• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

HomeПОЭЗИЯАкбар АбдуллоНОМА БА ЯК ХУДХОҲ

Ҷоно, дигар зи лофу газофат ба мо магӯ,
Худро ягона бандаи поки Худо магӯ.

Дурӣ ту аз садоқату имону эътиқод,
Афсонаҳо дигар ту зи меҳру вафо магӯ.

Аз тирагии ҷону дили худ раҳо бишав,
Бар рӯшании ҷону дилам носазо магӯ.

То нагсалад фариштаи пайғоми анҷуман,
Ҳаргиз дар анҷуман сухани нораво магӯ.

Гуфтӣ: бидуни сарвату мансаб чи одамем?
Ин ҳарфи хушки хеш зи баҳри Худо магӯ!

Эй ҳарзагӯ, чу ҳамнафаси ҷону дил наӣ,
Худро ту дар масири вафо ҷонфидо магӯ.

Бояд, ки номи нек бимонад зи баъди мо,
Дигар ба гӯши мо сухани бебақо магӯ!

                                                             Акбар Абдулло

КОНТАКТЫ

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Республика Таджикистан, город Душанбе. проспект Исмоили Сомони 8
  • ФАКС (+992 37) 224-57-37