• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

HomeҲАМОЙИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢЁДДОШТҲО Абдуҷаббор РаҲмонзода, академик Муҳаммадюсуф Имомзода, академик

Умар Сафар, профессор

Аз моварои СоЛњо

ќарор шудааст, ки дар љашни Наврўзи соли 2016 дар пойтахти љумњуриамон-шањри

Душанбе дар радифи барномањои љашнї Њамоиши байналмилалии шоирони кишварњои њавзаи Наврўз баргузор гардад. Ин дувумин њамойише хоњад буд, ки пас аз ним асри баргузории симпозиуми нахустини шеъри форсизабонон доир мегардад.

Бо ин маќсад муносиб аст, чанд андеша ва нигоњи мухтасари хешро доир ба таърих ва ањаммияти симпозиуми нахустин ба хонандагони рўзнома дар остонаи ин воќеаи муњимми адабиву фарњангї баён созем.

Симпозиум аз 13 то 18 моњи декабри соли 1967 дар шањри Душанбе баргузор гардид. Донишмандону муњаќќиќон, адабиётшиносон, эроншиносон ва адибон аз Афѓонистону Эрон, Њиндустон, шањрњои Маскаву Ленинград ва дигар љамоњири Шуравї иштирокчиёни ин њамойиш буданд.

Перомуни њадафу маќсади симпозиум маљаллаи "Садои Шарќ" навишта буд: "дар симпозиум вазъияти имрўзаи назми форсї, вазифаи назм дар асри бист, маќоми шоир дар љамъияти имрўза, њиссаи шуаро дар мубориза барои сулњу салоњ ва дўстии миллатњои љањон, шеъри муосири форсї дар инкишофи тамаддуни башар мавќеи гуфтугўї ќарор мегирад. Умеди њаводорони назми форсї аз ин маљмаъ басо калон аст."

Устод М.Турсунзода зимни ифтитоњи њамойиш хотирнишон намуда буд: "Бори аввал аст, ки дар шањри Душанбе дар мањфиле љамъ омадаем, ки дар он аз шеъри форсї-тољикї сухан хоњад рафт. Чунон ки яке аз анъанањои хеле ќадими миллии мост ва имрўз дар Њиндустон хеле шоеъ мебошад, мо гўё мањфили мушоирае оростем, ки дар бораи масоили муњимии назми имрўза сухан ба миён хоњем овард.."

Суханронии устод дар њамоиш бештар љанбаи табрикотї дошта, ба наќшу љойгоњи шеър дар зиндагии љомеаи инсонї такявар буд ва дар поёни суханронї таъкид шудааст: "Мо метавонем дар бораи масъалањои зиёде, ки бањс ва њал талаб мекунанд, мубодилаи афкор ба амал оварем, дар бораи як тўда масъалањо бањсу музокира кунем, бо маслињати якдигар то андозае роњи тараќќиёти ояндаи назми худро муайян созем."

Яке аз масъалањои муњимми ин симпозиум тањлили шебу фарози шеъри муосир ва махсусан вазни арўз буд, ки баъдан дар маќолоту пажўњишњои нашршуда, њамчун "арўзи нав" ёд гардид.

Ќобили зикр аст, ки аз Эрон дар ин њамойиш шодравон Парвиз Нотили Хонларї, Лутфалии Суратгар ва шоири шањир зиндаёд Нодири Нодирпур њузур доштанд.

Абдулњаќќи Вола, Моили Њиравї ва Накњат Саидї аз Афѓонистон намояндагї мекарданд.

Нодири Нодирпур зимни вуруд ба Тољикистон дар як мусоњибае чунин изњор дошта буд: "Симпозиум ба гумони ман яке аз мудаотарин корњоест, ки барои густариши равобит дар миёни миллатњои форсизабон анљом гирифтааст. Мо дар ин симпозиум илова бар тањлили масоили марбут ба шеър фурсати онро дорем, ки бо намояндагони миллати форсизабон суханони худро дар миён нињем ва тўшае аз њамдилї ва дустї баргирем".

Абдулњаќќи Вола, шоиру донишманди афѓон бошад, дар мусоњибааш чунин ибрози назар намуда буд. "Симпозиуми шеъри форсизабонон як ќадами бузурге дар роњи наздик сохтани кишварњо аст, ки дар он мардум ба форсї тањрир ва такаллум мекунанд".

Аксари иштирокчиён дар њамоиш суханронї карданд. Њарчанд на њама суханронињо љанбаи нерўманди илмї-тањќиќї доштанд, дар маљмўъ ба таљдиди омўзишу тањќиќ ва шинохти шеъри форсї бунёд гузошт. Шодравон Носирљон Маъсумї нахустин суханрони симпозиум буд, ки маърўзае перомуни гироишњои тоза дар шеъри муосири тољик ва љањон ироа намуд.

Лутфалии Суратгар шоир ва муњаќќиќи Эрон тањти унвони "Маќоми суннати адабї дар инкишофи назми муосир" суханронї кард. Мавзўи суханронии ў адабиёти нимаи аввали асри ХХ ва њусну ќубњи жанрњои шеъри форсї мисли ќасидаву маснавиву ѓазал буд. Лутфалии Суратгар љонибдори навовариву тањаввул дар адабиёт буд ва яке аз роњњои берунрафт аз масири ќолабиро дар бањрагирї аз чањорпорањои пайваста медонист. Ба пиндори эшон "адабиёт мисли як рўдхона аст, ки бояд муттасил дар њаракат бошад ва ба дарё бирезад, ба дарёи адаб. Агар пеши ин адабиётро бигиранд, оби пушти сараш мурдор мешавад ва бўи бад медињад ва дуруст нест. Балки ин адабиёт бояд муттасил дар љараён бошад".

Маводу суханронињои ироашуда дар њамойиш гувоњї медињанд, ки арзёбии хатти сайр, раванди инкишофу камоли шеъри муосир, љойгоњи анъана ва суннатњои адабї дар назми муосир, авзони арўзї ва иќдомоти навпардозона, љустуљўйњои тозаи адабї њадафу мароми ширкаткунандагони ин њамоиши таърихї будааст.

"Авзони арўз дар шеъри муосир" унвони суханронии шодравон Моили Њиравї, шоири муосири Афѓонистон буд, ки рўзи аввали кори њамойиш пешнињод гардид. Дидгоњњои ў бештар љанбаи амиќи тањлилгарона доштанд. Моили Њиравї перомуни тањаввулу дигаргунињое, ки дар шеъри муосири форсї дар заминаи муњтаво ба зуњур расидааст, суханронї намуда, таъкид кардааст, ки шеъри муосир бар асари пешрафтњои фикрї ва иљтимої шаклу анвои хешро њам иваз мекунад. Ба андешаи ў арўз имконоти зиёде дорад, ки бо истифода аз он метавон дар майдони шеър ба њадафњои нав расид. Нуктаи дигаре, ки ба он ишора намуд, мусиќии шеър аст. Ин мусиќї дар навбати худ тавассути вазн дар шеър арзи њастї менамояд. Ба ќавли ў "мусиќиро воќеати муассирест ва низоми шеър пайрезї ва устувор месозад. Вазн мусиќии шеърро ранги њаётї мебахшад ва мусиќии асилеро бор меоварад, ки дар моњияти шеър ва сурудњои зиндагибахши љузъ ва фаръи пайкараи он ќарору мадор мегирад. Шеър агар набз дошта бошад, мусиќї набзи он ва танини он аст. Ва агар шеъре холї аз набз бошад, шеърест мурданї ва њатто њамсанги сухани одї. Шеъри оњангдор, таниндор овози гуворандаи худро дар гўшњо бо нањви дилхоње мерасонад".  

Моили Њиравї дар бахши дигари суханрониаш чунин хотирнишон намуда буд: "Шоири имрўз буњури кўтоњ ва ноошноро, ки чун мављи гузаранда аз каронаи буњури арўз рамида бошад, дар гўшаи хаёли худ мегирад ва ќаламрави авзони шеърро вусъат мебахшад ва дар пешгоњи арза ва интихоби худ вайро намегузорад, то мазмун ва мафњуми худро аз дарёчаи зењни маввољи худ бишнавонад. Ва гоњ таѓаннуне ба кор бандад ва шеърро бар сафњаандози мусиќии дигаргуна берун кашад ва чанд вазни мухталифро дар як ќитъа бигунљонад ва порчаи шеъриро бо зеру бами кутоњу баланд аз об берун кашад, ки рўи мусиќињои шеър асари матлуб ва самарабахш ба љо гузорад, корест баљо ва дуруст. Агар ањёнан мисраи шўхи худро аз зери бори "афоил" рањо созад ва яккатози майдони њунармандї гардад ва на он ки хориљи оњанг шавад, балки дар гирдогирди муњтавои шеър љавлон кунад, чи айбе хоњад дошт".

Зоя Османова-корманди Донишкадаи адабиёти љањони ба номи Горкии Академияи улуми Иттињоди Шуравї аз шањри Маскав мењмони дигари њамоиш буд, ки маърўзаи љолиберо бо номи "Оё гули сурхи шеъри форсї пажмурда шудааст?" ба саъми ширкаткунандагони симпозиум расонид. Маърўзаи ў фарогири љанбањои зебошинохтї ва равоншинохтии шеъри муосири форсї дар кишварњои Ховари Миёна, Наздик ва ба таври умум љамоњири собиќ Шўравї буд. Муњаќќиќ бар асоси пажўњишњои анљомшуда дар бахши назарияи шеър ба љойгоњи вожагон дар осори мавзун диќќати хосса додааст. Аз љумла, дар атрофи корбурди вожаи "марворид" дар шеъри форсї чунин изњор намуда буд: "марворид на фаќат намудори сафедї ва дурухшандагї ва зебоии дандону лабханд аст, балки нишонаи дониш ва хирадмандї, баландњимматї ва покии рўњ, тавфиќњои камназир ва пирўзињои душвор мебошад. Барои ин ки љараёни кашф ва ба даст овардани марворид бо сахтї ва хатар барои зиндагї муяссар мешудааст, садњо садафи тињиро боистї аз жарфнои дарёњо берун кашид, то яке аз онњо марвориде дар даруни худ нуњуфта бошад".

Зиндаёд Абдулњаќќи Вола, ки аз кишвари Афѓонистон намояндагї менамуд, дар суханронии хеш ба таври умум перомуни сабки њиндї ва оѓози марњалаи нави адабї бо зуњури Мањмуди Тарзї ва наќши маорифпарваронаи ў дар адабиёти муосири Афѓонистон ибрози назар намуда, падидањои нављўйии шуарои афѓонро дар адабиёт боарзиш бањогузорї кардааст.

Дар кори њамойиш перомуни љанбањои мухталифи "арўзи нав" ва заминаву омилњои зуњури ин падидаи адабї бањсу гуфтугўњо сурат гирифт.

Ба андешаи мо истилоњи "арўзи нав" њамон истилоњи "шеъри нав" аст, ки дар он солњо дар адабиёти муосири Эрон маъруфияти зиёде дошт. Аз мењмонони дигари афѓонистонї Накњат Саидї дар мавзўи "Шеъри нав дар Афѓонистон" суханронї намуд, ки фарогири љанбањои амиќи назарї-тањлилї ва амалї буд.

Зуњури шеъри нав, сабку равишњои тоза дар адабиёт худ як зарурати замон, эњтиёљи љомеаи инсонї ва аз љониби дигар нишони такомулу пешрафти адабиёт аст.

Накњат Саидї зимни арзёбии љанбаи вожагонии шеъри классик хитоб ба шоирони муосир намуда буд, ки бояд аз фазову муњити ќадим берун биёянд. Сарчашмаи илњоми онњо боистї муњити имрўз бошад. Фарњангу тамаддуни муосир, рушди љомеаи инсонї саршор аз мазомину мавзўъњои ношинохта аст, ки шоири имрўз вазифадор аст онњоро дар шеъри хеш таљаллї бисозад.

Љанбаи дигаре, ки дар суханронии Накњат Саидї арзишманд ба назар расид, баррасии шеъри нави Афѓонистон аз нигоњи шаклу ќолаб, вазну ќофия, муњтаво, вожагону таркиботи шеърї ва њунари адабї буд.

Муњаќќиќ дар радифи зикри комёбиву барљастагињои шеъри нави Афѓонистон таъкид намуда буд, ки: "агар шеъри имрўз (ва ба сурати умум адабиёт) ба љои њамаи ононе, ки наметавонанд сухан бигўянд, сухан намегўяд ва рангњои ононеро, ки аз зиёдат ва шиддати дард онро дигар эњсос намекунанд, баён накунад ва билохир, агар шеъри имрўз муњтаво ва мафкураи арзанда надошта бошад, агар шеъри имрўз вазифаи худро дар баробари мардум дарк накунад, ба дард намехўрад, зарурате ба он нест ва мањкум ба нестию фаромўширо завол аст.

Миёни маводи чопшудаи њамоиш, бахусус иштирок ва андешаронињои шоири тавонои Эрон Нодири Нодирпур љойгоњи хосса дорад. Нодирпур низ мисли дигар иштирокчиёни њамоиш нахуст ба решаи иљтимоии шеъри нав ва иллати пуршумор будани мухолифонаш ишорат намуд. Ба аќидаи ў яке аз сабабњои пазируфта нашудани шеъри нав фароњам набудани меъёру малакањоест, ки шеъри нав ба он ниёзманд аст. Шеъри анъанавї аз ин меъёрњо бархурдор буд ва аз љумлаи ин меъёрњо шакли шеър аст, ки бештар аз њар унсури дигар шеъри навро аз шаклаш мешиносанд.

Забони шеър ба ќавли Нодирпур љанбаи дигарест, ки мухолифони шеъри нав ба он эрод мегиранд. Яъне, њар љо калимаеро берун аз ќолаб ё истифодаи анъанавї диданд, онро њамчу шеъри нав мешуморанд дар сурате, ки вожагони шеър низ мисли шаклњои шеърї наметавонад умри љовидон дошта бошанд. Њар замону њар фазо шаклњову калимоти хосси худро дорад.

Мушкили дигари мухолифони шеъри нав фарќ нагузоштан миёни андешаву тафаккур ва эњсос аст. Нахустин рукни шеър эњсосу тахайюли шоирист. Набояд шитобзадагї, ќолабшиканї кард ва њамаро ба хотири таљаддуд канор гузошт. Мо бояд ба умќи фалсафаи шаклњои мављуд даќиќ шавем, љузъиёту рисолати онњоро бишносем.

Нодирпур бо такя ба андешаи бунёдгузори шеъри нави Эрон-Нимо Юшиљ таъкид мекунад, ки шеър бояд ба табиати муњовара ва табиати наср наздик карда шавад. Шеър як навъ ибрози андеша намудан аст. Вале шеваи гуфтан, њарф задан бояд аз рўи ниёзу эњтиёљи матлаб бошад.

Нуктаи дигари арзишманд дар суханронии Нодирпур бањрагирї аз суннат аст, ки аз љониби мухолифони шеър ба шевањои нодуруст таъбир мешуд. Шоир бар ин назар аст, ки аз суннату анъанањои мављудаи адабї дурусту шоиста бањрабардорї шавад. Имконоту зарфияти забону шеъри форсї ба гунаест, ки ќарнњо моро сероб месозад. Танњо "бањрагирї аз сурат набояд моро ба иштибоњ андозад, ки аз таќлиди айнан ва даќиќ аз он чи гузаштагон доштаанд, иборат бошад".  

Дар суханронии худ Нодирпур саъй бар он намуда, то исбот намояд, ки дар офариниши шеър шакли шеър наќши асосї намебозад, балки сухани тоза, биниши шоирона, шеърро аз сухани мавзун тафовут мебахшад. Ў бар пажўњишгароне, ки шеъри навро як навъи суратгарої мешинохтанд, чунин посух мегўяд: "аммо ман мепурсам, оё шаклпарастї, суратпарастии мутлаќ аз ин нест, ки мо ба чанд шакл, ба чанд ќолибе, ки аз дер боз расида, вафодор бошем? Агар бардошт ин бошад, ки пардохтани мутлаќ ба шакл дар шеъри љадид бояст, ки формализм хонда бишавад, ман аз тарафи дигар мегўям, ки худи вафодор будан ба чанд шакл ва ќолаби классикии шеър як навъ формализм аст, зеро ки мо дар батни амр мебояст, ки шеърро аз лињози мубтаќият баррасї бикунем ва баъд ба он бипардозем".

Њарчанд дар ин њамойиш муњаќќиќону донишмандони зиёде перомуни шеъру рисолати адабиёту адиб, шебу фарози шеъри нав изњори назар намуданд, вале дар поёни ин матлаб муносиб аст аз шоираи номдори Эрон Жола Бадеъ ёд шавад. Эшон низ зери унвони "Шеъри нав чист?" суханронї намуданд, ки мо ба љузъиёти он намепардозем. Танњо лозим ба зикр аст, ки дар муаррифї намудани шеъри нави Эрон ва вижагињои назарии он дар адабиётшиносии тољик хидмати Жола Бадеъ нињоят бузург аст. Жола Бадеъ то замони баргузории симпозиуми назми форсизабонон маќолоти арзишмандеро дар маљаллањои расмии Тољикистон мунташир намуда буд. Ба андешаи адабиётшинос Ш. Рањмонов мањз Жола буд, ки истилоњи ёдшударо дар Тољикистон машњур сохт. Ў дар иртибот ба ин мавзўъ чунин менависад: "аз ибтидои солњои шастум пайванди маънавии назми форсизабонон вусъат гирифт. Шоирон аз ќитъањои гуногун осори якдигарро љустуљў намуда мехонданд, лекин тањлили банизоме лозим буд, муайян кардан зарур буд, ки бештар ба кї ва чи гуна шоир эњтиёљ дорем. Њам шоирон ва њам хонандагони шеър ба маќолаву рисолањое эњтиёљ доштанд, ки ин бори сангинро сабук намояд. Оид ба шеъри нав дар Эрон маќолаву рисолањо хеле зиёд навишта шуда буданд, фикру андешањо оиди пањлўњои гуногунаш мухталиф изњор мешуданд, вале дар Тољикистон муњаќќиќон аз истилоњи "шеъри нав" ва мулоњизањо дар атрофи он бехабар набуда ва шеъри имрўзро њамчун шеъри нави замонї муаррифї мекарданд. Номи шеъри навро дар Тољикистон њамчун истилоњи љадиди шеъри форсї Жола овард".

"Шеъри нав дар Эрони муосир" нахустин маќолаи муфассали Жола Бадеъ мебошад, ки дар шумораи №7 маљаллаи "Садои Шарќ" соли 1964 мунташир гашта буд. Ду сол баъд маќолаи дигари ў бо номи "Шеъри нав чист?" дар шумораи №2 њамин маљалла ба нашр расид. Равшан аст, ки дар радифи ин маќолоти тањлилї намунањо низ аз шеъри муосири Эрон мунташир мешуданд ва дар ин амр маљаллаи "Садои Шарќ" наќши бориз дорад.

Яке аз бахшњои хотирмони њамоиши мазкур тибќи хабари расонањои гурўњии замон баргузории шаби шеър бо ширкати мењмонон дар толори бузурги Донишгоњи миллии (собиќ УДТ) Тољикистон буд. Ба навиштаи "Садои Шарќ" "шеъри рўњбахш ва лафзи ширини форсї беш аз дувуним соат дар ин шаб садо дод ва дилњои њазорон нафар толиби лафзи дариро ба туѓён овард".

Симпозиум дар адабиёти муосири тољик ва махсусан раванди инкишофу густариши шеъри навини тољик нињоят пурарзиш буд. Њарчанд авзони арўз ё даќиќтараш арўз бо таърихи пешинаи ѓании хеш, решањои амиќи миллї-фарњангї дар пањнаи шеъри муосир чун асилтарин абзори шеърсоз боќї монд, вале бархурд бо он, бањрагирї аз имконоташ вусъати тоза гирифт. Як љунбиши куллие дар тањаввулу шинохт ва корбарии тозае дар он оѓоз гардид. Пас аз марги Нодири Нодирпур шоири мањбуб Бозор Собир дар маќолае, ки дар гиромидошти ёди ў навишта буд, зимни ёдоварї аз њамоиш иброз дошт, ки пас аз њамоиш ва шунидани суханронии Нодирпур љањони андеша ва равиши кори шоирони тољик комилан таѓйир ёфт ва ба андешаи эшон дар тањаввули шеъри тољик дар нимаи дувуми дањаи шастуми асри гузашта наќши Нодирпур нињоят барљаставу бориз буд.

Ба љуз њамоиши шеъри форсизабонон, ки воќеан падидаи тањаввулгару марњаласоз дар адабиёти муосири тољик ба шумор меравад, љанбањои дигаре низ вуљуд дошт, ки сабабгори эњёву густариши фазоњову њавзањои шеърї гардида буд. Ба ин маънї, ки охири дањаи панљоњум ва ибтидои солњои шастум шеъри тољик вусъату пањнои наве пайдо менамуд ва ба масоили густардатаре даст мезад. Љанбаи равоншинохтї, фолклорї, забоншинохтї эњёи анъанаву суннатњои адабї нерўманд, тасвиру тавсифи рангоранги њастї дар назм решадор ва самимияту љанбаи мардумии шеър ќавї мегардид.

Шукўњу пешрафти шеъри тољик ва тозакорињои љомеаи адабии он рўз аз чашми мењмонон низ пинњон намонда буд. Нодири Нодирпур ќабл аз худоњофизї таассуроти худро перомуни њамоиш ба мардуми тољику фарњанги он чунин изњор намуда буд, ки мо бо зикри он ин матлабро ба поён мерасонем: "Дар таи ин чанд рўз ман эњсоси шодї доштам, ваќте медидам, ки забони форсї бо он фарњанги ѓанї ва он ганљинаи саршори адабї ва шеъраш њамчунон зинда аст ва калимоташ ба забони эрониён, тољикон, афѓонон ва њиндуёну покистониён равон аст ва ин мардум, ки дар нуќоти мухталиф зиндагї мекунанд, њама дар амри забони форсї бо њам муттафиќ ва муштараканд".

КОНТАКТЫ

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Республика Таджикистан, город Душанбе. проспект Исмоили Сомони 8
  • ФАКС (+992 37) 224-57-37