• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

HomeПИСАТЕЛИ | ПОЭТЫПОЭТЫАДИБАИ ХУҶАНДӢ

22АДИБАИ ХУҶАНДӢ (Мирзоева Адиба Қаландаровна) 5 июли соли 1971 дар маҳаллаи Тути Калони шаҳри Хуҷанд ба ҷаҳон омадааст.

Модараш бо тахаллуси Озурдаи Хуҷандӣ, падараш таҳти унвони Мирзоқаландари Хуҷандӣ шеър мегуфтаанд.

Пас аз хатми мактаби миёна чанде муаллимаи мактаби миёнаи №7 шаҳри Хуҷанд будааст.

Соли 1988 вориди факултаи филологияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шуда, соли 1993 хатмаш кардааст ва дар шуъбаи Суғди Иттифоқи нависандагон ба сифати коргузор ва мушовири шуъбаи кор бо ҷавонон фаъолият бурдааст.

Солҳои 1997-1999 дар телевизиони Хуҷанд муҳаррири барномаҳои адабӣ будааст.

Аз соли 1999 дар маҷаллаи «Паёми Суғд» мудирии шуъбаи назмро бар уҳда дорад.

Муаллифи даҳ китоби ашъор – «Пайғоми саҳар», «Гиряи ишқ», «Ҳиҷрони Офтоб», «Хокистари Хуршед», «Фарёди хотираҳо», «Накҳати гулҳои гумгашта», «Садои шикастан», «Рӯзи танҳоии оина» ва «Ғунчаборон» аст, ки дар мавзӯъҳои гуногун офарида шуда, садои дили нарми адибаро ба гӯши ҳамагон мерасонанд.

Барандаи Ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Қутбӣ Киром.

Аз соли 1998 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

КОНТАКТЫ

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Республика Таджикистан, город Душанбе. проспект Исмоили Сомони 8
  • ФАКС (+992 37) 224-57-37
503 Service Unavailable

Service Unavailable

The server is temporarily unable to service your request due to maintenance downtime or capacity problems. Please try again later.

Additionally, a 503 Service Unavailable error was encountered while trying to use an ErrorDocument to handle the request.