• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

HomeПОЭЗИЯНазри ЯздонӣИҚБОЛУ ИСТИҚЛОЛ

Косаи тақдири мо, иқболи мо,
Бод моломоли истиқлоли мо.
Мавҷи табрику зиҳӣ беинтиҳо,
Месарояд бисту панҷу бисту панҷ.

Меҳнати сӯзандаро бишкастаем,
Заҳмати созандаи мо дод ганҷ.
Донаи мо хӯшаи пурбор дод,
Бисту панҷ андар ҳисоби бисту панҷ.

Мавҷ-мавҷ аз Суғду Хатлон мерасад,
Шодбошӣ аз Бадахшон мерасад.
Аз дуву даҳ бурҷи кайҳон мерасад,
Шод бодо бисту панҷу бисту панҷ.

Даст бар дастем садди бешиканҷ,
Панҷа андар панҷа, ганҷ астем, ганҷ.
Ваҳдати мо аз шумора бигзарад,
Бисту панҷ андар ҳисоби бисту панҷ.

Дил, ки зарбаш дар шумора мезанад,
Дар ҳавои ҷашнвора мезанад.
Зарби сад таблу нағора мезанад,
Бисту панҷи зарби дар сад бисту панҷ.

НАЗРИ ЯЗДОНӢ

КОНТАКТЫ

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Республика Таджикистан, город Душанбе. проспект Исмоили Сомони 8
  • ФАКС (+992 37) 224-57-37