• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

11 августи соли 2017 ҷаласаи Раёсати ИН Тоҷикистон баргузор шуд. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар оғоз аз ширкати фаъолонаи адибони кишвар дар кулли чорабиниҳои пуршукӯҳ  ба муносибати 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, кори  онҳоро самарабахш хонд.

 Сипас аъзои Раёсат ба баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ карданд, ки аз бахшҳои зерин иборат буд: ҳисоботи шуъбаҳои вилоятии ИНТ оид ба фаъолият дар нимсолаи аввали 2017, муайян намудани барандагони ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода, қабули номзадҳо ба узвияти ИНТ, баррасии хулосаи Комиссия оид ба муайян намудани сатҳу савияи касбии аъзои ИН, таъсиси Комиссияи одоби ИНТ,  масъалаҳои ҷорӣ.

Аз рӯи масъалаи аввал котибони масъули шуъбаҳои ИНТ дар ВМКБ Лаълҷубаи Мирзоҳасан, минтақаи Кӯлоб Ҳақназар Ғоиб, минтақаи Қурғонтеппа Озар Салим, муовини котиби масъули ИНТ дар вилояти Суғд Додохон Эгамзод ҳисобот ироа намуданд.

Доир ба масъалаи дувум Раиси ИНТ Низом Қосим зикр намуд, ки қаблан бо Қарори Раёсат асарҳои арзандаи ҳамқаламонамон ба дарёфти  Ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва  ба номи Мирзо Турсунзода роҳ  дод шуда буданд. Доир ба қимати адабию бадеии онҳо дар ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат" ва нашрияҳои дигар мақолаҳо ба табъ расиданд.

Дар баррасии масъала аъзои Раёсат фаъолона ширкат карданд.

Сипас аз тариқи овоздиҳии пинҳонӣ барандагони ҷоизаҳои мазкур муайян шуданд.  Мирзонасриддин, Амонбой ҷуманов, Абдухолиқ Набавӣ ба ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Озарахш, Давлати Раҳмониён, Файзи Ашӯр ба ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода сазовор гардиданд.

Масъалаи навбатӣ - қабул ба узвияти ИНТ бо баррасии ҳаматарафаи маҳсули адабӣ, бо дарназардошти истеъдод ва азми дуруст, мавқеи шаҳрвандию эҷодии номзадҳо сурат гирифт. Дар бахши наср нависандагони ҷавону умедбахш Сироҷиддин Икромӣ, Бастур (Ҷонибек Улфатшоев), Шариф Хол (ӯзбекистон, узви ифтихорӣ), дар бахши назм шоирон Абдуллои Раҳнамо, Назрӣ Асадзода, Мирзо Саъдӣ, Сулаймон Султон, Бузургмеҳри Баҳодур, Эҳсон Раҷабӣ, Бобаки Суғдӣ, Насимбек Қурбонзода, дар бахши адабиётшиносӣ Замира ӯлмасова ва дар бахши тарҷума Саидмурод Расулӣ ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шуданд. Қабули чор нафари онҳо, ки хеле ҷавонанд, аз нигоҳи неку хайрхоҳонаи Раёсати ИНТ нисбат ба эҷодкорони насли нав гувоҳӣ медиҳад ва дар Соли ҷавонон рухдоди фараҳбахшу рамзӣ мебошад. Номзадҳо ба узвият аз  асарҳояшон намунаҳо хонда,ба саволҳои аъзои Раёсат посух гуфтанд.

Бо дарназардошти хулосаҳои Комиссияи баррасии сатҳу савияи касбии аъзои ИНТ Ф. Азиз, Ҳ . Сулаймонӣ, В. Азиз, М. Тоҳирӣ аз узвияти ИНТ хориҷ карда шуданд.

Қарор карда шуд, ки Комиссияи одоби ИНТ таъсис ва низомномаи он мураттаб бигардад. Абдулҳамид Самад раиси Комиссияи мазкур интихоб шуд.

 

ҚАРОРИ РАЁСАТИ ИНТ ДАР БОРАИ  САЗОВОР ГАРДОНДАНИ АСАРҲО БА ҶОИЗАҲОИ АДАБИИ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ ВА БА НОМИ  МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Раёсати ИНТ қарор мекунад:

Асарҳои зерин ба ҷоизаҳ ои адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва  ба номи Мирзо Турсунзода дар соли 2017 сазовор дониста шаванд 

БА ҶОИЗАИ АДАБИИ  БА НОМИ САДРИДДИН АЙН 

ДАР БАХШИ НАСР 

1. МИРЗОНАСРИДДИН. "Оташ дар хонаи қадим" (романи таърихӣ). Нашриёти "Эр-граф", Душанбе, 2016 

ДАР БАХШИ ТАРҶУМА ВА ТАҲ ҚИҚИ ОСОРИ НАСРӢ 

2. Амонбой ҶУМАНОВ. "Эмомалӣ Раҳ мон жасорати". Нашриёти "Ирфон", Душанбе, 2016."Жасур қизи". Нашриёти "Ӯзбекистон". Тошканд, 2015. "Эътироз". Маҷаллаи "Шарқнома", № 2, 2015, Хуҷанд. Тарҷумаҳ о аз забони тоҷикӣ ба забони ӯзбекӣ. 

3. Абдухолиқ НАБАВӢ. "Ҷанги Ватанӣ ва афкори адабии тоҷикӣ".  Нашриёти "Андалеб Р", 2015 

БА ҶОИЗАИ АДАБИИ БА НОМИ  МИРЗО ТУРСУНЗОДА 

ДАР БАХШИ НАЗМ: 

1. ОЗАРАХШ.  "Девони ишқ". Китоби шеър.Нашриёти "Ношир", Хуҷанд, 2016.  

2. Файзи АШӮР. "Аз пайраҳ а то роҳ " (Мунтахаби ашъор). Нашриёти "Адиб", Душанбе, 2016. 

3. Давлати РАҲМОНИЁН. "Фасли садаф" (Силсилаи ашъор).  "Адабиёт ва санъат". № 51-52, 22-29 декабри соли 2016

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved