• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Ту ёздаҳ ситораву хуршеду моҳро

дар хоб дидаӣ?!

Қайсари Аминпур

Хоб дидам ишқро,

Хоб дидам рӯшаноиро,

Ки аз бурҷи таманно

шамсосо

медамид.

Хоб дидам ишқро,

Хоб дидам бегуноҳиро,

Ки ҳамчун барраи оҳу

Дар баҳори чашми Юсуф мечарид.

Ошиқиро

хоб дидам,

Хоб дидам шавқи урёни Зулайхоро,

Ки аз бозори суф

Ишқи Юсуф мехарид...

Як Ватан онсӯтар аз Канъони ҳиҷрон,

Гурги бадном

Моҳро дар чоҳ медид.

Чоҳ пайғамбарсаро буд,

Ишқ аз мазҳаб ҷудо буд,

Ҷуғз бар ҳоли Азизи Миср

гиря механдид...

Гулрухсор   2010

КОНТАКТЫ

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Республика Таджикистан, город Душанбе. проспект Исмоили Сомони 8
  • ФАКС (+992 37) 224-57-37