• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

HomeПОЭЗИЯДоро НаҷотВАҲДАТИ МИЛЛАТ

Ваҳдат
тулӯъи зарринтоҷи орёист
аз мазҳари миллат.
Ва ҳафтандарҷӯши
кафшерест,
ки васл мекунад моро
ба фӯлоди пайкари миллат.

Ваҳдат
тахти баланд аст
дар хостгоҳи бахти баланди миллат.

Ваҳдат
оҳангест,
ки ҳамовоз мекунад моро
ба савтиёти Вахшу Зарафшон
ва найнавои дили миллат.

Ваҳдат
сарбезаҳои хирмани "Шашмақом"-ро
донарез мекунад
ба такнавои дӯли осиёби "Фалак"
ва "Лалайик"-и шуғниоҳанги бонувонро
лабрез мекунад
аз аллаҳои модарони меҳситисуруд.

Ваҳдат
гулшукуфти тоҷиконаи чеҳраҳост
аз дарахти миллат
ва озарахши тоҷикии гавҳари дидаҳост
аз тоҷу тахти миллат.

Ваҳдат аст, ки
хулоса мешавем
дар "Ман"-и миллат
ва якпорча мешавем
бо Меҳани миллат!

ДОРО НАҶОТ

КОНТАКТЫ

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Республика Таджикистан, город Душанбе. проспект Исмоили Сомони 8
  • ФАКС (+992 37) 224-57-37