• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Гоҳе ба алам кори қалам гашт тамом,
Гоҳе ба қалам кори алам гашт тамом.
Кори аламу қалам нашуд ҳеҷ ба сар,
Бечора дилам, кори дилам гашт тамом.

Эй бехабар аз сирри хатти пешонӣ,
Беҳуда алифбои дигар мехонӣ.
Ҳарчанд ки оҷизӣ ту аз хондани он,
З-ин ҳарф бурун машав, ки дармемонӣ.

Кай як нафасе қарор дорад дарё,
Умрест, ки корзор дорад дарё,
Як мавҷ фитад, мавҷи дигар бархезад,
Бас саҳнаи нангу ор дорад дарё.

Пурпечу батоб асту ба симо симоб,
Гоҳе зари сурх ораду гаҳ нуқраи ноб.
Ҳар санг ба оҳанг занад аз соҳил
Чун захма ба тори арғунуни Сурхоб.

Маҷнун ба раҳи Лайлӣ соле истод,
Дар дашти Араб беҳаракат, дар дами бод.
Чун кундаи фарсуда гумонаш бинмуд,
Андар сари ӯ парандае лона ниҳод.

Овезаи гӯши боғ ноки тилло,
Зебанда камарбанд зи токи тилло.
Себи бағалаш басе баланд асту базеб,
Обу гили ӯ зи оби поки тилло.

Шом асту ба гӯшаи уфуқ моҳи сафед,
Дар қуллаи кӯҳе зада хиргоҳи сафед.
Дарёчаи Фолума ба умқи дарае
Дар ҷангали сабз рафта чун роҳи сафед.

Ҳар сӯй парад ба ҳар нигоҳе чашмам,
Чун маст ҳамеравад ба роҳе чашмам.
Чун асп, ки ҷавмаст бувад, ёрон, кай
Ором шавад ба барги коҳе чашмам?

Чашмам, ки ба ёди модарам пуроб аст,
Дидори азизи ӯ фақат дар хоб аст.
Он косаи маска, ки ба пешам мемонд,
Дар тоқи уфуқ чу косаи маҳтоб аст…

Дар лавҳаи осмони монанди булӯр
Дуде шуда дар деҳа ба боло зи танӯр.
Чун кӯдаки синфи як навишта ҳарфе,
Бо латтаи бод карда он гоҳаш кӯр.

Дар қоби тиреза манзаре метобад,
Шаб ҳолаи моҳу ахтаре метобад,
Чун субҳ расад, ба шохаи сабзи булут
Ҷуфти бари ҳам кабӯтаре метобад.

Кӯмак натавонам, ки расонам, маъзур,
Ҳар гоҳ, ки дона мекашонӣ ту базӯр,
Ту лонаи худ фарохтар созӣ агар,
Ман халтаи гандумат расонам, эй мӯр!

Дар шохи ғуруби шом моҳ истода,
Чун чашми касе дар хати роҳ истода.
Баргон ҳама афтодаву себи зарде
Дар шоха чу моҳи тирамоҳ истода.

Ёди дили ман ба достак мемонад,
Аз дур раҳи лонаи худ медонад.
Дар гӯшаи боми падарӣ биншаста,
Бо достакон чириқ-чириқ мехонад.

Овезаи себро зи гардан бикушод,
Бикшод либоси барг, бар по-ш ниҳод.
Урён шуда боғи тирамаҳ мисли арӯс,
Дар хобгаҳаш, дар интизори домод…

Ёрон, дили мо, ки муъҷизи бори Худост,
Не дар бари мо, балки ба дарбори Худост.
Пайваста гирифтаву тамошо-ш кунад,
Монанди гуле ба рӯи дастори Худост.

Бас базм шуд аз шароби ангур обод,
Аз заҳмати ток кас намеорад ёд,
Сармаст ба боғ ҳар тараф панҷа зада,
Бе такя ба по наметавонад истод.

Буд кӯдакиям сапеду ширин чун шир,
Буд фасли ҷавониям чу маска, чу панир.
Дардо, ки қурути шӯру дӯғи турше
Мондаст аз он ҳама, даме гаштам пир.

Дар қоби чаҳор уфуқ аҷаб манзараест,
Як бешаи сабзу дашту рӯду дараест.
Дар қуллаи куҳ чу сурате дар девор
Овехта бо таноби чун шаршараест.

Бигзошта рӯи дидаҳо нанги ҷабин,
Дар паллаи зонувон бувад санги ҷабин.
Ҳар субҳ бишӯяму намоям хушкаш,
Уту нашавад валек ожанги ҷабин.

Ин деҳаи матрук парешон монда,
Мардум ҳама рафтаву дарахтон монда.
Токе, ки ба раҳ хазидаву афтода,
Бас хӯшаи ашк бар замин афшонда.

Рӯи варақи барфи зимистон ҳар бор
Хуршед кашад манзараи боғи баҳор.
Боди пойиз коғази он манзараро
Чун барги хазон пора кунад охири кор.

Ман сурати кӯдакии худро ба ниёз,
Дар қоби тилоӣ менамоям пардоз:
Ҳар рӯз чу моҳиён будам дар Сурхоб,
Ҳар шаб чу фариштагон будам дар парвоз.

Аз гарди ҷаҳон гард набинад чашмат,
Аз дарди замон дард набинад чашмат.
Сархор баландтар гузор аз мижгон,
Ҳар нокасу номард набинад чашмат.

Шамъи дили худ ба тоқи гардун бигузор,
Дарё шаву хешро ба ҳомун бигузор.
Занҷири ҳазорсола афсурду гусаст,
Аз ҳабси худӣ пой ба берун бигузор.

Эй қуллаи сарбаланди аз барф сафед,
Сарҳарфи алифбои шукӯҳи ҷовид.
Эй дасти зи остини гардун берун,
Дасте, ки ба рӯи осмон панҷа кашид.

Дар дафтари мактабии ман панҷу чаҳор,
(Таъриф намекунам), баҳо буд бисёр.
Бас сахт гирифт мактаби зиндагиям,
Бигзошт маро баҳои ду охири кор.

Умрат ба таҳаммулу ба сабр овардӣ,
Тоқат ба шари абри ситабр овардӣ.
Эй кӯҳ, чунин қиёму исёнат чист?
Имрӯз сарат бурун зи абр овардӣ.

Муҳтарам Ҳотам

КОНТАКТЫ

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Республика Таджикистан, город Душанбе. проспект Исмоили Сомони 8
  • ФАКС (+992 37) 224-57-37