• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

HomeПОЭЗИЯҲоҷӣ МуродКОРИСТОНИ КОХИ НУР

Аз қудрат аст ҳомил имрӯз шонаи мулк,
Бедорӣ аст машъал бар ҳар каронаи мулк,
Болад салои сират аз муддаои Роғун.

Ҳар чеҳра нусхае ҳаст аз ҷуди бениёзӣ,
Ҳар нусха оламе ҳаст аз фасли сарфарозӣ,
Ранги ҳарорат ояд аз сози нои Роғун...

То рӯшанӣ бимирад, бас дар бизад ҳасудам,
Бисёр хурда бигрифт аз буду аз набудам,
Омад вале зи ҳар дар мушти зиёи Роғун.

Ҳар мушти регу сангаш таҳдоби рӯзгор аст,
Толеъ зи вусъати ӯ бар зиндагӣ нисор аст,
Маншаъ аз ӯ бигирад обу ҳавои Роғун...

Тинат яқин биёвард: аз хеш то бихезем,
Бо даъвати тааммул нақши амал бирезем,
Фитратнигор бошем чун муттакои Роғун.

Бо кӯлбори қисмат дар пойи эътиборем,
Бо сарфу наҳви фикрат дар ҷодаи барорем,
Ойинаест матлаб чун пешвои Роғун...

Бо хилқати ниёгон, бо ҳикмати куҳистон,
Бо қуллаи Уқобон1: ҳамчун паёми армон-
Огоҳ қад фарозад ҷӯши сахои Роғун.

Фурсат шумора гирад ҳар зеру бам зи оҳанг,
Печад ба фавқи водӣ пурмоя нашъаи нанг,
То резад аз шарофат тарҳи самои Роғун;

Борад шамима ҳар дам аз мавҷбори мавзун,
Васли чароғи Меҳан ёбад мисоли мазмун,
Боло равад, муборак, нақди баҳои Роғун.

Бо хӯшаҳои маънӣ дил мехӯрад басе тоб,
Маҷрост дар талотум бо ҳар шикан зи гирдоб,
Фардо зи ҳар дар ояд арҷи садои Роғун...

Ангораҳои соҳил ҳамчун қарина дарҷанд,
Дар як қалам ба иншо баҳру сафина дарҷанд,
Пайғоми лоязолист аз нохудои Роғун!
____________
1Қуллаи Уқобон-сартеғест аз қисмати ҷануб, рӯ ба рӯйи шаҳри Роғун.

Ҳоҷӣ Мурод

КОНТАКТЫ

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Республика Таджикистан, город Душанбе. проспект Исмоили Сомони 8
  • ФАКС (+992 37) 224-57-37