• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

0111-12-июли соли равон тибқи нақшаи коaри ИН Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб даври дувуми курс-конференсияи минтақавии адибони ҷавон баргузор шуд.

Баъд аз ошноии ҳамаҷониба бо чакидаҳои табъи навқаламони шаҳру навоҳии Кӯлоб, Ховалинг, Фархор, Муъминобод, Мир Саидалии Ҳамадонӣ , Темурмалик, Шоҳин, Восеъ, Данғара, Балҷувон муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, мудирони шуъбаҳои ИН Муҳаммадалии Аҷамӣ, Равшани Махсумзод, муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат" Парда ҳабиб ва мусоидату ширкати котиби масъули шуъбаи кӯлобии ИН, Шоири халқии Тоҷикистон ҳақназар ғоиб дар ҷаласаи умумӣ ва сексияҳои алоҳида аз натиҷаҳои баррасӣ ва таҳлили намунаҳои назму насри онҳо суҳбат ва суханронӣ карданд.


Роҳбари гурӯҳи корӣ Ато Мирхоҷа дар оғози курс-конференсия иштирокчиёнро аз номи Раёсати ИН Тоҷикистон бо ин рӯйдоди илҳомбахши адабӣ муборакбод намуд. ӯ таъкид дошт, ки Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ бо дарназардошти дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон баҳри дарёфти истеъдодҳои ҷавон, мусоидат намудан ба сабзишу сайқали маҳорати онҳо силсилаи чунин чорабиниҳоро роҳандозӣ менамояд.
Шоири халқии Тоҷикистон ҳақназар ғоиб иброз намуд, ки таваҷҷуҳ ва нигоҳи наву созанда ба эҷодиёти навқаламон, дар мадди аввал гузоштани ниёзҳо, дастгириву роҳнамоиашон дар андӯхтани таҷрибаи эҷодӣ миёни онҳо шавқу рағбати бештар ба бор овард. Ширкати 12 нафар шавқманди назму наср ва дигар анвоъи адабӣ, ки навиштаҳояшонро ба курс-конференсияи мазкур пешниҳод карданд, аз ин гувоҳӣ медиҳад.
Дар назди ҳозирин Раҷабмоҳ, Шафқат, Наврӯз, Беҳрӯз, Шукронаи Неъмат, Машҳура, Омина, Неъматуллои Абдураҳмон, Моҳитобон, Умеда шеърҳои худро қироат намуданд. Сипас иштирокдорони курс-конференсия бо роҳбарии Ато Мирхоҷа, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Парда ҳабиб, Равшани Махсумзод дар чор маҳфили омӯзишӣ ба кори худ идома бахшиданд.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ масъулони бахшҳои эҷодӣ дар бораи бурду бохти ҳар як иштирокдори курс-конференсия ибрози назар намуданд. Дар гузоришҳо зикр шуд, ки аксари адибони ҷавон дар марҳилаи омӯзиш ва ошноии амиқтар бо роҳу равиши кори эҷодӣ қарор доранд ва дар фаро гирифтани донишҳои адабӣ ва ҷустуҷӯҳои эҷодӣ аз худ саъю кӯшиши шоиста нишон медиҳанд.
Дар шеъру тарона, лавҳаю ҳикояҳо орзуву омоли насли ҷавон, афкори созанда ва эҳсосоти ҳаётдӯстона, садоқат ба Ватан, ифтихори тавъам бо масъулияти ватандорӣ ифода меёбанд. Муҳтавои қаламиҳояшон мисоли равшанест аз рӯҳияти матину азму иродаи насли ҷавони даврони навин, ки бо дарки амиқи аҳаммияти соҳибистиқлолӣ, худогоҳӣ, созандагию бунёдкорӣ дар пешрафти кишвар саҳм мегузоранд. Дар қисмате аз шеърҳои худ шоирони ҷавон бегонапарастию таассуб, гароиши иддае аз ҳамсолонашон ба ҷараёнҳои тундраву ифротӣ, фоҷиаи кишвари Сурияро мавриди накӯҳишу танқиди сахт қарор дода, насли нави ҷомеаро ба ватандӯстӣ даъват намудаанд, ки қобили зикр мебошад. Онҳо бидуни супоришу хоҳише, танҳо бо амри дил ва виҷдони поки хеш зидди падидаҳои номатлуби замони муосир садо баланд мекунанд.
Дар хатми ҷаласа муовини Раиси ИН Тоҷикистон иброз намуд, ки аз миёни иштирокдорон Раҷабмоҳи Абдуқаҳҳор, Мирзонаврӯз ҷумъамурод, Умедаи ҷалил, Беҳрӯз Сайдуллоев, Неъматуллои Абдураҳмон ба курс-конференсияи адибони ҷавони ҷумҳурӣ пешниҳод шуданд. Ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои дастгирӣ ва мусоидат дар баргузории курс-конференсия изҳори сипос карда шуд. Зикр гардид, ки дарёфт ва дастгирии ҷавонони боистеъдод дар бахши наср, танқиди адабӣ ва дигар жанрҳои адабиёт зарур мебошад.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved