон муҳайё мекунад.

Низом ҚОСИМ,

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved