• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ДУРАХШИ НАСЛИ НАВ

 

Рўзи нуҳуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» хотирмонтар ҷараён гирифт.  Ёдовар мешавем, ки дар рўзи нахустини озмун намояндагони ВМКБ, дар рўзҳои дуюму сеюм довталабони вилояти Суғд, рўзҳои чоруму панҷум намояндагони вилояти Хатлон, рўзи шашум ва ҳафтум довталабон аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва рўзҳои ҳаштуму нуҳум довталабони шаҳри Душанбе ширкат намуданд.

Идомаи: ДУРАХШИ НАСЛИ НАВ

ХАЛҚИ МО ПАЙВАНД БОШАД БО КИТОБ

 

7-уми декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид, ки дар ин лаҳзаҳо аз рўи панҷ номинатсия идома дорад.

Дар оғози маросими бошукўҳ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода  зикр намуд, ки  озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»  бо иқдомҳои наҷибу фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, бо мақсади  баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, нутқи отифӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ  тибқи Амри Президент аз рўйи панҷ номинатсия бо фарогирии мавқеъҳои бештар баргузор мешаванд.

Дар ҷаласаи ифтитоҳии озмун вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, президенти АМИ ҷТ Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва дигарон сухан гуфтанд. Баъд аз анҷоми қисмати муқаддимавӣ озмун дар ҳамаи номинатсияҳо ба кори худ шурўъ намуд.

Нахуст дар озмун аз рўйи 5 номинатсия аз Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон иштирок намуданд. Минбаъд бо ҳамин тартиб намояндагони вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида мешаванд.

 Дар Китобхонаи миллӣ 5 толори махсус  барои ҳар номинатсия ҷудо шудаву озмун дар онҳо ҷараён дорад.

Шумораи иштирокчиён дар даври ҷамъбастии озмун аз рўи 5 номинатсия  269 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин:

-дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик - 67 нафар;

-дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик - 62 нафар;

-дар номинатсияи адабиёти бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик - 54 нафар;

-дар номинатсияи хондан ва  аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон - 61 нафар;

-дар номинатсияи шоирӣ - 23 нафар мебошад.

Аз ҷумла, 9 нафар аз ВМКБ, 59 нафар аз вилояти Суғд, 79 нафар аз вилояти Хатлон, 62 нафар аз ноҳияҳои тобеи марказ ва 58 нафар аз шаҳри Душанбе.

Маҳорати иштирокчиёни озмунро аз рўи ҳар номинатсия  ҳакамон аз ҳисоби олимон, адибон ва устодони шинохтаи мамлакат баҳогузорӣ мекунанд.

Озмуни мазкур аз озмуни соли гузашта ба куллӣ фарқ дошта, ҳар номинатсия ба се гурўҳ ҷудо шудааст, яъне теъдоди ҷоизаҳои якуму дуюму сеюм дутоӣ зиёд шудаанд, аз ҷумла;

-тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ;

-донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо);

-калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат).

 

АМИТ «Ховар»

 

САВГАНДИ ВАТАНДОРӢ

 

30 октябри соли 2020 маросими ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ намудани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи муқаррароти расмӣ баргузор гардид.

Хотиррасон бояд намуд, ки рўзи 11 октябри соли 2020 ба тариқи интихоботи умумихалқӣ номзад аз Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 90,92 % овози интихобкунандагон аз нав ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

Маросими мазкур дар Қасри Миллат, Кохи Сомони бўстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар майдони Дўстии пойтахт бо савгандёдкунии афроди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

АҲДИ ҶАВОНМАРДӢ

Илҳом аз маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Дасти деҳқон баски ҷунбондаст маҳди Пешво,

Содаву пурбовару сахт аст аҳди Пешво.

«Ман будам бо халқаму бо халқ ҳастам умрбод!» –

Ин шакар омад бурун аз кони шаҳди Пешво.

 

«Ҳамнафас бо халқи худ ҳастам, қасам бар Зоти Пок,

Чун маро танҳо зи халқам қудрату неру бувад».

Ҳар кӣ бошад бо Худо, оре, бувад бо халқи худ,

Ҳар кӣ бо халқ аст, оре, бо Худо ҳам ў бувад!

 

Халқи тоҷик Пешвояшро раёсат додааст,

Пешво бар халқи худ эъҷози ваҳдат додааст.

Халқи тоҷик Пешвояшро муҳаббат додааст,

Пешво бар халқи худ осуда давлат додааст.

 

Дар ҷаҳони қудрати дороиву ғавғову кин

Давлати осуда гар дорӣ, туӣ доротарин.

Давлати осуда гар дорӣ, туӣ донотарин,

Давлати осуда гар дорӣ, туӣ волотарин!

 

«Аҳди ман аҳди ҷавонмардист бо халқу Ватан,

Ҷон ба ҷон бо халқ ҳастам, бо Ватан ман – тан ба тан!»

Пешво гўяд, ки дар ҳар ҳарфи худ дорад ниҳон

Қудрати Роғуну волоии Парчам аҳди ман!

 

Гарчи ҳар дам медиҳад олам зи хавфи нав хабар,

Давлатамро ҳифз месозам ман аз хавфу хатар!

Ин амонатро хиёнат ман накардам ҳеҷ гоҳ,

Ҳам намебахшам хиёнатро ба ҳар шахси дигар!

 

Парварад андешаи ман раҳнамоии дигар,

Кори дигар, фатҳи дигар, раҳкушоии дигар.

Ман барои гулшукуфти ин Ватан дорам ҳанўз

Дар бисоти хеш сад ҷони фидоии дигар!

Ато Мирхоҷа

ПАДАРИ ҒАМХОРИ ХАЛҚ

 

Ифтихормандам, ки соли 2006 дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси эътимодноки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будам.

Соли як ҳазору нуҳсаду шасту нўҳ ба кишвари Афғонистон сафар намуда, дар сохтмони шоҳроҳҳои Пули Хумрӣ - Мазори Шариф - Шибирғон ва Мазори Шариф - ҳайратон (рў ба рўи шаҳри Тирмиз) тарҷумон будам. Он вақт ин мамлакати хеле қафомонда молу амволро дар роҳҳои каҷу килеб ва серчангу пурлой бо қофилаи маркабу аспу шутур интиқол менамуд. Давлати Шўравӣ дар Афғонистон умуроти  беназири ободониро анҷом дода, роҳҳои замонавии асфалтпўш эъмор кард ва тамоми марказҳои вилоётро бо ҳамдигар ва ба пойтахти кишвар васл намуд.

Идомаи: ПАДАРИ ҒАМХОРИ ХАЛҚ

ПОДОШИ ЗАҲМАТУ ИСТЕЪДОД

 

28 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Идомаи: ПОДОШИ ЗАҲМАТУ ИСТЕЪДОД

ХУШ ОН ШЕЪРЕ…

 

ХУШ ОН ШЕЪРЕ…

Ба муаллифи Суруди миллӣ

Гулназар Келдӣ

Хуш он шеъре,

Ки бошад инъикоси қудрату

азму мароми халқ;

Идомаи: ХУШ ОН ШЕЪРЕ…

ГУЛНАЗАР КЕЛДӢ

Адибони тоҷик, халқи фарҳангпарвару суханшиноси кишвар, дўстони сершумори хориҷии маданияти волои он бо шоири барҷастае видоъ намуданд, ки истеъдоди дурахшони хешро барои рушди адабиёти миллӣ, обрў ва ҷилои тоза пайдо кардани шеър ва, умуман, адабиёт, бахшида буд.

Идомаи: ГУЛНАЗАР КЕЛДӢ

ҲАМДАРДӢ БА ПАЙВАНДОНИ ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ГУЛНАЗАР КЕЛДӢ

Шоири маҳбуби мардуми тоҷик, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Гулназар Келдӣ дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ баён намуданд.

ГУЛНАЗАР КЕЛДӢ МУАЛЛИФИ СУРУДИ МИЛЛӢ ДАРГУЗАШТ

Шоири маҳбуби мардуми тоҷик, муаллифи суруди миллии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт.

Идомаи: ГУЛНАЗАР КЕЛДӢ МУАЛЛИФИ СУРУДИ МИЛЛӢ ДАРГУЗАШТ

СИТОРАГОНИ НАВТУЛЎЪИ ТОҶИКИСТОН

 

Аз 6 то 10 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ  миёни оҳангсозон, сарояндаҳо, навозандаҳо, шоирон ва ровиён даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" баргузор гардид.

Идомаи: СИТОРАГОНИ НАВТУЛЎЪИ ТОҶИКИСТОН

АВРУПО: ХОНАИ ОЗОДӢ Ё ПАНОҲГОҲИ ҶИНОЯТКОРОН?!!

Чанде пеш бо тасмимоти Созмони аҳдномаи ҳамкорӣ дар Аврупо ё ба истилоҳ САҲА  дар шаҳри Варшава нишасти анъанавӣ, ки ҳамасола вобаста ба вазъи демократия, озодии баён, аҳзоби сиёсӣ ва дар маҷмўъ перомуни раванди рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварҳо баргузор мешавад, анҷом ёфт.

Идомаи: АВРУПО: ХОНАИ ОЗОДӢ Ё ПАНОҲГОҲИ ҶИНОЯТКОРОН?!!

ТАДҚИҚОТИ САРШОРИ МЕҲР

ё худ андешаҳо баъд аз мутолиаи рисолаи

устод Садрӣ Саъдиев

Адабиётшиноси маъруфи тоҷик, доктори улуми филологӣ, профессор Садрӣ Саъдиев зиёда аз сӣ сол боз дар Самарқанд машғули эҷод буда, дар ин муддат ба соҳаи мазкур саҳми босазое гузоштааст. Таълифоте, ки устод дар ин муддат анҷом додааст, аз қабили рисолаҳои «Адабиёти тоҷик» (асрҳои XVI-XIX ва ибтидои асри XX), «Малеҳои Самарқандӣ ва тазкираи ӯ», «Инъикоси ҳаёти халқ дар адабиёти тоҷики асри XVII», «Нақшбандия ва таъсири он ба адабиёт», «Тамоюлҳои асосии мазмуни ғоявии адабиёти тоҷики асри XII», «Маркази адабии Самарқанд дар шоҳроҳи таърих» ва ғайра дар раванди ҷустуҷӯҳои илмии адабиётшиносии муосир қарор гирифтаанд.

Идомаи: ТАДҚИҚОТИ САРШОРИ МЕҲР

НИЗОМ ҚОСИМ: «90-СОЛАГИИ ҶУМЪА ОДИНА БО ШУКӯҲУ ШАҲОМАТИ ХОССА ТАҶЛИЛ ХОҲАД ГАШТ»

Имрӯз дар Душанбе бо ташаббуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар мавзӯи «Озодандешӣ дар осори Ҷумъа Одина» конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ медиҳад, дар ҳамоиш ректори ДМТ Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва дигар намояндагони илму адаб иштирок доштанд.

Идомаи: НИЗОМ ҚОСИМ: «90-СОЛАГИИ ҶУМЪА ОДИНА БО ШУКӯҲУ ШАҲОМАТИ ХОССА ТАҶЛИЛ ХОҲАД ГАШТ»

ҲАМНИШИНЕ БЕҲ АЗ КИТОБ МАХОҲ!

 Ҷиҳати татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон АМИТ «Ховар» ба Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» 300 нусха китоб ҳадя намуд

Тавре пештар хабар додем, ба ифтихори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2019 таҳти сарпарастии Пешвои миллат миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор карда мешавад. Дар ин бора Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019 ба имзо расид. Ҷиҳати татбиқи амалии ин озмун имрӯз АМИТ «Ховар» ба МД Маркази  таълимии “Чароғи ҳидоят” 300 нусха китоб ҳалдя намуд.

Идомаи: ҲАМНИШИНЕ БЕҲ АЗ КИТОБ МАХОҲ!

ПОСДОРИ ГАНҶИНАИ АДАБ

Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 110-солагии академики АИ ҶТ, Ходими хизматнишондодаи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳурии Ўзбекистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино АбдулҒанӣ Мирзоев маҳфили ёдбуд баргузор гардид.

Идомаи: ПОСДОРИ ГАНҶИНАИ АДАБ

ДАР МАДДИ НАЗАР ИНСОН

                                                                   

Низом ҚОСИМ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дар сиёсати ҳамарўзаи давлатдорӣ низ рухдодҳое ҳастанд, ки аз рўйи моҳияту таъсир ба ҳаёти моддию маънавии халқ ва шууру рўҳияи шаҳрвандон мақоми муҳим пайдо мекунанд ва ҷузъи кору рўзгорашон мешаванд. Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз ҷумлаи чунин рухдодҳои муҳим аст, ки дар анҷоми ҳар сол дастовардҳоро зикру таҳлил ва тарҳи бунёдкориҳои ояндаро муайян мекунад.

Идомаи: ДАР МАДДИ НАЗАР ИНСОН

НБО-И РОҒУН – ИФТИХОРИ ДАВРОН

Суханронии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози кори агрегати якуми Неругоҳи барқи обии "Роғун"  16. 11. 2018, шаҳри Роғун

Ҳамватанони азиз!

Бунёдкорони Неругоҳи барқи обии "Роғун"!

Меҳмонон ва ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз шодиву нишоти мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳадду канор надорад, чунки орзуи чандинсолаи хурду бузурги кишвар - ба кор оғоз кардани агрегати якуми иншооти тақдирсози мамлакат - Неругоҳи барқи обии "Роғун" ва истеҳсоли барқи аввалин дар он амалӣ гардид.

Ин санаи таърихӣ дар таърихномаи навини Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр бо ҳарфҳои заррин сабт ва боиси ифтихору сарфарозии наслҳои имрӯзу ояндаи халқамон мегардад.

Ба ин муносибат кулли сокинони мамлакат ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона ва сидқан табрик менамоям.

Идомаи: НБО-И РОҒУН – ИФТИХОРИ ДАВРОН

НИШОНИ САДОҚАТ

Дар қароргоҳи бинокорон мулоқоти навбатии аҳли адабу ҳунар, олимону ходимони соҳаҳои гуногун бо заҳматкашони НБО-и Роғун љараён дошт. Шеърхонии шоирону рақсу таронаҳои ҳофизони Филармонияи давлатии Тољикистон, ҳарфҳои самимию илҳомбахши меҳмонон коргарону мутахассисонро оҳиста-оҳиста љазб менамуд. Маҳфил серодамтар, шодию тараб бештар эҳсос мегардид. Меҳмонону мизбонон либоси коргарӣ ба тан доштанд. Фарқ кардан мушкил буд, ки киҳо бинокорони ҳақиқӣ ҳастанду киҳо меҳмонанд. Шоирону нависандагон, рўзноманигорон, вакилони парлумон, як гурўҳ собиқадорони  муҳтарами љумҳурӣ бо рўҳи болида ва ифтихор лаҳзае дар қатори бетонрезону нақбканон, ронандагони "Белаз"-у булдозерҳои қудратманд, муҳандисону лоиҳакашон, дар маљмўъ, бинокорони Неругоҳи  барқи обии Роғун худро дар бунёди  ин кохи нури замон саҳмгузор ҳис мекарданд.

Идомаи: НИШОНИ САДОҚАТ

СУРХ, САФЕД, САБЗ…

 

Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистонро рангҳои ишқу умеду шукуфоӣ арзёбӣ мекунад

Парчам давлатии мо, парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар канори Қасри миллат, дар баландии эътимоду эътиқод, дар замини меҳр ва зербуни  муҳаббати мо сар ба осмонҳо афрохтааст…

Парчаме, ки рамзи муқаддаси озодӣ ва ҳувияти миллии халқи куҳанбунёд ва тамаддунпарвари тоҷик аст;

Парчаме, ки намои дурахшон ва оинаи мусаффои таърихи ҳазоронсолаи халқи маърифатофар ва башардӯсти мост;

Идомаи: СУРХ, САФЕД, САБЗ…

НУРИ БЕНИЁЗИ СУХАН БУД

Ба тахмин ҳамин ду ҳафта пеш телефонӣ суҳбат доштем. Ҳофизи ҷавони боистеъдод Тулқун Тоҷибоев як таронаашро барои барномаи муҳимми сиёсию фарҳангие ба оҳанг дароварда буд ва баъди баррасии ҳайати эҷодӣ бо мақсади хушоҳангии бештари суруд чанд калима бояд бознигарӣ мешуд. Нурмуҳаммад телефонӣ гуфт, ки дар беморхона аст, барояд, мебинад ё шеъри нав менависад. Гуфтам, ки зуд таҳрир кардан лозим, ки аз барнома наафтад. "Набошад, худат бин, - гуфт ба оҳанги хоси худ, - мабодо ту ҳам ба беморхона афтода монӣ, ман ягон шеъратро дуруст мекунам!"

Идомаи: НУРИ БЕНИЁЗИ СУХАН БУД

СУХАН ҲАР ОН ЧИ КИ ХУШТАР БУВАД, МАНАШ ГУФТАМ!

 

Ба ифтихори 160-солагии Шамсиддин Шоҳин конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, имрӯз дар шаҳри Душанбе конференсияи ҷумҳуриявии илмиву адабӣ ба ифтихори 160 — солагии яке аз шоирони номвари нимаи дуюми асри Х1Х тоҷик Шамсиддин махдуми Шоҳин таҳти унвони «Шамсиддин Шоҳин ва адабиёти тоҷики асри Х1Х» доир гардид. Ҳамоиш бо  ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АИ ҶТ, Маркази мероси хаттии АИ ҶТ ташкил гардида, дар ду бахш-забон ва адабиёт, таърих ва фарҳанг давоми рӯз ҷараён мегирад.

Идомаи: СУХАН ҲАР ОН ЧИ КИ ХУШТАР БУВАД, МАНАШ ГУФТАМ!

Подкатегории

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved