• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

HomeПОЭЗИЯ Нурмуҳаммад Ниёзӣ МИРИ ҲИСОР МӮҲР ЗАНАД

Дар хоки сабз ҳар кӣ дар андешаи худ аст,
Худро шикаста ҳам ба ғами решаи худ аст.
Умри ҳазорсола ба ҳар зот тӯҳфа нест,
Ҳар кас ҳар он чӣ бингарад, аз пешаи худ аст.

Чун арча сар кашид, надонад дигар хазон,
Сардии дай ба сахтии худ ҳаст нотавон.
Неру ба ҷисму ҷони вай аз санг мерасад,
Ё ин ки Офтоб ба вай ҳаст меҳрубон.

Бо шохаҳои кӯтаҳи худ нест тангдил,
Бигзашта решаҳои вай аз марзи сангдил.
Пайванди решаҳо амали арчазор ҳаст,
Бояд расад ба қасд ба ҳар гуна ранг дил.

Дар зери пои арча бувад боғи токзор,
Бар панҷаҳои навдаи ток аст эътибор.
Ҳар рӯз бештар бихазад то баландие,
Бояд гирифт арчаи сарсабз дар канор.

Аз орзуи ток куҷо бехабар манам?
Чун кабк шод мешаваму қақра мезанам.
Бар шохи бесамар зи худ ангур бастанист,
Ман садд намешавам, амалаш рад намекунам.

Дасти ҳавас дароз шавад, то куҷо расад,
Аз хок то ба домани поки Худо расад.
Меҳру муҳаббат асту дигар нест ҳеҷ чиз,
Бе як садо, вале ба ҳазор илтиҷо расад.

Бегонаҳо агар ба ғами ошноиянд,
То зиндаанд, аз пайи тарки ҷудоиянд.
Мири Ҳисор мӯҳр занад, мӯҳри «Дӯст дор!»
Мардум заданд хат ба саволи «Куҷоиянд?»

Нурмуҳаммад Ниёзӣ

КОНТАКТЫ

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Республика Таджикистан, город Душанбе. проспект Исмоили Сомони 8
  • ФАКС (+992 37) 224-57-37