• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Ин дили шӯрида дигар дилситонӣ мекунад,
Дар дами пирӣ талоши навҷавонӣ мекунад.

Дар дили ёрон бикорад донаи меҳру вафо,
Аз муҳаббат, аз садоқат гулфишонӣ мекунад.

Хуш касе дар роҳи ишқ аз ину аз он бигзарад,
Ҳастии худро фидои ёри ҷонӣ мекунад.

Ғайри ошиқ кист дар ғурбатсаро ғамбортар,
Пеши пои ёр умре ҷонфишонӣ мекунад.

Гарчи борҳо аз рақибон хурда ӯ захми забон,
Расму оини муҳаббат ҷовидонӣ мекунад.

То шиносад зиндагиро бо ҳама неку бадаш,
Лоҷарам, ҳам ҳамдилӣ, ҳам ҳамзабонӣ мекунад.

Чораи дигар нашояд ин дили ғамхастаро,
«Дар ҷаҳон ҳар кас ба навъе зиндагонӣ мекунад».

                                                                                    Акбар Абдулло

КОНТАКТЫ

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Республика Таджикистан, город Душанбе. проспект Исмоили Сомони 8
  • ФАКС (+992 37) 224-57-37