• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Бар саволи чист ваҳдат, чист Истиқлолият?
Ҳар кӣ мехоҳад ҷавоб аз дил диҳад, аз ҷон диҳад:
-Ҳарду роҳе ҳаст то бахти сафеди олият,
Зистан шоиста мехоҳӣ, ба ту имкон диҳад.

Шаҳру деҳ сар бар фалак, мулкам шукуфон боғ-боғ,
Халқ шодон, бахт хандон, меҳр ҷавлон мезанад.
Пешво аз худ ба роҳи дур афрӯзад чароғ,
Орзуҳо ҷӯш доранд, ормонҳо бишканад.

Хандаи шафтолуи боғи Ҳисори Шодмон,
Чашмаи ҷӯшони Рӯшон, дашти сабзи Данғара…
Сад нишон аст аз нишоти Тоҷикистони ҷавон,
Менамоянд аз раҳу рӯ то худи кӯҳу дара.

Чор сӯи Тоҷикистон аст бо ҳам муттаҳид,
Аз ҷудоӣ гап назан, зӯри зимистон аст ҳеҷ.
Халқ ҳамчун пайкару ҷон аст бо ҳам муттаҳид,
Аз даруну аз бурун таҳдиди бӯрон аст ҳеҷ.

Ман шунидам арзи меҳри Тоҷикистони азиз,
Инчунин даври саодатро надида ҳеҷ гоҳ.
Обу хок аз дасту дил шуд бахтхезу бахтрез,
Миллати донишварамро нест дигар иштибоҳ.

Нурмуҳаммад Ниёзи

КОНТАКТЫ

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Республика Таджикистан, город Душанбе. проспект Исмоили Сомони 8
  • ФАКС (+992 37) 224-57-37