• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

HomeПОЭЗИЯ Нурмуҳаммад Ниёзӣ КӮЗАИ АНГУР НИГАР…

Нозии Боло биравам, Нозии Боло,
Масти тамошо биравам, масти тамошо.
Радду бадал сангу гули кӯҳи Ҳисор аст,
Диданаш онҷо биравам, диданаш онҷо.

Арча фаровону ба тан ҷомаи сабз аст,
Дафтари сабз асту аз ӯ хомаи сабз аст.
Тухми фараҳ коштани одамӣ ин ҷост,
Пур зи ғазалҳои равон номаи сабз аст.

Домани кӯҳ парвариши боғ бидонад,
Бурданаш аз домани худ доғ бидонад.
Андаке аз дасти сахо гар мададе ҳаст,
Роҳи муродаш чу каси соғ бидонад.

Кӯзаи ангур нигар, ғунчаи анҷир,
Пир батадбир бувад, чашми ҷавон сер.
Булбули хушхон бизанад нағмаи Довуд,
Мерасадам замзамаи шукр зи тақдир.

Кӯҳ барин дар бари кӯҳ аст ҷавонмард1,
Дар назарам додари кӯҳ аст ҷавонмард.
Худ бикашад бори гарон, лек батамкин,
Дил ба замин, сар сари кӯҳ аст ҷавонмард.

Рӯйи кафи даст бувад манзараҳое,
Булбулу кабки дарӣ аз гулдараҳое
Байтфишон, қақразанон ғулғула доранд,
Зеру забар карда зи бар шаршараҳое.

Боғи биҳишт одамӣ аз худ бинамояд,
Аз дили покаш бубарорад ки физояд.
Гар набувад бовари чашму дили ғофил,
Хуш сафаре, гар қадаме ранҷа намояд.

Мераваму ёди маро ёди биҳишт аст,
Аз сари нав ҷони маро ишқ сириштаст.
Қадри чунин мулку макон он ки надонад,
Бар амали зишт мувофиқ сару хишт аст.

1Ишора ба Муродалии Алимардон.

 

Нурмуҳаммад Ниёзӣ

КОНТАКТЫ

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Республика Таджикистан, город Душанбе. проспект Исмоили Сомони 8
  • ФАКС (+992 37) 224-57-37