• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

HomeПОЭЗИЯ Нурмуҳаммад Ниёзӣ ДАР ПОЯИ ҲАЙКАЛИ ОЗОДӢ

Дар шаҳри Хуҷанд - ҳайкали Озодӣ,
Гул баста аз он баҳори ишқу шодӣ.
Бо панҷ ситора ҳаст тоҷи азалӣ,
Бардоштаанд панҷ кӯҳу водӣ.

Бо чашми сарам шаҳомате менигарам,
Тоҷик чӣ гуна миллате, менигарам.
Боварнанамудаҳо ба ҳайрат монданд,
Ҳайрат шуда зам ба ҳайрате, менигарам.

Дар муддати кӯтоҳ, ки кӯтоҳ набуд,
Кӯтоҳ бигуфт, он ки худ огоҳ набуд.
Садсола раҳи мулки тамаддун тай шуд,
Пеш аз дудаҳу панҷ ҳамин роҳ набуд.

Осон набувад, он чӣ ки осон набувад,
Беранҷи хирад шукуфти ирфон набувад,
Бераҳбарии Эмомалии Раҳмон
Гул бастани як санги куҳистон набувад.

Шуд сирати мардумон ба сурат дигар,
Шуд сурати мардумон ба сират дигар.
Бо чашми ҳақиқат нигарӣ, мебинӣ,
Меъёри малоҳату муҳаббат дигар.

Мо марзи муҳаббатем дар рӯи Замин,
Ҷуз меҳр чӣ корем, накорем яқин.
Аз маҷмаи Озодии тоҷик бубин,
Гул меборад ба фарқи мо чархи барин.

Мо пояи пояндаи Истиқлолем,
Аз хидмати камтарин ба худ меболем.
То арш ситораҳои худ бардорем,
Бо туҳфаи имрӯзи ҳазорон солем…

Нумуҳаммад Ниёзӣ

КОНТАКТЫ

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Республика Таджикистан, город Душанбе. проспект Исмоили Сомони 8
  • ФАКС (+992 37) 224-57-37