• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Хушам, гарчи тамоми умри худро
Ба сар бурдам ҳаме дар ҷустуҷӯят.
Туро кардам ба пирӣ боз пайдо,
Ҷавон гаштам зи нав дар рӯ ба рӯят.

Ва ёдам рафт сӯи лолазорон,
Миёни лолаҳо ту дар канорам.
Мани ошиқдил аз нав бо ҳавасҳо
Бикардам ҳис ҳамбазми баҳорам.

Дубора, ишқи пок андар дили ман
Чароғи дӯстдориро барафрӯхт.
Дубора, он нигоҳи оташинат,
Саропо ҷисму ҷонамро чунон сӯхт.

Ду абрӯят, ҳамон меҳроби Ҳофиз
Ду рухсорат чуноне меваи тар.
Ду зулфонат хати райҳонии роз,
Ду чашмонат мисоли ҷуфти ахтар.

Лабони шаккарини ҷонфизоят
Мани ҷонташнаро оби ҳаёт аст.
Ҷалоли ҳусни ту, эй покдоман,
Равонамро башорат аз наҷот аст.

Намеояд зи дастам ҷуз тавалло,
Дигар, раҳме ба ҷони хастаам кун.
Надорам тоқати ранҷи ҷудоӣ
Дигар, дар кӯи худ побастаам кун.

Магӯ дигар, магӯ, имрӯзу фардо,
Зи ҳолу рози пинҳонам чӣ донӣ?
Мадеҳ барбод умри боқиамро,
Ки бе ту ҳеҷ бошад зиндагонӣ.

Туро хоҳам, биё, эй ҳамдами дил
Набояд кард ношукрӣ зи қисмат.
Бимирам, хуни ман дар гардани туст
Дар ин дунё ва ҳам рӯзи қиёмат!

                                                                                    Акбар Абдулло

КОНТАКТЫ

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Республика Таджикистан, город Душанбе. проспект Исмоили Сомони 8
  • ФАКС (+992 37) 224-57-37