Наврӯз, эй хуҷастатарин рӯзи рӯзгор,
Наврӯз, эй баробарии рӯзу шаб, дуруд!
Эй ҷашни офтобии пирӯзии фурӯғ
Дар сарзамини дойирабазми куҳансуруд!
Эй ҷашни обу оташу хоку ҳаво, зиҳӣ!
Ойини сабзи сабзаву ойинаи умед!
Шогуни поки пок ба некӯтарин шугун,
Дар навдаи кабуд шукуфоии сафед!