• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Дар таърихи 20-уми майи соли 2017 маҷлиси Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки аъзои Садорат баргузор гардид. Маърӯзаи асосии маҷлисро дар мавзӯи "Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар инкишофи адабиёти замони истиқлол" Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ироа кард.

Пас аз қироати маърӯза дар атрофи мавзӯи мазкур музокира сурат гирифт. Муовини раиси Иттифоқи нависандагон Юнус Юсуфӣ зимни музокира дар бораи асарҳои насрие, ки дар замони Истиқлол, дар партави сиёсати раҳбари кишвар эҷод шудаанд, маълумот дод.

   Ҳамчунин аъзои Садорати Иттифоқи нависандагон, адибони шинохта Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор, Нависандагони халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо ва Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, инчунин адибон Мансур Суруш, Рустами Ваҳҳоб, Гурез Сафар, Озар ва дигарон андешаҳояшонро дар бораи масъалаи мавриди назар иброз намуданд.
Дар фарҷом Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни музокира изҳор дошт, ки дастовардҳои замони истиқлол дар асарҳои адибон боз ҳам бештар бояд тарѓиб шаванд, адибон бояд дар эҷоди асарҳои марбут ба сохтмонҳои азим ва дигар рухдодхои муҳими замон фаъолтар бошанд ва нашрияҳои адабӣ ба сифат ва муҳтавои матлабҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved