• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

(Дар реҳлати бародари бузургам Ҳоҷӣ Алиҳайдар)

Дар ҷаҳони фисқу ғавғо зиндагӣ кардӣ ҳалол,
Хоксорӣ пешаат буд, родмарди безавол,
Аз баландии ҷаҳон рафтӣ ба монанди уқоб,
То қиёмат алвидоъ , эй додари бишкастабол.

Ногаҳон рафтӣ зи олам, ҳарфи ту ногуфта монд,
Рози пинҳони дилат дар синаат бинҳуфта монд,
Сад ҳазорон орзу будат ба дил, аммо дареғ,
Ғунчаҳои орзуят сар ба сар нашкуфта монд.

Бо бародар зиндагонӣ дилкашу ширин будаст,
Ин ҷаҳон бо офтоби рӯйи ӯ рангин будаст.
Дидаам дар зиндагӣ дарду аламҳои зиёд,
Доғи фарзанди падар бисёр ҳам сангин будаст.

Доғи фарзанди падар аз нав диламро пора кард,
Ханҷари тезе ба мағзи устухонам кора кард.
Ин фалакро каҷравиҳои ҳамеша буду ҳаст,
Ҷабри афзуне ба ин ҷону дили бечора кард.

Зери чархи ҳуққабозам, печутобам медиҳад,
Ҳар даме аз ҷоми дарду ғам шаробам медиҳад.
Зарбаҳои қисмати бадро пазируфтам, вале
Рафтани ҷамъи бародарҳо азобам медиҳад.

Зери бори ғам фитодам, нотавонам ман дигар,
То қиёмат яккаву танҳо равонам ман дигар,
Бо бародарҳо замоне сурхрӯйӣ доштам.
Рӯйзардам бе бародарҳо, хазонам ман дигар.

Дар қатори зиндаҳо, аммо ба ҳукми мурдаам,
Заҳри марги хешро аз ҷоми гардун хӯрдаам.
Бе бародарҳо кунун ман интизори марги хеш,
Тобути худро ба пуштам то мазорам бурдаам.

                                                                         Акбар Абдулло

КОНТАКТЫ

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Республика Таджикистан, город Душанбе. проспект Исмоили Сомони 8
  • ФАКС (+992 37) 224-57-37