• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

HomeПОЭЗИЯГулрухсорРАСВОИ ВАФОИ ВАТАН

Дар хонаи мо ҷуз ғами ту хони дигар нест,

Дар суфраи мо ҷуз аламат нони дигар нест.

Дар маҳфили мо содаву беҳуда нагирянд,

Дар навҳаи мо ҳарзаву ҳазёни дигар нест.

Озодии зиндони ту умри ҳамагон аст,

Ҷуз калъаи номуси ту зиндони дигар нест.

Дар қисмати мо нақши бало санъати Монист,

Дар сурати мо панҷаву дандони дигар нест.

Девори насаб такягаҳи дояи шаб шуд,

Моро, ба худо, пиру нигаҳбони дигар нест.

Девона зи девони хато панд нагирад,

Девонаи мо дев зи девони дигар нест.

Бӯҳтонзадаро аз дили дӯзах гузаре ҳаст,

Бахшандаи мо дӯзахии они дигар нест.

Аз кулмаки гандида ба дарё нарасидем,

Сармасти саробем, Зарафшони дигар нест.

Мавлои тариқат, ки ҳақиқат напазирад,

Сарпаст бимирем, Бадахшони дигар нест.

Андар дили мо дарди ду дунё шуда бандӣ,

Таҳминаи мо модари Эрони дигар нест.

Рустам зи фари сафдарӣ танҳои ҷаҳон шуд,

Сӯҳроби вафо афсари султони дигар нест.

Шармандаи ошиқ будану хори шаҳу ом,

Расвои вафои Ватанем шони дигар нест!

Олам ҳама ҷамъ аст ба рағми сари танҳо,

Чун миллати мо ҷамъи парешони дигар нест!

Гулрухсор         Душанбе 1991

КОНТАКТЫ

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Республика Таджикистан, город Душанбе. проспект Исмоили Сомони 8
  • ФАКС (+992 37) 224-57-37