• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

HomeПОЭЗИЯГулназарШЕЪРИ САПЕДИ МАН

Ман ин шеъри сапедгунаи худро
Зи ранги сапеди Парчами ту бигрифтам,
Ки бо сафои сафҳаам даромезад
Ва аз дили ҳар вожаам саҳар хезад.

Ман ин сапедазори пурмуҳаббати худро
Бихоҳаму боз мехоҳам
Чу Каҳкашон ба зери пойи ту густардан,
Ки роҳи саодати ту равшан бод,
Фазои муроди ту субҳдоман бод.

Садои дирӯзи ман ба гӯш меояд,
Фиғони пурсӯзи ман бо хурӯш меояд:
"Ман барои Тоҷикистони азодор
Ҳамчу Ому шеъри пурфарёд мехоҳам сурудан:
Гавҳараш набвад, ба ҷуз аз муҳраҳои гоҳвора,
Моҳияш набвад, ба ғайр аз тифлакони ширхора".

Танам чун чанори барқзада мегирад оташ,
Худоё,
Чӣ сухан буд, ки дӯш мегуфтам,
Зи бодаи ғусса бехуду мадҳуш мегуфтам:
"Гуфтам, ки нанолам, ки ҳама рӯди ту гирён аст,
Гуфтам. ки нагирям, ки ҳама боди ту нолон аст,
Аммо чӣ тавон кард, ки ин рӯдаму ин бодам?!"

Чӣ сон бар сутӯҳ наоям,
Ки ин суруд ҳам зи ҷони ман аст,
Ҳамосаи дарду андӯҳи равони ман аст:
"Эй Ватан,
Модари сияҳпӯшам,
Эй дилу ҷони ман ба қурбонат!
Шеърҳои сафеди ман гардад,
Кош, вақфи сафедпӯшонат!"

Чӣ хуш!
Чӣ хуш!
Замони сафедпӯшони ту фаро бирасид,
Шаби зулмониро субҳи босафо бирасид.
Ба иқтибоси мурғакони саҳар гуфтам,
Сафед буд, вале ба хуни ҷигар гуфтам:
"Боз омад Тоҷикистон, боз омад,
Ин гурезону парешон боз омад,
Сабза-сабза, ғунча-ғунча, села-села
Навбаҳори интизорон боз омад!"

Муборакат бод ин боз омадан,
Ки рафтанаш набувад,
Муборакат бод ин навбаҳорон,
Ки ғайр аз шукуфтанаш набувад,
Мубораки шоири ту бод,
Ки ба ҷуз аз сафедӣ сухан гуфтанаш набувад!

Ман ин шеъри сапедгунаи худро
Зи ранги сапеди Парчами ту бигрифтам…

ГУЛНАЗАР

КОНТАКТЫ

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Республика Таджикистан, город Душанбе. проспект Исмоили Сомони 8
  • ФАКС (+992 37) 224-57-37