• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

АЗ ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ РЎЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рўзи Ваҳдати миллӣ, ки яке аз ҷашнҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолии кишварамон мебошад, самимона табрик мегўям.

Идомаи: АЗ ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА...

ИРОАИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

26 декабри соли 2019 дар толори калони «Кохи Сомон»-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Идомаи: ИРОАИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамватанони азиз!

Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд.

Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.

Идомаи: СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ИҚДОМИ БАШАРДЎСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Ҳафтаи сипаришуда бузургтарин расонаҳои хабарии ҷаҳон аз ҷумла, "Озодӣ", "ББС", "Евронюс", "Ал-арабия", "Ал-Ҷазира", "Мавҷи Олмон", "РИА-Новости" ва даҳҳо шабакаҳои дигар  дар баробари муҳимтарин хабару воқеаҳои олам дар мавриди боз як иқдоми миллию башардўстона ва инсонсолоронаи Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориш пахш намуданд. Асоси ин гузориш бозгардондани 84 кўдаки тоҷик аз маҳбасҳои кишвари Ироқ мебошад, ки бо дастури бевоситаи Президенти кишвар ба Ватан оварда шуданд.

Идомаи: ИҚДОМИ БАШАРДЎСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

СУХАНРОНӢ ДАР МАРОСИМИ «КОРВОНИ НАВРӮЗӢ» ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳамватанони азиз!

Ин лаҳзаҳо, ки ҷашни бузурги миллиамон – Наврӯзи ҷаҳонӣ фаро расидааст, тамоми сокинону меҳмонони пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол - шаҳри Душанберо самимона табрик мегӯям.

Боиси сарфарозии ҳар яки мост, ки дар шаҳри Душанбе – пойтахти зебои давлати Тоҷикистон ва хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон таҷлили Наврӯзи бостонӣ сол ба сол шукӯҳу шаҳомати хосса пайдо мекунад, ки маросими баргузории яке аз падидаҳои нодири фарҳанги наврӯз, яъне «Корвони наврӯзӣ» намунаи он мебошад.

Идомаи: СУХАНРОНӢ ДАР МАРОСИМИ «КОРВОНИ НАВРӮЗӢ» ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӯЗ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам сокинони шаҳри Душанбе!

Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони пойтахти кишвари азизамон – шаҳри Душанбе бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил, ойини бостонии милливу мардумӣ ва соли нави аҷдодиамон - Наврӯзи оламафрӯзро бо хурсандиву хушҳолии зиёд таҷлил менамоянд.


Бо истифода аз фурсат, бори дигар кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, сокинону меҳмонони пойтахт ва ҳамаи шумо - ҳозирини тантанаҳои имрӯзаро ба ифтихори Наврӯзи фархундапай, ки дар Наврӯзгоҳи зебои шаҳри Душанбе баргузор мегардад, самимона табрик мегӯям.

Таърихи ҷашни Наврӯз, ки аз қаъри ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад, бо сарнавишти пурпечутоб, вале пурифтихору ибратомӯзи халқи тоҷик робитаи ногусастанӣ дорад.

Мардуми фарҳангсолори мо ин ҷашни бостониро аз гузаштагони худ ба мерос гирифта, онро дар суннату анъанаҳо, ҳунарҳои мардумӣ ва адабиёти хаттиву шифоҳӣ бисёр васеъ ва ба таври шоиста инъикос кардаанд.

Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни мардумӣ ва як ҷузъи зиндагиву ҷаҳонбинии халқи мо ба ҳисоб меравад.

Ҳоло хурду бузурги кишварамон ба Наврӯз ва суннату ойинҳои он арҷ мегузоранд, барои дар сатҳи баланд доир намудани он омодагӣ мегиранд ва ин суннати деринаро бо шодмониву нишоти хосса таҷлил мекунанд. 

Мутафаккири бузурги халқамон Абӯрайҳони Берунӣ Наврӯзро “пешонаи сол” ҳисобида, ин ойини мардумиро оғози эҳёи табиат ва омили баракати заҳмати деҳқон ва фаровонии хони мардум медонад.

Воқеан, Наврӯз на танҳо оғози кори марди деҳқон, балки шурӯъ гардидани ҳама гуна ташаббусҳои созанда ба хотири боз ҳам ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ, тозаву озода намудани манзили зист, сарсабзу гулпӯш кардани хиёбону майдонҳо дар тамоми қаламрави кишвар, аз ҷумла пойтахти он мебошад.   

Қомат афрохтани даҳҳо иншооти иҷтимоӣ, аз қабили мактабу кӯдакистонҳо, муассисаҳои тиббӣ, толору майдонҳои варзиш, инчунин, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ низ, ки натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми диёрамон мебошад, нишонаи возеҳи ободӣ, рушд ва торафт беҳтар шудани шароити зиндагии ҳамватанонамон, аз ҷумла сокинони пойтахти азизамон ба ҳисоб меравад.

Бовар дорам, ки дар оянда низ чунин амалҳои созанда вусъати бештар касб мекунанд ва то 30 - солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шаҳри Душанбе тавассути бунёди садҳо иншооти нав боз ҳам обод гардида, дар он барои сокинон ва сайёҳону меҳмонони пойтахт шароити муосири зиндагӣ ва истироҳату фароғат фароҳам оварда мешавад.

Мо солҳои 2019-2021-ро Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кардем. Итминон дорам, ки соҳибкорону тоҷирони ҳимматбаланд, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва ҳунармандони мо дар пойтахт ибтикороти нави созандаро амалӣ месозанд. Айни замон дар кишвари азизамон татбиқи ҳадафи чаҳоруми миллӣ- саноатикунонии мамлакат оғоз шудааст.

Эътимоди комил дорам, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе якҷо бо соҳибкорони ватандӯст ҷиҳати бунёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, бо ҳамин роҳ барои бо шуғли доимӣ таъмин намудани сокинон, бахусус, ҷавонони шаҳр шароити мусоид фароҳам меоранд.

Бо умеди он. ки Наврӯзи имсола боиси фатҳу кушоишҳои нав барои ҳамватанони азизи мо хоҳад гардид, бори дигар ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон, сокинони пойтахт ва шумо - ҳозирини гиромиро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тандурустӣ, комёбӣ, бахту саодат ва файзу баракати наврӯзӣ орзу менамоям.       

Наврӯз муборак бошад!

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved