• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

HomeПОЭЗИЯАкбар АбдуллоТО БИРӮЯД ШЕЪР…

Ман ба дунё омадам фасли баҳор,
Фасли сабзи гулфишонии чаман,
Фасли ишқу нолаву фарёдҳо,
Фасли рангомезии кӯҳу даман.

Тифли гирён чун ба дунё омадам,
Аз баҳори гиряам гулҳо шукуфт.
Гашт равшан синаам аз нури барқ
Наъраи тундар ба гӯшам қисса гуфт.

Ман ба дунё омадам фасли баҳор,
Файзи борони баҳорӣ бар сарам,
Сӯхтам дар ишқи ҷонон, ончунон
То бирӯяд шеър аз хокистарам.

Ман ба дунё омадам фасли баҳор,
Дар баҳорон оҳу фарёдам шунав,
Аз забони абру боронҳову бод
қиссаҳои ишқи барбодам шунав.

Ман ба дунё омадам фасли баҳор,
Фасли ишқу нолаву фарёдҳо…
Эй хазон, беҳуда бар ман мевазӣ
Сабз монад номи ман дар ёдҳо.

                                                   Акбар Абдулло

КОНТАКТЫ

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Республика Таджикистан, город Душанбе. проспект Исмоили Сомони 8
  • ФАКС (+992 37) 224-57-37