• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

HomeПОЭЗИЯОзарахшКИШВАРИ ХУРШЕДҲО

(Ватаннома)

Ватан, дар ҳар куҷо омад ба сар
   форам ҳавои ту...
  Мирзо ТУРСУНЗОДА

Саро, шоиро, достони Ватан,
Ки ширин нишинад ба ҷону ба тан.
Ба лаҳни равонпарвари Рӯдакӣ,
Зи ҳарфи дариофари тоҷикӣ.
Саломи ҳакими ҷаҳонгири Тӯс ,
Ки "Шаҳнома" -ашро бихону бибӯс…
Дуруде ба дарди замонҳо даво,
Зи Мавлои Румии Балхинаво
Паёме зи Саъдии Шерозроз,
Зи Ҳофиз, зи масти ғазалсозсоз…
Суруши рубоии Хайёмро,
Чаҳорунсури давру айёмро!
Латофат зи лафзи Низомӣ биёр,
Назокат ба гуфтори Ҷомӣ биёр.
Дар ин боғи ширинбари форсӣ,
Бичин шираву шаккари форсӣ!
Ҳама хушдилон, анҷуман-анҷуман,
Салое диҳандат чаман дар чаман.
Дуъои абаршоирони замон
Бигир аз сухангавҳарони замон,
Ки хонӣ чакома ба номи Ватан,
Ҳумоюннома - ба номи Ватан!

Ватан! Эй сароғози дунёи ман,
Назарбахши чашмони бинои ман,
Нахустин каломи дили модарам,
Ки бо шир бахшида бар пайкарам.
Садои мубораксурури падар,
Ки бар гӯшам омад ба номи ту дар.
Кушодам ба дидорат ин дидаро,
Шунидам зи савти ту нашнидаро.
Дуруди нахустини ман бар ҷаҳон,
Суруди нахустини ман бар ҷаҳон.
Ба номи ту омад, Ватанҷони ман,
Муҳаббатсаро - Тоҷикистони ман!

Калимаам ба номи ту, ба номи ту, ба номи ту!
Ба номи хушкаломи ту, каломи ту, каломи ту!

Сапеда то сапедаам, ба мижжаву ба дидаам
Падида аз саломи ту, саломи ту, саломи ту!

Fазалтарин таронаҳо, таронашаккаронаҳо,
Саодати паёми ту, паёми ту, паёми ту!

Агар паранда мешудам, сафобаранда мешудам,
Ки омадам ба доми ту, ба доми ту, ба доми ту!

Шароби ошиқонаро, гулоби ҷовидонаро
Чашидаам зи ҷоми ту, зи ҷоми ту, зи ҷоми ту!

Ту гуфтиям, ки қисса гӯ, ҳадиси шоду ғусса гӯ,
Муҳаббатам ба коми ту, ба коми ту, ба коми ту!

Ватан! Эй нишони ниёкони ман,
Куҳанманзили тозабунёни ман!
Туро дасти таърихи яғмосиришт
Басо сарнавишти ғамовар навишт.
Гаҳе шодмулки шаҳон будаӣ,
Гаҳе ғамсарои ҷаҳон будаӣ.
Замоне канорат чаманшаҳр шуд,
Ки тоҷики ту шуҳраи даҳр шуд.
Шукӯҳу фари ориёӣ ба бар,
Дирафши яли ковиёнӣ ба сар.
Дурахши саодат ба тоҷу кулоҳ,
Таманнои Наврӯзу хуршеду моҳ...
Замоне зи аркони Сомони ту
Фалак саҷда мезад ба домони ту.
Ҷалолат ба боло на осон расид,
Ки тоҷик ба тахти Хуросон расид.
Сарозодагонат ба шеъри баланд
Ба боми Сурайё дирафше заданд!
Замоне вале хонавайрон шудӣ,
Ки ҷавлонгаҳи аҷнабиён шудӣ...
Агарчанд фарҳанги волои ту,
Забону мақоми дилорои ту.
Чу ганҷина дар кони кӯҳат бимонд,
Нишоне зи ному шукӯҳат бимонд...

Сарам санги Саразми бостон аст,
Дилам ашки Сарези ростон аст.

Зарафшонам мусофир дар Самарқанд,
Бухороям муҳоҷирдостон аст.

Бадахшони дилам себи дунима,
Ки боғи Балх ғурбатостон аст.

Самоъи Шамсам аз Табрез бигрехт,
Чу Мавло шуҳра андар Бостон аст.

Шукӯҳи Бохтарро бохтам ман,
Куҳистонам асар аз костон аст.

Ҳамин як Тоҷикистон ишқ ҳастам,
Ки ёде аз ҷаҳоноростон аст:

Ватан! Сарзамини баҳорофарин,
Дили бехазони туро офарин!
Ки дар охири қарни бистум зи нав,
Ба гӯши замони навонавшунав
Зи ҳар сӯ садои саодат расид,
Ба тоҷик дигарбора давлат расид!
Ки ҷӯянда ёбад сазовори худ,
Расад оқибат ҳақ ба ҳақдори худ
Ҷаҳоне бишуд шод бунёдро,
Туро, Тоҷикистони озодро!...

Гуфтамат " Ҷони ман",-
" Они ман...они ман..."
Аз дили кӯҳу сангат расид, эй Ватан!
Ҳамчу обу гилат,
Аз гиёҳу гулат,
Номаи ному нангат расид, эй Ватан!

Эй Ватан, эй Ватан,
Марзи оғози ман,
Ҳамсадо, ҳамнаво,
Шаҳди овози ман!

Дасти ман раста аз дасти як навниҳол,
Навниҳоли бари домани сабзи ту.
Набзи ман метапад мисли як чашмасор,
Чашмасори хуши набзи ту, набзи ту...

Эй Ватан, эй Ватан,
Марзи оғози ман,
Ҳамсадо, ҳамнаво,
Шаҳди овози ман!

Ман нахоҳам дигар аз ҷаҳон давлате,
Хонаву хишти ту - хонаву хишти ман!
Ман наҷӯям дигар аз замон сарвате,
Донаву кишти ту - донаву кишти ман!

Эй Ватан, эй Ватан,
Марзи оғози ман,
Ҳамсадо, ҳамнаво,
Шаҳди овози ман!

Ватан! Модари ранҷпарвардаам,
Ба сабру қаноат саровардаам
Чӣ гармову сармо, ки санҷидаӣ!
Сапеду сиёҳи ҷаҳон дидаӣ,
Зи бунёди навзоду навшоди ту,
Зи фардои озодаэҷоди ту
Хушо дӯстонат, ки хуррам шуданд,
Вале душманонат сияҳғам шуданд.
Ба дасти худу қасди бегонаҳо,
Кашиданд бозат ба вайронаҳо.
Бародар ба ҷанги бародар бихост,
Писар зидди омоли модар бихост.
Гиребони панди падар баргирифт,
Замину замонаш зи хун даргирифт.
Худо донаду бас, фиғони туро,
Аламҳову дарди ниҳони туро...

Ватан! Эй куҳистони паймони ман,
Сафочашмасорони имони ман
Туӣ, ки басо ҷаври таърихро,
Ҷафобориши абри таърихро
Ба сабру қаноат ба сар кардаӣ,
Ки садҳо равишро дигар кардаӣ
Туӣ, аз дилу синаи сӯхта,
Ба шоми сияҳ машъал афрӯхта.
Ба фарзандҳоят амон хостӣ,
Салоҳи замину замон хостӣ.
Ба боғи муҳаббат, ки дар ҷонашон,
Расида зи файзи ниёконашон
Ту тухми гули ҳамдилӣ коштӣ,
Сари ошу нон додаӣ оштӣ...
Ватан! Эй таҷаллои фархундагӣ,
Лаболаб зи тобу таби зиндагӣ
Куҳан гоҳвори таманнои халқ,
Навобахши имрӯзу фардои халқ
Ҳамеша ба уммеди фирӯзияш,
Ба шодии даврони наврӯзияш
Зи меҳру вафо ҳадя овардаӣ,
Чу фарзанди дилбанд парвардаӣ!
Ту додӣ ба миллат накӯ ахтаре,
Халоиқшиносе, ватанпарваре,

Гард будам, гарди домони Ватан,
Об хурдам, оби борони Ватан.
Нӯш кардам, ҳар чӣ нӯшам дода буд,
Неш чидам аз тану ҷони Ватан.
Сангҳояшро бародар хондаам,
То шавам аз сангҷонони Ватан.
Хорҳояшро ба мижгон бурдаам
Бо хасу хори куҳистони Ватан.
Чун Самарқанду Бухоро зиндаам,
Решапайванди Зарафшони Ватан,
Бо Душанбе хондаам Варзоби ишқ
Дар хиёбони гулафшони Ватан,
То зи Хатлону Бадахшону зи Суғд
Хурдаам нони сари хони Ватан.
Мурғу моҳиро ситоиш кардаам
Дар ҳавои обшорони Ватан.
Тоҷикистон, "Шод бошу дер зӣ!"
Гуфтам аз номи ниёгони Ватан!...

Метавонӣ ёфт ҳар ҷо хонаву хони дигар,
Метавонӣ кард ҳар ҷо аҳду паймони дигар.
Метавонӣ ёр хондан як замон ағёрро,
Бар фаромӯшӣ супурдан ёди ёрони дигар.
Метавонӣ ҷон фишондан пеши ҳар ҷононае,
Дилниҳодан, сар супурдан баҳри ҷонони дигар.
Метавонӣ ҳамчу боди булҳавас доман кашӣ
Аз хиёбони дигар сӯи хиёбони дигар.
Метавонӣ ханда кардан, гиря кардан, зистан,
Ҳар куҷо, аммо намеёбӣ Зарафшони дигар.
Метавонӣ як каф аз хоки Ватан бо худ барӣ
Нест аммо дар ду дунё Тоҷикистони дигар…

Ватан! Эй муқаддастарин сарзамин!,
Диёри азизони Ховарзамин
Саҳар дар фарози куҳистони ту,
Чу парчам занад шеди тобони ту
Ба шаҳру деҳотат парафшон шавад,
Ба се ранги зебо дурахшон шавад
Нишонат - нишони чаманпарварон,
Шукуфон ба домони ҳафтахтарон
Ба олам суруру зиё медиҳад,
Шукӯҳ аз фари Ориё медиҳад
Наво хезад аз чашмасору зи рӯд,
Чунон яшти миллат, ба созу суруд
Зи Суғду зи Сомон садо медиҳад,
Зи халқи басомон нидо медиҳад
Ки ин нозанин Тоҷикистони мост,
Биҳишти замин Тоҷикистони мост!

Чашмасорон чашмасорӣ ёфтанд,
Обшорон обшорӣ ёфтанд,
Кӯҳҳо дар домани хуршедҳо
Тахтдорӣ, тоҷдорӣ ёфтанд.

Ин муҳаббат, ин саодат зинда бод!
Субҳи истиқлоли миллат зинда бод!

Кишвари шодӣ зи нав бунёд шуд,
Роҳи ободӣ зи нав эҷод шуд
"Бӯи ҷӯи Мӯлиён" омад ба ёд,
"Ёди ёри меҳрубон"-ам шод шуд.

Ин муҳаббат, ин саодат зинда бод!
Субҳи истиқлоли миллат зинда бод!

Халқи тоҷик "Тоҷикон"-ро боз хонд,
Қиссаи озодагонро боз хонд,
Тоҷикистон боз кард оғӯши худ,
Тоҷикони ҳар маконро боз хонд.

Ин муҳаббат, ин саодат зинда бод!
Субҳи истиқлоли миллат зинда бод!

ОЗАРАХШ

КОНТАКТЫ

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Республика Таджикистан, город Душанбе. проспект Исмоили Сомони 8
  • ФАКС (+992 37) 224-57-37