• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Эй зан! Ту Арши ишқию Арши таронаӣ,
Арши суҷуди зиндагии ошиқонаӣ.
Бо покии муҳаббату бо софии танат
Покизагии миллати моро нишонаӣ.

Печад туро ҳарири нафиси нигоҳи ман,
Бӯсад туро ба сад чамани оташ оҳи ман.
Ҳар сӯ равам, хаёли хушам сӯи ту равад,
Ҳар ҷо равам, равад тарафат самти роҳи ман.

Эй зан! Замини ишқи баландошёнаӣ,
Девони беҳтарин сухани шоиронаӣ.

Сайёрагон ба ҳастии ту саҷдагар буванд.
Пайғамбарон зи батни туйи хушгуҳар буванд,
Ҳаққо, занон ба гулшани сабзи Замини мо
Волотарин шукуфаи Шамсу Қамар буванд.

Эй зан! Чароғи шедии ин хоку хонаӣ
Беҳин атои зиндагии ҷовидонаӣ.

Дар покият паноҳ барад покии башар,
Дар покият фурӯғ диҳад нангу ному фар.
Сабзад ба зери шаҳпари ту қавми Таҳмтан,
Дар ҳифзи ту ҳимоя шавад номуси Ватан.

Эй зан! Ба пуштвони Ватан пуштвонаӣ,
Покизагии миллати моро нишонаӣ.

Ҳақназар Ғоиб

КОНТАКТЫ

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Республика Таджикистан, город Душанбе. проспект Исмоили Сомони 8
  • ФАКС (+992 37) 224-57-37