• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Имрӯзҳо кори Комиссияи таҳлилу омӯзиши сатҳи касбӣ ва маҳсули эҷодии аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бамаром ҷараён дорад ва силсилаи тақризҳо ба эҷодиёти аъзои нави Иттифоқ дар ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат" нашр шуда истодаанд. Мо назари чанде аз адибони шинохтаро дар бораи ин тадбир пурсон шудем.

ГУЛРУХСОР:
Мо дар давру замон ва фасли дигаре зиндагӣ ва кору эҷод мекунем. Имрӯз аз ташкилотҳои эҷодии собиқ Иттиҳоди шӯравӣ танҳо мо ва Беларус Иттифоқи нависандагонро дар шакли пешина нигоҳ доштаем. Вақту замон андешаи нав, асарҳои нав ва эҷодкориҳои созандаро талаб мекунад. Чӣ гуна бо чизҳои куҳнаву фарсуда бинои нав метавон сохт:
Ин зиндагӣ иксири дигар мехоҳад,
Ин фалсафа тафсири дигар мехоҳад.
Бо мехи наву хишти куҳан нав нашавад
Ин хона, ки таъмири дигар мехоҳад.
Иттифоқи нависандагон, ки мо ҳаштодсолагияшро ҷашн гирифтем, навгонӣ мехоҳад.
Дар афзудани шумораи аъзои Иттифоқи нависандагон ман худи аъзоро айбдор намекунам. Онҳоеро бояд айбдор донист, ки дидаву дониста барои манфиатҳои ночизу шахсии худ ин созмони муътабари эҷодиро ба "колхоз"-и беобрӯ табдил додаанд.
Баҳорро барои он дӯст медорем, ки бо селобаҳои поксозаш рӯи заминро тоза мекунад ва барои сабзаҳои наврӯ омода месозад.
Мо бисёр мехоҳем, ки насли нави адибони ҷавон ба Иттифоқи нависандагон чун ба як ташкилоти воқеан эҷодӣ ворид шавад.

Саттор ТУРСУН:
-Онҳое, ки аъзои Иттифоқи нависандагон ҳастанд, бояд донанд, ки адабиёт чист. Аз адабиёти ҷаҳон огоҳ буданашон зарур аст. Аслан ба худи инсон вобаста аст, ки то чӣ ҳад масъулият эҳсос мекунад. Мутаассифона, мебинем, ки баъзе аъзои Иттифоқ умуман масъулиятшинос нестанд, ба адабиёт муносибати сарсарӣ доранд, адабиёти ҷаҳонро намехонанд, дар баъзе мавридҳо ҳатто бесаводанд. Нависандагоне ҳастанд, ки ҳатто ҷумлаи дуруст навишта наметавонанд, аз донишҳои замон огоҳ нестанд. Охир инсоф ҳам лозим будагист.

Ӯрун КӮҲЗОД:
-Ин корро аслан бист сол пеш кардан даркор буд. Вақте ки мо эрод мегирифтем, ки шумо чаро дару дарвозаҳоро кушода мондед, мегуфтанд, ки чӣ бадӣ дорад. Мегуфтанд, ки агар аъзо бисёр шавад, ба манфиати кор аст, онҳо метавонанд мардумро китобхон кунанд. Ана ҳамин хел гап буд. Мегуфтем, ки рафиқон, охир ин ҷо Иттифоқи касаба нест, ки ҳамаро роҳ диҳед. Дар ҷавоб мегуфтанд, ки ҳар қадар бисёр бошад, ҳамон қадар хуб аст, адабиёт пеш меравад. Яъне ин кор аз решааш хато буд. Санҷишро ҳатман ва бисёр ҳалол гузарондан даркор. Комиссияи қабул ва мудирони шуъбаҳои Иттифоқ бояд ҳалол кор кунанд.

Мансур СУРУШ:
Солҳои пеш шумораи аъзои Иттифоқи нависандагон бамаротиб кам буд, вале халқ аксарияти онҳоро якояк мешинохт, асарҳояшонро мехонд, қадршиносӣ мекард. Ҳоло бошад, дар байни аъзои куҳантарин ва бонуфузтарин созмони эҷодӣ нафароне зиёданд, ки доираи васеъи хонандагон он тараф истад, худи нависандагон онҳоро намешиносанд. Баъзе аз онон ҷилд-ҷилд китоб бо муқоваҳои муҷаллову мунаққаш чоп кардаанд, ки ҳатто классикон орзу надоштанд. Аммо маълум мешавад, ки теъдоди осор билкул маънои сатҳи баланди адабиро надорад. Адибаи амрикоӣ Маргарет Митчелл дар 49 соли ҳаёти худ ҳамагӣ як романи таърихӣ - "Бодбурдагон" ("Унесённые ветром")-ро эҷод намудааст, ки дар ҷаҳон машҳур гардид ва беш аз ҳафтод бор бо забонҳои гуногун бознашр шуд.
Иқдоми шӯроҳои назм, наср, нақди адабӣ ва очерку публитсистикаи Иттифоқи нависандагон ҷиҳати шинохти воқеии сатҳу савияи осори адибони навбаромад, ки чун замбурӯғҳои баъди борон афзоиш ёфтаанд, ривоятеро аз устураҳои Юнони қадим ба ёд меорад. Шоҳ Авгий саисхонаи азиме доштааст, ки бо мурури вақт пур аз ахлот мешаваду мегандад, аммо ба тоза кардани он зӯри касе намерасад. Он гоҳ шоҳ ин корро ба зиммаи Ҳеракл вомегузорад. Ӯ қувваи ялонаи худ маҷрои ду дарёро гардонда, саисхонаро пок месозад ва ин амал дар қатори 12 корнамоии паҳлавони афсонавӣ зикр мешавад.
Иқдоми раҳбарияти Иттифоқи нависандагон, бегумон, ба манфиати худи адибон аст, зеро онҳоро водор месозад, ки ба эҷодиёти хеш бо диди интиқодӣ ва бо масъулияти баланд назар кунанд. Ин талаботест, ки аз ҳидоятҳои Роҳбари давлатамон дар мулоқотҳои анъанавӣ бо зиёиёни кишвар, аз ҷумла, Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз бармеоянд.

Абдухолиқ НАБАВӢ:
-Санҷидани сатҳу сифати эҷодиёти аъзои Иттифоқи нависандагон кори ҳатмист. Агар дар ҳамин кор риоя нашудани қоида, барнома ва оийнномаи Иттифоқ мушоҳида шуда бошад, ин корро кардан лозим. Воқеан барои баланд шудани сифати адабиёт талошу мубориза бурдан лозим, ҳарчанд ки Иттифоқи эҷодии мо озод аст. Ман фикр мекунам, аз он ҷо, ки воқеан шумораи аъзои Иттифоқ хеле зиёд шудааст, дар ин ҷараён, албатта, камбуд ҳаст. Шояд одамони тасодуфӣ аъзои Иттифоқ шудаанд. Бино бар ин, ман тарафдори ин кор ҳастам. Фақат ин бояд дараҷаи охири кор бошад. Аввал бояд ки тарбия кунем. Шояд тавонем онҳоро ҷамъ оварем ва коре кунем, ки ҳунару истеъдодашон ба ҳисоб гирифта шавад.
Мутаассифона, имрӯз масъалаи нашри асар хеле озод шудааст. Ҳар касе чизе хоҳад, чоп мекунад. Минбаъд масъалаи ба узвияти Иттифоқи нависандагон қабул кардан бисёр ҷиддӣ бояд гирифта шавад ва ба ин васила сатҳи адабиёт боло бояд бурда шавад, то ҳар адиб масъулият эҳсос кунад ва бидонад, ки узви Иттифоқи нависандагон шудан кори содаву осон нест. Бо ҷавонон бояд кор барем, талаботамон аз онҳо сахт бошад, курс-конференсияҳо ташкил кунем. Бигзор мунаққидон ва адибони баркамоламон дар ин ҷараён иштирок кунанд, то Иттифоқи ҳунарию адабии ҷиддӣ дошта бошем.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved