• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

HomeПОЭЗИЯАкбар Абдулло

ПАЙДОВУ НОПАЙДО

Эй ошиқони бехабар, он ошиқи шайдо манам,
Дар олами зеру забар пайдову нопайдо манам.

Дил додаву ҷон бохтам, дунёи армон сохтам,
Нокоми ишқу ошиқӣ, ғамкуштаи дунё манам.

Побастаи ишқу ҷунун, оғушта андар хоку хун,
Чун сайди раҳгумкардае вомондаи саҳро манам.

Идомаи: ПАЙДОВУ НОПАЙДО

ГАРДИШИ АЙЁМ

Сахт ҳайронам зи дасти зиндагӣ,
Ноумед аз гардиши давру замон,
Бо пушаймониву афсӯсу дареғ
Меравам аз гулфишон сӯи хазон.

Дар фазои макру найрангу фиреб
Зиндагӣ маънии худ гум кардааст.
Ҷумла орифҳои равшансинаро
Сарфиканда байни мардум кардааст.

Идомаи: ГАРДИШИ АЙЁМ

БО ЧАРОҒИ ҶОН

Вориси равшандили аҳли зиё бошем мо,
Дар лаби ҷӯ ташнаи меҳру вафо бошем мо.

Қиссаи Лайливу Маҷнун пеши мо афсона нест,
Аз барои ишқи ҷонон ҷонфидо бошем мо.

Идомаи: БО ЧАРОҒИ ҶОН

ХОҶАМӮЪМИН

Ба коми мо ҳаме аз чоки сина
Намак ҳосил намоӣ, Хоҷамӯъмин,
Ба рӯзи ноумедиҳо ҳамеша
Балогардони моӣ, Хоҷамӯъмин.

Ман он парвардаи домони покат
Ба дуриҳо сафар кардам замоне,
Бидидам, раҳ ба раҳ мулку маконҳо,
Надидам мисли ту мулку маконе.

Идомаи: ХОҶАМӮЪМИН

НОҶУРИИ РАҚАМҲО

Дар синаам чӣ ғамҳост, ман донаму туву дил,
Бинҳуфта чӣ аламҳост, ман донаму туву дил.

Хушкида нахли умрам аз ашки шӯри қисмат,
Дар дидаам чӣ намҳост, ман донаму туву дил.

Идомаи: НОҶУРИИ РАҚАМҲО

ҲАЙРАТИ ПАЙМОНАҲО

Ҷоҳилон фарзонаҳоро куштаанд,
Бесарон ҳамшонаҳоро куштаанд.

Дар ҳавои хору хас бархе, нигар,
Гавҳару дурдонаҳоро куштаанд.

Идомаи: ҲАЙРАТИ ПАЙМОНАҲО

КОНТАКТЫ

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Республика Таджикистан, город Душанбе. проспект Исмоили Сомони 8
  • ФАКС (+992 37) 224-57-37