HomeПОЭЗИЯКамол Насрулло

МЕНЮ

 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
Shubaho

ФОТОГАЛЕРЕЯ

nikon pictures

ВИДЕО

ШЕЪР ГУФТАН – ЗИСТАН

Шеър гуфтан бӯса киштан дар баёзи зиндагист,
Ояи некӣ сурудан дар намози зиндагист.

То бирӯяд лолагул дар ҳотаи пиндорҳо,
Ҳулбаву райҳон дамад дар вотаи пиндорҳо.

Гул бирӯяд дар лабу дил бо нидои “Ишқ!Ишқ!”,
Дил шавад як пораи гил бо нидои “Ишқ! Ишқ!”.

Шеър гуфтан – зистан дар ҳар нафас, дар ҳар ҳавас,
Як абад бунёд кардан аз ҳазору як абас.

Шеър гуфтан вожаҳоро болу пар бахшидан аст,
Шаҳпаракҳои нафасҳоро сувар бахшидан аст.

Шеър гуфтан бо таҳорат рӯ ба Ҳақ овардан аст,
Бо ҳарорат, бо ҷасорат рӯ ба Ҳақ овардан аст!

Камол Насрулло

КОНТАКТЫ

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • adibon_2011@mail.ru
  • 734025, Республика Таджикистан, город Душанбе. проспект Исмоили Сомони 8
  • ФАКС (+992 37) 224-57-37