• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Чи мепурсӣ чунинам ё чунонам,
Суруди ишқ бошад дар забонам.

Чароҳатҳо даруни синаи ман
Ҳама рамзи ғами деринаи ман.

Гули ман, чанд бояд дарду ҳасрат?
Бурун бозо, бурун аз шоми хилват.

Зи дасти дарду ғам бо синаи чок
Шавам рӯзе ниҳон дар синаи хок.

Худоё, раҳм бар ҷонам кӣ созад?
Бинои ишқу армонам кӣ созад?

Ба кӯи ишқи ту овора то чанд?
Ғарибу бекасу бечора то чанд?

Намебинам ба ҷуз ин чораи дил,
Гузорам рӯи дастат пораи дил,

Нигоро, мегузорам сар ба поят,
Шудам дар ошиқӣ обу адоят.

Биё, то қадри ҳам имрӯз донем,
Суруди васли дил имрӯз хонем.

Биё, то ишқи худ афсона созем,
Ғами олам зи дил бегона созем.

Ба қадри ишқ мебояд расидан,
Зи шохи нахли армон мева чидан.

Агар мо бандаи парвардгорем.
Бибояд ишқро покиза дорем,

Ки худ парвардгори ҳарду олам,
Ато бинмуда ишқ аз баҳри Одам.

Дили ошиқ ҳамон, ёри Худо аст,
Дили бе ишқ, охир бебақо аст!

                                                Акбар Абдулло

КОНТАКТЫ

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Республика Таджикистан, город Душанбе. проспект Исмоили Сомони 8
  • ФАКС (+992 37) 224-57-37