• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Кӯҳи Сиём1 диду сари қалъаи куҳан
Баҳри шикасти хасм дигарбора қалъа сохт.
Зери ниқоб аз ғами озодии ватан
Ҷон бохт? Ҷон набохт! Тану ҷони худ гудохт!

Ёд оварад қиёми Абӯмуслими шаҳид2,
Ёд оварад гурехтан аз ҳабси пуршиканҷ.
Бағдоди боғи мурдаву паҷмурдаро надид,
Қолаб кашид бар рухаш аз олами сипанҷ.

Дигар на Ҳошим3 аст, дигар ӯ Муқаннаъ аст,
Дигар сафедҷомакасон ҳамақидаанд.
Бояд гирифт шаҳри Бухоро зи нав ба даст,
Ранҷи ҳазорсолаи мардум кашидаанд.

Нахшаб зи даст рафту Самарқанд бозмонд,
Аз кину аз ғирев Вароруд даргирифт.
Аммо Саҷам4 ба назди араб бониёз монд,
Маҳдӣ5 Ҳисору тобеи он сарбасар гирифт.

Аммо даруни қалъа маҳи Нахшаб аз ғуруб
Ҳарфе заду ба заҳр биёмехт аҳли байт.
Бар мо аён бувад, чӣ бувад матлаб аз ғуруб?
Пайдо шавад мувофиқи айём боз пайт.

Озодие, ки ҳаст, на осон расидааст…
Акнун ба қадри он нарасидан гуноҳи сахт.
Пуртоқат аст халқ, азобе кашидааст,
Бе ҳеҷ гуна ранҷ надидаст рӯйи бахт.

 1Кӯҳи Сиём дар Ҳисор.
 2Абумуслим-сардори ҳаракати Аббосиён ба муқобили Уммавиён.
 3Ҳошим яке аз сарҳангиёни Абӯмуслим, баъд аз зиндони Бағдод гурехтан ниқобдор мешавад, яъне Муқаннаъ.
 4Саҷам сипаҳсолори Муқаннаъ.
 5Маҳдӣ халифаи араб.

                                                                   Нурмуҳаммад Ниёзӣ

КОНТАКТЫ

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Республика Таджикистан, город Душанбе. проспект Исмоили Сомони 8
  • ФАКС (+992 37) 224-57-37