• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

HomeПОЭЗИЯГулназарСАБОҲИ ЗАРНИСОР

Сабоҳи зарнисори мо, Ватан,
Шукӯҳу эътибори мо, Ватан,
Умеди рӯзгори мо, Ватан,
Ба ҳар куҷо барори мо, Ватан!

Пур аз суруду аз дуруд забонат аз барои мо,
Пур аз паёму аз салом ҷаҳонат аз барои мо,
Нишони ҳафт пушти мо нишонат аз барои мо,
Далели сад замон бувад замонат аз барои мо.

Дар ин ҷаҳони бешу кам сари баланди мо, Ватан,
Ба дарси ваҳдату вафо китоби панди мо, Ватан,
Раҳи нумӯи ҳар дамат раҳи писанди мо, Ватан,
Дар оғӯши ту рӯзу шоми бегазанди мо, Ватан.

Зи чашмаҳот мерасад чакомаи ҷавониат,
Зи пуштаҳот медамад баҳори бехазоният,
Зи қуллаҳот ҷилвагар бақои зиндагониат,
Зи ғайрату талоши мост шаҳомати ҷаҳоният.

Камоли зиндагии мост камоли зиндагониат,
Ҷамоли мардумат бувад ҷамоли зиндагониат,
Ҷидоли пурфутӯҳ диҳад ҷидоли зиндагониат,
Ҳамеша сабзу хуррам аст ниҳоли зиндагониат.

Сабоҳи зарнисори мо, Ватан,
Шукӯҳу эътибори мо, Ватан,
Умеди рӯзгори мо, Ватан,
Ба ҳар куҷо барори мо, Ватан!

ГУЛНАЗАР

КОНТАКТЫ

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Республика Таджикистан, город Душанбе. проспект Исмоили Сомони 8
  • ФАКС (+992 37) 224-57-37