• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

03

25-26 июли соли равон дар шаҳри Ваҳдат курс-конференсияи минтақавии адибони ҷавони пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ баргузор шуд.

Нахуст дар Кохи маърифати шаҳр ба ин муносибат ҷаласаи умумӣ доир шуд, ки ба он Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ифтитоҳ бахшида, ба адибони ҷавон масъулияти сангини суханофарӣ, заҳмати қаламкашӣ, амиқу ҳушмандона омӯхтани осори адабии классикӣ, муосир ва ҷаҳон, ҳамаҷониба ва пайгирона омода буданро ба кори эҷодӣ ёдовар гардид. Раиси Иттифоқи нависандагони кишвар махсус таъкид намуд, ки тарбият ва дастгирии қаламкашони ҷавони боистеъдоду навҷӯ дар сархати иқдомоти Раёсати ИНТ қарор дорад. Тибқи нақшаи корӣ Раёсати ИНТ дар се моҳи охир дар шаҳрҳои қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хоруғ курс-конференсияҳои минтақавии адибони ҷавонро даъват кард. ҳамингуна чорабинӣ дар вилояти Суғд баргузор хоҳад шуд. Дар марҳилаи ниҳоӣ эҷодкорони умедбахш дар курс-конфренсияи адибони ҷавони ҷумҳурӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд доир мегардад, ҷамъ меоянд.

Раёсати ИНТ бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари неруи ҷавону тозаи адабии кишвар ба эҷоди осори арзанда ва сазовори даврони соҳибистиқлолӣ ба чопу тарҷумаи навиштаҳои онҳо мусоидат мекунад. Дар ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз, ки баҳори соли равон Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар пойтахти Ватанамон ва ВМКБ, Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон баргузор кард, адибони ҷавони тоҷик низ фаъол буданд. Намунаҳои тозаи табъи онҳо ба китоби ҷашнии "Шеърборон" (дар қатори шоирони намоёни форсизабони ҷаҳон) ворид гардиданд.
қобили қайд аст, ки ба баргузории курс-конференсияҳои минтақавӣ мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти маҳаллии шаҳрҳо ва вилоятҳо мусоидат менамоянд.
Раиси ИН Тоҷикистон барои дастгирӣ ва мусоидаташон ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷТ, раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода арзи сипос намуд. Муовини раиси шаҳр Фарзона Хоҷазод табрикоти роҳбарияти шаҳрро қироат намуда, ба адибони ҷавон комёбӣ орзӯ кард.
Сипас эҷодиёти қаламкашони ҷавон дар чор маҳфили омӯзишии назм ва як маҳфили омӯзишии наср таҳти роҳбарии Ато Мирхоҷа, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Парда ҳабиб, Давлати Раҳмониён, Равшани Махсумзод таҳлилу баррасӣ гардид.
Хурсандибахш аст, ки адибони ҷавон ба масъалаҳои нақду пажӯҳиши осори адабӣ мароқи зиёд зоҳир карда, соҳиби қобилият ва зеҳни равшан будани худро дар таҳлилу баррасии асарҳои алоҳида нишон доданд. Бо дастгирии Раиси ИН Тоҷикистон Низом Қосим мунаққидону адабиётшиносони умедбахш пажӯҳишҳои худро ба курс-конференсияи адибони ҷавони ҷумҳурӣ пешниҳод хоҳанд кард. Таҳсили ҷиддӣ ва пайгирона дар магистратура ва аспирантураҳои донишгоҳҳо ва Академияи илмҳои кишвар дар сабзишу нумуви истеъдодҳои мазкур нақши муҳим бозидааст. Дар бахши наср низ истеъдодҳои тоза дарёфт шуданд, ки дар курс-конференсияҳои минтақавии дар шаҳрҳои қӯрғонтеппа, қӯлоб, Хоруғ баргузоршуда ба назар намерасид.
ҳикояҳои Одили Нозир, ки дӯстдорони адабиёт бештар ӯро мешиносанд ва Башир Усмон, навиштаҳои Зулолаи Нур баҳои хуб дарёфт намуданд. Роҳбарони маҳфилҳои омӯзишӣ шеърҳои Рустами Аҷамӣ, Муҳриддин Сабурӣ, Шоҳбегими Маликшоҳ, Шаҳриёр Олимӣ, Бузургмеҳри Баҳодур, Бузургмеҳри Тоҷиддин, Бузургмеҳри ҳаким ва дигаронро хубу тоза ва умедбахш арзёбӣ карданд.
Ширкати қаламкашони ҷавон аз ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Файзобод, шаҳри Роғун низ аз рӯиши истеъдодҳои тоза гувоҳӣ медиҳад.
Дар ҷамъбасти курс-конференсияи мазкур муовини аввали Раиси ИНТ Ато Мирхоҷа, М. Аҷамӣ, П. ҳабиб, Д. Раҳмониён, Р. Махсумзод аз кори маҳфилҳои омӯзишӣ натиҷагирӣ намуда, дар маҷмӯъ аз азму талоши ширкаткунандагон ибрози қаноъатмандӣ карданд. Муовини раиси шаҳри Ваҳдат Фарзона Хоҷазод баргузории ин ҷорабиниро дар ҳаёти фарҳангии шаҳр рӯйдоди муҳим хонд.
Иштирокчиёни курс-конфренсияи адибони ҷавони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ бо сохтмонҳои бузурги шаҳри Ваҳдат, аз ҷумла Варзишгоҳи азими он, ки барои 25000 тамошобин сохта мешавад, шинос гардиданд. Шаҳри зебо ва замонавии Ваҳдат ба онҳо тассуроти фаромӯшношуданӣ бахшид.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved