• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

HomeПОЭЗИЯШАҲРИЯМУҲАББАТНОМАИ ИСТИҚЛОЛ

Тавоне бар дилу бар ҷону имон астӣ, Истиқлол,
Сари болои фарзандони инсон астӣ, Истиқлол.

 

Туӣ чун қосиди фаррухпайи фардои ҳар кишвар,
Паёми қудсие аз сӯйи Яздон астӣ, Истиқлол.

Агар номи ту бар лаб оядам, комам шавад ширин,
Ғазалҳои маро ту шаккарафшон астӣ, Истиқлол.

Парастори Ватан будан нишоне аз ватандорист,
Ғуруру нангу ори родмардон астӣ, Истиқлол.

Гиромӣ дорамат чун модару чун меҳану чун ишқ,
Ба ҷон ҳифзат намоям, дар танам ҷон астӣ, Истиқлол.

Муборак рӯзгоре дорад ин дам мардуми кишвар,
Нахустин нағмае аз рӯзгорон астӣ, Истиқлол.

Шукуфта чеҳраҳо бар пешвози рӯзи мелодат,
Дурахшон, анбарафшон,атрафшон астӣ, Истиқлол.

Тавони бе ту будан нест андар ҷони мо дигар,
Бимон, то ҷовидон, ки ҷони инсон астӣ, Истиқлол.

Ба истиқболи ту дилро ҳама бар рӯйи каф бигзошт,
Таманнои тамоми Тоҷикистон астӣ, Истиқлол.

КОНТАКТЫ

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Республика Таджикистан, город Душанбе. проспект Исмоили Сомони 8
  • ФАКС (+992 37) 224-57-37