HomeПОЭЗИЯАкбар Абдулло

МЕНЮ

 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
Shubaho

ФОТОГАЛЕРЕЯ

nikon pictures

ВИДЕО

ГИРЯИ ДИЛ

Дили бечораам хун гиряд имшаб,
Парешонҳолу маҳзун гиряд имшаб.

Ту гӯӣ Лайлӣ андар шоми ҳиҷрон
Ба ҳоли зори Маҷнун гиряд имшаб.

Дили овораву сарсону зорам
Ба кӯҳу дашту ҳомун гиряд имшаб.

Register to read more...

СУРУДИ ИШҚ

Чи мепурсӣ чунинам ё чунонам,
Суруди ишқ бошад дар забонам.

Чароҳатҳо даруни синаи ман
Ҳама рамзи ғами деринаи ман.

Гули ман, чанд бояд дарду ҳасрат?
Бурун бозо, бурун аз шоми хилват.

Зи дасти дарду ғам бо синаи чок
Шавам рӯзе ниҳон дар синаи хок.

Register to read more...

ТАВАЛЛУДИ НАВ

Хушам, гарчи тамоми умри худро
Ба сар бурдам ҳаме дар ҷустуҷӯят.
Туро кардам ба пирӣ боз пайдо,
Ҷавон гаштам зи нав дар рӯ ба рӯят.

Ва ёдам рафт сӯи лолазорон,
Миёни лолаҳо ту дар канорам.
Мани ошиқдил аз нав бо ҳавасҳо
Бикардам ҳис ҳамбазми баҳорам.

Register to read more...

НОМА БА ЯК ХУДХОҲ

Ҷоно, дигар зи лофу газофат ба мо магӯ,
Худро ягона бандаи поки Худо магӯ.

Дурӣ ту аз садоқату имону эътиқод,
Афсонаҳо дигар ту зи меҳру вафо магӯ.

Аз тирагии ҷону дили худ раҳо бишав,
Бар рӯшании ҷону дилам носазо магӯ.

Register to read more...

ОВОИ ТАЪРИХ


                                                   Рӯди ман, олам дигар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон…
                                                                                                            М. Турсунзода
Ҷони ман, олам дигар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон.
Чарх аз меҳвар бадар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон.

Қисмати талхи ману ин чарх анҷоме наёфт,
Синаҳо хуни ҷигар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон.

Register to read more...

ЗЕРИ БОРИ ҒАМ

(Дар реҳлати бародари бузургам Ҳоҷӣ Алиҳайдар)

Дар ҷаҳони фисқу ғавғо зиндагӣ кардӣ ҳалол,
Хоксорӣ пешаат буд, родмарди безавол,
Аз баландии ҷаҳон рафтӣ ба монанди уқоб,
То қиёмат алвидоъ , эй додари бишкастабол.

Ногаҳон рафтӣ зи олам, ҳарфи ту ногуфта монд,
Рози пинҳони дилат дар синаат бинҳуфта монд,
Сад ҳазорон орзу будат ба дил, аммо дареғ,
Ғунчаҳои орзуят сар ба сар нашкуфта монд.

Register to read more...

ТО БИРӮЯД ШЕЪР…

Ман ба дунё омадам фасли баҳор,
Фасли сабзи гулфишонии чаман,
Фасли ишқу нолаву фарёдҳо,
Фасли рангомезии кӯҳу даман.

Тифли гирён чун ба дунё омадам,
Аз баҳори гиряам гулҳо шукуфт.
Гашт равшан синаам аз нури барқ
Наъраи тундар ба гӯшам қисса гуфт.

Register to read more...

БӮСТОНИ ХОТИР

Ба ёди қадди ту беёдам имшаб,
Ба сар шуд, сарнавишти содаи ман.
Туро дар бӯстони сабзи хотир
Ҷавон дидам, ҷавон, озодаи ман.

Шукуфо гаштаӣ дар ёд чун боғ
Қалам ҳамрози дафтар мешавад боз.
Ба ёдат вожа-вожа ҳасрати ман,
Чу фасли зард пар-пар мешавад боз.

Register to read more...

ҚИССАИ ДИЛ

Қиссаи дилро мани девона бинвисам,
Шарҳи ҳусни рӯи он ҷонона бинвисам.

Аз ҷафояш сокини майхона гардидам,
Номаи ғамро дар ин майхона бинвисам.

Register to read more...

ПАЙДОВУ НОПАЙДО

Эй ошиқони бехабар, он ошиқи шайдо манам,
Дар олами зеру забар пайдову нопайдо манам.

Дил додаву ҷон бохтам, дунёи армон сохтам,
Нокоми ишқу ошиқӣ, ғамкуштаи дунё манам.

Побастаи ишқу ҷунун, оғушта андар хоку хун,
Чун сайди раҳгумкардае вомондаи саҳро манам.

Register to read more...

КОНТАКТЫ

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • adibon_2011@mail.ru
  • 734025, Республика Таджикистан, город Душанбе. проспект Исмоили Сомони 8
  • ФАКС (+992 37) 224-57-37