• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

ДАР ХУҶАНД  МАШВАРАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ АДИБОНИ ҶАВОН ОҒОЗ ГАРДИД

04

Машварати омӯзишии ҷумҳуриявии адибони ҷавон субҳи сеюми октябри соли равон дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд шурӯъ гардид. Дар рафти маросими кушодашавии машварат муовини раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо ва адибони шинохта Гулназар, Аскар Ҳаким, Камол Насрулло, Низом Қосим, Фарзона, Атахон Сайфуллоев, Аҳмадҷони Раҳматзод, Ато Мирхоҷа, Парда Ҳабиб, Акбари Абдулло ва дигарон иштироку суханронӣ намуданд.


Котиби масъули шуъбаи суғдии ИН Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро барои ширкат дар машварат шодбош гуфт. Мавсуф дар идомаи суҳбати худ иброз дошт, ки имрӯз дар толори бошукӯҳи устод Рӯдакӣ бо ҳидояту дастгириҳои Пешвои миллат ва ташаббуси бевоситаи ИНТ Машварати омӯзишии адибони ҷавон ба фаъолият шурӯъ карда истодааст, ки ин иқдом пеш аз ҳама аз сулҳу субот ва ҳамдиливу баҳамоии адибони ҷавон аз тамоми манотиқи кишвар ва ривоҷу равнақи фарҳангу адабиёт дарак медиҳад. Умедворем, ки аз миёни ҷавонони эҷодкор нахлҳои сарсабзи боғи адабиёт нашъунамо меёбанд.
Муовини раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо дар маърӯзаи худ аз вазъи фарҳангу адабиёт ва таваҷҷуҳи бевоситаи Роҳбари давлат ёдовар шуда, муҳимтарин дастовардҳои соҳаи адабиёту фарҳангро дар замони истиқлол зикр кард. Дар баробари ин номбурда роҷеъ ба вазъи доираи адабии Хуҷанд сухан ронда, як қатор китобҳои интишоршудаи илмиву адабӣ ва бахусус маҷмӯаҳои шеърию насрии адибони ҷавони вилояти Суғдро аз дастовардҳои ин соҳа донист.
Раиси ИН Тоҷикистон Низом Қосим миннатдории худро ба ширкаткунандагони машварат ва ҷонибдорони шеъру адаб расонида, аз дастовардҳои беназири адабиёти муосир дар солҳои охир ва ташаббусҳои ИН Тоҷикистон дар ин ҷода ёдовар шуд. Дар иртибот ба эҷоди ҷавонон ва моҳияти машварати мазкур мавсуф гуфт, итминон дорем, ки Машварати мазкур барои қаробати инсониву эҷодии адибони ҷавон, муҳаббати бештари онҳо ба халқу ватан ва ҷӯшу хурӯши илҳоми онҳо мусоидат мекунад. -Давлату Ҳукумати мамлакат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хос дорад, аз ҷумла, ба ҷавонони эҷодкор, - афзуд ӯ, - баргузории машваратҳои вилоятӣ ва ноҳиявии адибони ҷавон низ ҷузъи ҳамин ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ ба ояндаи неки адибони ҷавонон аст. Ҳадафи асосии машваратҳои шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ маҳз ҳамин дарёфти истеъдодҳои тозаи адабиётамон аст. Дар рафти ин машварати омӯзишӣ кӯшиш менамоем, ки ба омӯзиши осори адибони навроҳ ҷиддӣ машғул шавем ва истеъдодҳои воқеиро ба роҳи адабиёти асил сафарбар намоему роҳнамоӣ кунем.
Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона низ дар ҷараёни чорабинӣ оид ба тарбия намудани ҷавонон дар роҳи дурусту ҳадафраси адабиёт суханронӣ намуд. Номбурда аз ҷумла гуфт, ки ҷавонони мо ҳамеша бояд барои бани башар, барои миллати худ, барои ватани худ ҳарфи гуфтание дошта бошанд, беҳтарин сурудаҳои ҷони худро ба онҳо тақдим намоянд.
-Ин машварат барои шумо, ҷавонони азизу саодатманд, як паёми хубест. Шумо ин ҷо пеш аз ҳама бо ҳам дӯстӣ пайдо мекунед, аз меҳру муҳаббати саршори устодон баҳра мегиред ва ба дунёи шеър ворид мешавед, - рӯ овард ба ҷавонон шоираи машҳур.
Инчунин профессор Атахон Сайфуллоев андешаҳои худро нисбат ба вазъи осори бадеӣ, бахусус насри ҷавонон иброз дошта, дастгирии онҳоро кори хайр барои ояндаи адабиёт донист.

Аз ҷараёни Машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон дар шумораи оянда гузориши муфассал нашр хоҳад шуд.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved