• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

HomeПОЭЗИЯГулназарТАРОНАИ ИСТИҚЛОЛ

Сафҳаи тоза бикшода шуд, аз ту шуд,
Тоҷикистон зи нав зода шуд, аз ту шуд,
Бар сараш тоҷ бинҳода шуд, аз ту шуд,
Фахри авлоди озода шуд, аз ту шуд,
Эй шукуҳи Ватан,
Бахти мулки куҳан,
Номи ман, шони ман –
Ис-тиқ-лол!

Шукри ту, шукри ту, аз ту эҳё шудем,
Ҳамдилу ҳамраҳу ваҳдаторо шудем,
Зарра будему аз зарра дунё шудем,
Қатра будему аз қатра дарё шудем,
Эй шукуҳи Ватан,
Бахти мулкии куҳан,
Номи ман, шони ман –
Ис-тиқ-лол!

Бишнавад аҳли дунё садои туро,
Ҳарфи меҳру суруди вафои туро,
Дар муҳаббат шиносад бақои туро,
Роҳи ояндаи пурсафои туро,
Эй шукуҳи Ватан,
Бахти мулкии куҳан,
Номи ман, шони ман –
Ис-тиқ-лол!

Гулназар

КОНТАКТЫ

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Республика Таджикистан, город Душанбе. проспект Исмоили Сомони 8
  • ФАКС (+992 37) 224-57-37