Устод Айнӣ яке аз ситораҳои дурахшони назми ўзбек Ҳамид Олимҷонро, ки бо шеърҳои дилкаши худ ба бўстони адабиёти ўзбек ҳусну таровати дигар бахшидааст, бо меҳри падарӣ ва устодӣ дўст медошт. Дар навбати худ дар қалби Ҳамид Олимҷони ҷавон нисбат ба инсони табаррук устод Садриддин Айнӣ меҳру муҳаббати беандоза ҷўш мезад.
Қабл аз оғози маҳфили адабӣ овози Мирзо Турсунзода, ки шеъри мондагори худ «Шоиро»-ро қироат менамуд, шунавониданд. Бад-ин васила, онҳое, ки садои устодро нашунида буданд, шуниданд.
Яке аз муҳимтарин вежагиҳои осори адабиётшиносии устод Садриддин Айнӣ инсонпарварӣ ё ба истилоҳ гуманизм мебошад, ки махсусан дар мақолоти мухталиф ва рисолаи бузурге, ки бахшида ба ҳаёту эҷодиёти асосгузори адабиёти классикии ўзбек Алишери Навоӣ таълиф намудааст, ба хубӣ аён аст.
Иқдоми неку наҷиберо, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиеёв дар самти барқарор намудани муносибатҳои неки ҳусни ҳамҷаворӣ, дўстиву рафоқат байни ду кишвари дўсту бародар роҳандозӣ намуданд, онро аҳли илму адаби ҳарду давлат хуш пазируфта, бо тариқи худ тарғиб мекунанд.
Вақте ки оби равони ду ҷўй як мешавад, дарёи пуробе ба вуҷуд меояд. Он дарё ба одамони зиёд манфиат мебахшад ва имкони хушбахтона ва пурсамар зиндагӣ карданро ато менамояд. Ин ташбеҳ ба сафари Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар даҳаи аввали моҳи марти соли равон ҷараён гирифт, комилан муносиб аст. Ин сафар ба шарофати даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардид. Фурсате фаро расид, ки офтоб зулмотеро, ки муддати чандин сол ду халқи бародарро аз ҳам ҷудо мекард, пароканда намояд.
Хабарнигори ӮзА бо раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, шоири мардумии Тоҷикистон Низом ҚОСИМ, ки дар айни ҳол дар кишварамон аст, доир ба робитаҳои адабии халқҳои ӯзбеку тоҷик суҳбат орост. Ӯ аз ҷумла гуфт:
– Муносибатҳои халқҳои ӯзбеку тоҷик, ки дину ҷаҳонбинӣ, урфу одат ва анъанаҳояшон муштарак аст, дар бӯстони адабиёт низ шабоҳатҳои зиёде пайдо кардааст. Намунаҳои фолклор, достонсароӣ ва адабиёти муосири ду халқ низ ҳаммазмунанд.
Идомаи: НИЗОМ ҚОСИМ: РОБИТАҲОИ АДАБӢ ДӮСТИИ ХАЛҚҲОЯМОНРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД
Дар вохӯрӣ байни сарони ду давлат, ки моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе ба амал омад, чун дигар соҳаҳо бобати ҳамкории маданиву маърифатӣ, зинда кардани анъанаҳое, ки ба мустаҳкамсозии робитаҳои адабӣ марбутанд, табодули фикр ба амал омада буд. Имрӯзҳо байни муассисаҳои илмӣ, таълимӣ, воситаҳои ахбори оммавӣ, ҷамоаҳои эҷодӣ ва варзишӣ, созмонҳои ҷавонон ва занон, иттифоқҳои касаба ва дигар институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ байни ду мамлакат муносибатҳои бевосита ба роҳ гузошта шудаанд.
Мисбоҳиддин Нарзиқул
Рӯзи чоруми майи 2018, субҳи зуд бо мақсади сафар ба шаҳри Самарқанди бостонӣ бо гурӯҳе аз ҳамкорон ба самти Пахтаобод ҳаракат кардем. Аз марзи миёни ҳарду кишвар - Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, гузаргоҳи "Дӯстӣ" ба зудӣ ва осон гузаштем. Таваҷҷуҳи бандаро, пеш аз ҳама, муносибати масъулини ҳарду ҷониби марз ба худ ҷалб кард, ки бисёр дар сатҳи баланд ва маданӣ буд.
Хабари фавқулода андӯҳбор ба Минск низ расид. Шоири бузурги муосир Муъмин Қаноат аз олам даргузашт…
Шахсияти ин инсон ва эҷодкори басо хирадманд, бешубҳа, ба хонандагони бисёр мамлакатҳо дар қитъаҳои гуногун ошност. Устоди сухан аз нахустин китобҳои ашъораш ғояҳои ҷаҳонбинии башардӯстонаро талқин мекард, хонандагони қишрҳои гуногуни иҷтимоиро барои бовар намудан ба ғалабаи некуӣ ва адолат итминон мебахшид. Муъмин Қаноат, ки алами талафот ва сӯзи дили модарони фарзандбохтаро эҳсос мекард, достони фавқулода машҳури "Сурӯши Сталинград"-ро офарид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ба муносибати ҷашни 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ чунин гуфтанд: "Муносибати Ҷомӣ ва Навоӣ намунаи барҷастаи дӯстӣ ва самимияти пиру мурид, устоду шогирд, бародар бо бародар буд, ки ҳеҷ ғаразе дар худ надошт. Ҷомӣ дӯстиву рафоқати шогирди худ Навоиро дар достони "Лайлӣ ва Маҷнун"-аш ба ин маънӣ ба қалам додааст:
Хоcса, ки ба боғи ошноӣ
Бар шохи вафо бувад Навоӣ.
Идомаи: М. ТУРСУНЗОДА МИРЗОИ ТАНҲО ТОҶИКОН НЕ, БАЛКИ МИРЗОИ МО, ӮЗБЕКҲО, НИЗ ҲАСТ
Ин хона зи хишти куҳна андохтаам,
Дар вай ҷашне зи рафтагон сохтаам,
То аҳли замони мо бидонанд, ки ман
Як умри ҷавонӣ ба чи раҳ бохтаам.
Дар оғози қарни бистум устод Садриддин Айнӣ бо ҳамроҳону ҳаммаслаконаш аз хиштҳои куҳани саргузашту сарнавишт, таъриху фарҳанг, илму адаб, расму оин, ахлоқу маънавиёти бузурги бостониамон бинои ҳастии давлату миллатамонро бунёд ниҳоданд ва, рамзист, ки дар охири он қарни пуршӯр дигар фарзонафарзанди миллат натанҳо баҳри дифои он бинои муқаддас ҷону дил сипар кард, балки аз хиштҳои заррини сипосу ихлос, қадрдониву қадршиносӣ ва меҳру муҳаббати самимонаи фарзандиву сарварӣ шукӯҳу пойдории он бинои ҷовидонаро садчанд афзуд.
Маркази тарҷумаи ИНТ маҷмӯаи шоирони ҷавони тоҷикро ба забони ӯзбекӣ таҳти унвони "Тенгдошлар" ("Ҳамсолон") дар тарҷумаи шоири пуркор Сайфулло Қулаев ба нашр расонид. Пешгуфтори китоб ба қалами Раиси ИНТ Низом Қосим тааллуқ дорад.
Copyright © 2017. All rights Reserved