(Маърӯзаи ҳисоботии Раиси Иттифоқи нависандагони
Тоҷикистон Низом Қосим дар Анҷумани 15-уми нависандагони мамлакат)
Вакилони муҳтарами анҷуман, ҳамқаламони азиз, меҳмонони арҷманд!
Имсол соли чорабиниҳои муҳими сиёсие буд, ки халқу давлатамон бо сари баланду рўи сурх гузаронданд. Бахусус, интихоботи вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омилҳои муттаҳидсози ҷомеа табдил ёфта, ваҳдати устувори мардум ва дастгирии комили сиёсати сулҳҷўёна, ваҳдатгароёна ва бунёдкоронаи давлатамонро аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеа равшан нишон доданд.
Аз қадимулайём орзуву ормони ҳар як халқу сарзамин доштани давлат буду ҳаст ва маҳз ҳамон халқҳое дар таърихи инсоният аз худ нақше гузоштаанд, ки давлатҳои барҷову устувор доштаанд.
Идомаи: СУХАНРОНИИ РАИСИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН НИЗОМ ҚОСИМ
Низом ҚОСИМ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сарнавишти тамоми халқҳои Иттифоқи Советӣ нақши абадие барҷо гузошт. Истилогарони Ватани беканори ин халқҳо золимона ҳазорон шаҳру деҳро хароб ва разилона даҳҳо миллион сокинони онро қурбон намуданд. Ҳам дар раҳгузари он боди самум ва ҳам ҳазорон километр дур аз он хонадоне набуд, ки заҳри он ҷангро начашида бошад.
Низом Қосим,
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,
Шоири халқии Тоҷикистон
Ҳарчанд ки дар бораи Миробид Саййидои Насафӣ маълумоти шарҳи ҳол хеле кам аст, барои муаррифии ў ба аксари хонандагон ҳоҷат нест ва, агар гоҳе ин кор ногузир бошад, хеле кўтоҳ хоҳад буд: шоири ашъори хуб.
Ғаффор Мирзо яке аз адибони сермаҳсули нимаи дуюми асри бисти мост, ки бо маҷмўаҳои зиёди ашъор, достонҳо, китобҳо барои бачаҳо, ҳикояҳои муассиру очеркҳои масъалагузор, тарҷумаҳо аз бузургони адабиёти дигар халқҳо ва мақолаҳои тунду тезу баҳсбарангезаш оид ба ҳаёту адабиёт шуҳрати сазовор дорад. Муаллифи нахустин ва алҳол ягона романи манзуми "Фарзанди ҳукумат" дар адабиёти тоҷик низ ўст ва ҳоло сухан аз хусуси он аст.
Маърӯзаи Низом ҚОСИМ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Маҷлиси Садорати ИНТ, 31 май 2019
Давлати соҳибистиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таълиму тарбияи насли наврас, дарёфти истеъдодҳои нав ва рушди онҳо пайваста тадбирҳо меандешад. Дар ин самт барномаҳои махсус низ таҳияву тасдиқ гардидаанд. Аммо пўшида нест, ки имрўз насли наврас дар замони душвор, вазъияти мураккаб, равандҳои пурихтилоф, таҳдидҳои бешумор, таблиғоти раҳгумсоз, таассуби шадиди сиёсиву мазҳабӣ камол меёбад. Аз ин рў, тарбияи маънавии бачаҳо, наврасон ва ҷавонон аз вазифаҳои аввалиндараҷаи на танҳо давлат, балки тамоми ҷомеа ба шумор меравад.
Низом Қосим,
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Суханронӣ дар Конфронси байналмилалии "Масъалаҳои умдаи омўзиш ва тарғиби адабиёти классикӣ ва муосири ўзбек дар миқёси байналхалқӣ",
Тошканд, 7 августи соли 2018
Иди бузурги Наврўз, ки аз қаъри замонҳо расида, арзандаву сазовор мақоми ҷашни байналмилалӣ касб намудааст, бо фарорасии хеш натанҳо табиатро бехазону дилҳоро ҷавон месозад, балки пайваста ба оламу одам муждаву пайғомҳои нек меорад ва туҳфаҳои ғайриинтизор тақдим мекунад. Наврўзи имсола, бахусус барои ду халқи қариндилу қаринҷон - тоҷикону ўзбекон, ҳадяи бемисоле овард, ки ҳамагон дер боз интизораш буданд.
Ато МИРХОҶА
2-3 июли соли равон дар пойтахти Қазоқистон ба муносибати 20-солагии шаҳри Остона Ҳамоиши якуми шаҳриёрони мамлакатҳои Роҳи бузурги абрешим баргузор гардид, ки дар бахши фарҳангии он аз кишвари мо муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа ва академики Академияи улуми Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илму техника, профессор Нуриддин Қаюмов иштирок карданд.
Дар ҳамоиш аз 60 давлати ҳавзаи Роҳи бузурги абрешим шаҳрдорон, пешгомони тиҷорати ҷаҳонӣ, сохторҳои молиявӣ, арбобони давлатӣ ва илмӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ, ВАО намоянда доштанд.
Дар кори мизи мудаввар дар мавзўи "Нақши адабиёт ва фарҳанги кишварҳои ҳавзаи Роҳи абрешим" муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа ширкат намуда, оид ба мавзўи номбурда, аз ҷумла, чунин изҳори ақида намуд:
Дар мавзуи "Нақши адабиёти бадеӣ дар таҳ кими Ваҳдати миллӣ"
Ҳамагон шоҳид будем, ки дирӯз дар шаҳри ҳамноми ин иди муқаддасамон 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ботантана ҷашн гирифта шуд. Он таҷассуми сиёсати сулҳ парваронаву ваҳ датофари давлатамон гардида, бори дигар муттаҳ идии мардумро зери парчами ғояҳ ои бунёдкориву созандагии Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳ урии Тоҷикистон муҳ тарам Эмомалӣ Раҳмон равшан нишон дод.
Низом ҚОСИМ
Раиси Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон
Чанде пеш мо 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии азизамонро ботантана қайд кардем. Он воқеан ҷашни тамоми халқ буд, чунки барояш мардуми худшиносу худогоҳамон умрҳо ҷаҳду талошҳо намудаанд.
Истиқлолият, бахусус, ормони ҳамешагии адибон буд ва тақрибан асари дилрасе нест, ки бевосита ё бавосита ба ин масъала иртибот надошта бошад. Бо вуҷуди ин, ҳатто аҳли адаб пурра тасаввур карда наметавонист, ки Истиқлолияти давлатӣ барои рушди миллату давлати мо чӣ имкониятҳое фароҳам меорад.
Адибони мо, дар баробари тамоми мардуми мамлакат, баргузорӣ ва ҷараёни Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз 16-ум то 22-юми ноябри соли 1992 дар куҳаншаҳри диёрамон - Хуҷанд сурат гирифт, бо ҳаяҷону изтироб ва як ҷаҳон умедворӣ истиқболу мушоҳида намуданд. Натиҷа ва қарорҳои он дар дили ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ, аз ҷумла адибон, шуълаи умеду боварро ба ояндаи неки кишвар, ба ҳаёти осоишта ва сулҳи пойдору созандагӣ барафрӯхтанд. Ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ - Сарвари давлат интихоб шудани ҷавонмарди далеру соҳибдил Эмомалӣ Раҳмон, ки мардуми Тоҷикистон аз суханрониҳои пурмуҳтавою дилсӯзонааш дар иҷлосияҳои Шӯрои Олӣ мешинохтанду эҳтиромаш мекарданд, ин бовару умедро тақвият бахшид. Хусусан, қасами сарвари тозаинтихоби давлат дар мавриди зарурати истиқрори сулҳ, бозгардонидани гурезагони иҷборӣ ба Ватан, таъмини оштиву ваҳдати миллӣ ва даъвату талқинҳои пайвастааш оид ба худшиносиву худогоҳӣ, бедориву ҳушёрии сиёсӣ, шинохту омӯзиши арзишҳои миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихии халқ адибони тоҷикро рӯҳбаланд ва ба офаридани асарҳое раҳнамун гаштанд, ки ҳадафҳои мазкурро дар либоси бадеӣ ифода ва тарғиб намуданд.
Copyright © 2017. All rights Reserved