• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Ба ёди қадди ту беёдам имшаб,
Ба сар шуд, сарнавишти содаи ман.
Туро дар бӯстони сабзи хотир
Ҷавон дидам, ҷавон, озодаи ман.

Шукуфо гаштаӣ дар ёд чун боғ
Қалам ҳамрози дафтар мешавад боз.
Ба ёдат вожа-вожа ҳасрати ман,
Чу фасли зард пар-пар мешавад боз.

Сабоҳе чун кабӯтар пар кушудӣ
Зи дасти ман ба сӯи бенишонӣ.
Дигар танҳо бимондам бо худи худ,
Бишуд беранг бе ту навҷавонӣ?…

Наояд рӯзгори сабз аз сар
Ки вақти рафтаро аз сар бигирем,
Чу кафтарҳои навболи ҷавонӣ
Ба сӯи ҳамдигар, мо пар бигирем.

                                                       Акбар Абдулло

КОНТАКТЫ

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Республика Таджикистан, город Душанбе. проспект Исмоили Сомони 8
  • ФАКС (+992 37) 224-57-37